Ru  | Tj
Дар Душанбе ҳамоиши «Рӯзноманигори муосир. Ин ҳирфа чӣ медиҳад?» баргузор мегардад
Дар Душанбе ҳамоиши «Рӯзноманигори муосир. Ин ҳирфа чӣ медиҳад?» баргузор мегардад
Акс: Баргузоркунандагони ҳамоиш

Дар Душанбе ҳамоиши «Рӯзноманигори муосир. Ин ҳирфа чӣ медиҳад?» баргузор мегардад

Нашр шуд

Дар дафтари Маркази фарҳангии «Русское пространство»-и шаҳри Душанбе ҳамоиши «Рӯзноманигори русӣ. Ин ҳирфа чӣ медиҳад?» сурат мегирад. Дар ҳамоши мазкур муовини мудири Саридораи иттилооти гурӯҳи расонаҳои байналмилалии «Россия сегодня» Виктория Поликарпова ва ходими калони илмии Маркази таҳқиқоти пасошӯравии Пажӯҳишгоҳи миллии иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва равобити байналмилалии Фарҳангистони илмҳои Русия Станислав Притчин дар бораи масъалаҳои мубрам, ки рӯзноманигори касбӣ онҳоро бояд донад, суханронӣ хоҳанд кард.

Ҳамоиши мазкур 12 апрели соли равон, аз соати 10:00 то 18:00 дар дафтари Маркази фарҳангии «Русское пространство» дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон доир мегардад. Иштирокдорони семинар бо рӯзноманигорони таҷрибадори Русия шинос шуда, таҷрибаи касбии худро мубодила хоҳанд кард.

Баргузоркунандагони ҳамоиш иброз медоранд, ки «иқдоми мазкур ба рушди минбаъдаи ҳамкории коршиносон ва ҷавонон такон бахшида, ҷомеаи рӯзноманигориро ба баррасии мушкилоти доғи ин соҳаи муосир ҷалб мекунад».

Барои иштирок донишҷӯёну рӯзноманигорони навкор ва таҷрибадор даъват карда мешаванд, ки қабл аз ҳама бояд худро сабтином намоянд.

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед