Ru  | Tj
Дар Душанбе ҳамоиши «Таҳсили онлайнии русӣ: роҳхат ба ҷаҳони ҳирфаӣ» доир мегардад
Дар Душанбе ҳамоиши  «Таҳсили онлайнии русӣ: роҳхат ба ҷаҳони ҳирфаӣ» доир мегардад
Акс: Маркази иттилоотӣ-таҳлилии Донишгоҳи давлатии Маскав

Дар Душанбе ҳамоиши «Таҳсили онлайнии русӣ: роҳхат ба ҷаҳони ҳирфаӣ» доир мегардад

Нашр шуд

Дар Маркази фарҳангии «Русское пространство» рӯзи 10-уми апрел бо иштироки намояндагони ширкатҳои русӣ ҳамоиши «Омӯзиши онлайнии русӣ: роҳхат ба ҷаҳони ҳирфаӣ» баргузор мегардад. Гуфта мешавад, ки ҳадафи баргузории он шинос намудани иштирокдорон бо роҳҳои дарёфти омӯзиши муосир бо истифода аз дастгоҳи ҳушманд ва роёна мебошад.

Барои иштирок дар ҳамоиши мазкур донишҷӯёну мутахассисони ҷавон имкон доранд худро сабтином намоянд.

Ба иттилои масъулини Маркази иттилоотӣ-таҳлилии омӯзиши равандҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ, дар ин ҳамоиш намояндагони ширкати «Skillboks» суханронӣ хоҳанд кард. Қарор аст намояндагони ширкати русӣ дар қолаби муаррифиҳои ғайрирасмӣ дар мавриди тахассусҳои ҷолибтарин ва пурхаридортарине суҳбат намоянд, ки имкони фарогирии онҳо дар платформаи курсҳои онлайнӣ мавҷуд аст. Афзун бар ин дар ин ҳамоиш бурди гувоҳиномаҳо барои омӯзиши ройгон дар платформаи «Skillboks» доир гардида, барои иштирокдорони ҳамоиш таҳсил дар барномаҳо тахфиф мегардад.

Муаллиф

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед