Ru  | Tj
Баргузории нахустин анҷумани байнулмилалии марбут ба ҷойгоҳи Садриддин Айнӣ дар Самарқанд
Баргузории нахустин анҷумани байнулмилалии марбут ба ҷойгоҳи Садриддин Айнӣ дар Самарқанд

Баргузории нахустин анҷумани байнулмилалии марбут ба ҷойгоҳи Садриддин Айнӣ дар Самарқанд

Нашр шуд

Нахустин анҷумани байнулмилалии илмиву амалии “Мероси илмиву адабии Садриддин Айнӣ” рӯзи 15-уми апрел дар шаҳри Самарқанд, дар Хона-музейи устод Айнӣ баргузор мегардад. Забони кори анҷуман тоҷикӣ, узбекӣ ва русӣ мебошад.

Ба қавли дастандаркорон, дар ин анҷумани илмӣ маҳорати адабии устод Садриддин Айнӣ; устод Айнӣ ҳамчун шоири навовар ва навпардоз; мавқеъи жанри мукотиба дар осори адабии Садриддин Айнӣ; робита ва ҳамкориҳои Садриддин Айнӣ бо рӯшанфикрони ҳамзамон; таҳқиқи рӯзгор ва осори классикони форсу тоҷик аз ҷониби устод Айнӣ ва омӯзиши осори Садриддин Айнӣ дар адабиёти ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Барои ширкат донишпажӯҳону муҳаққиқон фурсат доранд то 27-уми март дархост ва мақолаҳои худро ба роёнишонии sirojiddinxodjaqulov1976@gmail.com ирсол кунанд.

Маърузаҳои фиристодашуда пеш аз оғози анҷумани илмӣ ба шакли маҷмуъаи алоҳида ба нашр мерасад.

Анҷумани илмӣ барои ширкати фосилаии ширкаткунандагон бо баҳрагирӣ аз барномаи Zoom имкон фароҳам меоварад. Харҷи роҳ аз ҳисоби худи ширкаткунандагон аст.

Гуфтанист, ки Нахустин анҷумани байнулмилалии илмиву амалии “Мероси илмиву адабии Садриддин Айнӣ” аз сӯйи Музей-мамнуъгоҳи давлатии “Самарқанд” сурат мегирад.

Муаллиф

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед