Ru  | Tj
«Диктанти умумӣ». Иқдоми байналмилалӣ барои забономӯзон
«Диктанти умумӣ». Иқдоми байналмилалӣ барои забономӯзон
Акс: TVKRASNODAR

«Диктанти умумӣ». Иқдоми байналмилалӣ барои забономӯзон

Нашр шуд

Тоҷикистониён имкони иштирок дар иқдоми омӯзишии байналмилалии «Диктанти умумӣ, ки 8-уми апрели соли равон баргузор мегардад, доранд. Ба гуфтаи дастандаркорони ин иқдом, сабтиноми хоҳишмандон аз 29-уми март шурӯъ мегардад.

Бино ба иттилои Маркази русӣ, муаллифи диктанти имсола нависанда ва рӯзноманигор Василий Авченко интихоб шудааст. Гуфта мешавад, ки диктантро метавон тариқи фосилавӣ навишт. Дар баробари ин барои минтақаҳои гуногуни ҷаҳон матни алоҳида омода карда шудааст.

Гуфтанист, иқдоми байналмилалӣ ҳамасола беш аз 123 кишвари ҷаҳонро фаро мегирад. Ин иқдом бо мақсади эҷоди майл барои омӯзиши забони русӣ, баланд бардоштани сатҳи саводнокии гӯишварони забон ва шахсоне, ки забони русиро ҳамчун хориҷӣ ва ғайримодарӣ меомӯзанд, амалӣ карда мешавад.

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед