Ru  | Tj
Дар Душанбе Мактаби рӯзноманигорон ва вебнависони ҷавон ба кори худ шурӯъ кард
Дар Душанбе Мактаби рӯзноманигорон ва вебнависони ҷавон ба кори худ шурӯъ кард
Акс: Маркази русӣ дар шаҳри Душанбе

Дар Душанбе Мактаби рӯзноманигорон ва вебнависони ҷавон ба кори худ шурӯъ кард

Нашр шуд

Маркази русӣ дар шаҳри Душанбе қабули хоҳишмандонро ба мавсими баҳории Мактаби рӯзноманигорон ва вебнависони ҷавон эълон намуд.

Тибқи иттилои созмондиҳандони мактаби мазкур, ширкат дар давраи омӯзишӣ ройгон мебошад.

Гуфта мешавад, ки дар ин мактаб вижагиҳои кор бо матн, озодона ҳарф задан дар рӯбарӯи дурбин, суханронии фасеҳ ва саволгузории дуруст зимни мусоҳиба омӯзонида мешавад.

Хоҳишмандон метавонанд бо ирсоли пурсишнома ба роёнишонии leisantv@yandex.ru худро сабтином намоянд. Дар дархост дарҷ кардани маълумоти пурра, аз ҷумла ному насаб, синнусол, макони таҳсил, рақами телефон ва ихтисоси интихобкарда боиста аст.

Гуфтанист, омӯзиш барои донишомӯзон ва донишҷӯёни аз 13 то 20-сола пешбинӣ шуда, ҳафтае ду маротиба бо забони русӣ соати 17:00 дар бинои Маркази русӣ дар шаҳри Душанбе сурат мегирад.


Муаллиф

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед