Ru  | Tj
Донишгоҳи олии иқтисодӣ довталабони тоҷикистониро барои таҳсил даъват менамояд
Донишгоҳи олии иқтисодӣ довталабони тоҷикистониро барои таҳсил даъват менамояд
Акс: Донишгоҳи олии иқтисодии Русия

Донишгоҳи олии иқтисодӣ довталабони тоҷикистониро барои таҳсил даъват менамояд

Нашр шуд

Аз 10 то 12-уми феврал дар шаҳри Душанбе имтиҳонҳои интихобӣ барои дохил шудан ба Донишгоҳи олии иқтисодии Русия сурат мегирад.

Довталабон имкон доранд тайи ин фурсат бо намояндагони донишгоҳ ошноӣ пайдо карда, аз роҳнамоии ҳирфаӣ (профориентатсия) бархурдор гарданд ва ба суолҳои худ вобаста ба раванди дохилшавӣ, таҳсилу ҳаёти донишҷӯён дар Донишгоҳи олии иқтисодии Русия посух дарёбанд.

Барои иштирок дар имтиҳонҳои дохилшавӣ шуморо лозим аст, ки дар утоқии шахсии довталаби хориҷӣ худро сабтином карда, дархост барои таҳсил дар ин донишгоҳро ба нишонии https://asav.hse.ru/applyba.html#signin ирсол намоед. 

Довталабон метавонанд бо ҷадвали имтиҳонҳо дар пайванди https://admissions.hse.ru/undergraduate-apply/schedule#pagetop (бахши «Ҷадвали имтиҳонҳои интихоботии рӯзона») шинос шаванд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед