Ru  | Tj
Даъвати овозхонҳо барои ширкат дар ҷашнвораи “Роҳи Ялта”
Даъвати овозхонҳо барои ширкат дар ҷашнвораи “Роҳи Ялта”
Акс: “РИА Новостӣ”

Даъвати овозхонҳо барои ширкат дар ҷашнвораи “Роҳи Ялта”

Нашр шуд

Овозхонҳои Тоҷикистон ба ҷашнвораи байнулмилалии “Роҳи Ялта”, ки ба ифтихори Рӯзи ғалаба аз 28-уми апрел то 1-уми май дар шаҳри Маскави Русия баргузор мегардад, даъват мешаванд.

Довталабон метавонанд ба забони модарии худ оҳангҳои ҷангӣ иҷро карда, ҷоизаҳои пулӣ дастрас кунанд. Ба гуфтаи дастандаркорон, ҷоиза барои мақоми аввал – 2 милён, барои мақоми дувум – 1,5 милён ва барои мақоми севум 1 милён рубл аст.

Барои иштирок бояд намунаи муқарраргардидаро пур ва то 29-уми феврал аз тариқи пайванд сабти видеоии иҷрои оҳанги худро ирсол кард.

Гуфтанист, ки баргузоркунандагон тамоми ҳазинаи созмонӣ, аз ҷумла ҳамлунақл, хӯрок ва иқоматро пардохт мекунанд.

Бояд гуфт, ки ҷашнвора бо пуштибонии Сандуқи раёсатҷумҳурӣ барои ибтикороти фарҳангӣ, маъмурияти раёсатҷумҳурии Русия ва ҳамчунин ҳукумати Ҷумҳурии Қрим баргузор мешавад. Аз соли 2019 то соли 2023 баррасӣ дар Ялта баргузор шуд.

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед