Ru  | Tj
Барои дохил шудан ба мактабҳои олии Русия чӣ бояд кард?
Барои дохил шудан ба мактабҳои олии Русия чӣ бояд кард?
Акс: pixabay.com

Барои дохил шудан ба мактабҳои олии Русия чӣ бояд кард?

Нашр шуд

Довталабони Тоҷикистонро бо санҷишҳо барои дохилшавӣ ба макотиби олии Федератсияи Россия ошно карданд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳиши таҳсил кардан дар донишгоҳҳои ин кишварро доранд, бояд санҷиши интихобӣ (тест ва суҳбат) супоранд.

Довталабони зинаҳои магистратура, ординатура ва аспирантура пас аз ба охир расидани давраи сабтином (20 феврал) ба суҳбат даъват карда мешаванд.

Барои ширкат дар озмуни қабули довталабон боиста аст, ки пурсишномаро дар пойгоҳи иттилоотӣ пур кард.

Барои довталабоне, ки ба зинаҳои бакалавриат ва тахассусӣ ҳуҷҷат месупоранд, супоридани имтиҳон аз ду фан пешбинӣ шудааст. Феҳристи санҷишҳо аз рӯйи самтҳои омодагӣ аз ҷониби Хонаи Руcия дар Душанбе нашр карда шудааст. Ҳамин тариқ, супоридани тест низ пас аз анҷоми сабтином, ки то 20 феврал дар пойгоҳи education-in-russia.com. давом меёбад, сурат мегирад

Қобили зикр аст, ки аз як довталаб танҳо як ариза қабул карда мешавад. Дар сурати пешниҳоди 2 дархост ҳардуи онҳо бекор карда мешаванд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед