Ru  | Tj
Даъват барои ширкат дар донишозмоии байнулмилалӣ
Даъват барои ширкат дар донишозмоии байнулмилалӣ
Акс: Донишгоҳи давлатии фаннии Уляновск

Даъват барои ширкат дар донишозмоии байнулмилалӣ

Нашр шуд

Донишгоҳи давлатии фаннии Уляновск довталабонро барои ширкат дар озмуни донишозмоӣ даъват мекунад. Дар ин бора вебгоҳи намояндагии созмони "Россотрудничество" дар Тоҷикистон иттилоъ дод.
 
Гуфта мешавад, ки қабули санадҳо барои донишозмоии байнулмилалии донишҷӯён таҳти унвони “Ман дар Уляновск таҳсил мекунам” оғоз шуд.
Олимпиада аз рӯйи ду бахши муҳандисиву фаннӣ ва иҷтимоъиву иқтисодӣ баргузор мешавад.
 
Барои иштирок дар донишозмоии мазкур довталабон бояд то 26-уми феврал сабтином карда, саҳфаи шахсӣ боз карда, бахши мавриди назари худро интихоб кунанд.
 
Дар идома таъкид мешавад, ки барандагони донишозмоӣ метавонанд дар чаҳорчӯби саҳмияҳои ҳукумати Русия барои соли таҳсили 2024-2025 дар зинаи магистратураи Донишгоҳи давлатии фаннии Уляновск таҳсил кунанд.изменено 17:00


halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед