Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон олимпиадаи физикаву риёзиёти ПТЭМ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон олимпиадаи физикаву риёзиёти ПТЭМ баргузор мегардад
Акс: Маркази русии шаҳри Душанбе

Дар Тоҷикистон олимпиадаи физикаву риёзиёти ПТЭМ баргузор мегардад

Нашр шуд

Дар Маркази русии шаҳри Душанбе олимпиадаи физикаву риёзиёт (математика)-и Пажӯҳишкадаи техникаи электронии Маскав баргузор мегардад, ки дар он донишомӯзони синфҳои 10 ва 11, донишҷӯёни коллеҷу литсейҳои техникӣ метавонанд ширкат варзанд. Дар ин замина зарур аст, ки довталабон сабтином шаванд.

Зикр мегардад, ки тамоми холҳои бадастовардаи ғолибон ва ҷоизадорон ҳангоми дохил шудан ба Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Пажӯҳишкадаи техникаи электронии Маскав» ба инобат гирифта мешаванд. Илова бар ин онҳо барои ширкат дар даври ниҳоии олимпиадаи «Физтех» низ роҳ меёбанд.

Барои иштирокдорон ду бахш омода карда шудааст. Бахши якум «Риёзиёт» дар таърихи 26-уми январ соати 15:00 ва бахши дувум «Физика» рӯзи 27-уми январ соати 15:00 баргузор мегардад. Қобили зикр аст, ки хоҳишмандон метавонанд якбора ду бахшро интихоб кунанд.

Ёдовар мешавем, ки Маркази русӣ дар шаҳри Душанбе дар кӯчаи академикҳо Раҷабовҳо, гузаргоҳи 1, хонаи 9/1 ҷойгир аст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед