Ru  | Tj
Донишкадаи ба номи А.С. Пушкин толибилмони хориҷиро ба озмуни забони русӣ даъват мекунад
Донишкадаи ба номи А.С. Пушкин толибилмони хориҷиро ба озмуни забони русӣ даъват мекунад
Аксҳо: Аз Интернет

Донишкадаи ба номи А.С. Пушкин толибилмони хориҷиро ба озмуни забони русӣ даъват мекунад

Нашр шуд

Донишкадаи давлатии забони русии ба номи А.С. Пушкин олимпиадаи байналмилалӣ миёни толибилмони кишварҳои хориҷиро баргузор мекунад. 

Ташкилкунандагон:

Донишкадаи давлатии забони русии ба номи А.С. Пушкин дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи байналмилалии омӯзгорони забон ва дабаиёти рус;

Ин чорабинӣ бо дастгирии Агентии федералӣ оид ба ҳамкориҳои кишварҳои аъзои  ИДМ, кӯмаки башардӯстонаи байналмилалӣ (Россотрудничество), инчунин бо мусоидати Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия баргузор карда мешавад.

Киҳо метавонанд иштирок кунанд?

- хонандагони синфҳои болоии мактабҳои хориҷӣ, ки дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ аз фанни забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ ғолиб омадаанд;

- хонандагони синфҳои болоии мактабҳои хориҷӣ, ки дар онҳо таҳсил ба забони русӣ сурат мегирад;

- иштирокчиёни алоҳида;

Барои ҳар яке аз ин қисматҳо  самти рақобати алоҳида ҷудо карда мешавад.

Шахсоне, ки шаҳрвандии Федератсияи Русияро доранд ё барои гирифтани он ариза додаанд, дар олимпиада иштирок карда наметавонанд.

Чӣ тавр дар оилмпидаи мазкур иштирок кардан мумкин аст? 

Хонандагоне, ки дар ин олимпиада хоҳиши иштирок кардан доранд, метавонанд дар сомонаи мазкур худро ба қайд гирифта, анкетаи барои иштирокчиёнро пур кунанд. Пас аз ин, шумо ба утоқи инфиродии худ дар сомона роҳ пайдо мекунед ва тариқи он супоришҳое барои иҷро ба шумо фиристонида мешаванд.

Марҳилаҳои озмун                 

- бақайдгирии иштирокчиён то 31-уми январи соли 2022 идома мекунад;

- Сипас, марҳилаи интихобӣ баргузор мешавад, ки аз рӯи натиҷаи он 10-уми феврал иштирокчиён барои ширкат дар даври нимфиналӣ интихоб карда мешаванд,

- марҳилаи нимниҳоӣ то 1-уми март давом мекунад;

-марҳилаи ниҳоии олимпидаи 20-уми март баргузор мегардад;

Ҳамаи марҳилаҳои олимпиада дар шакли онлайн гузаронида мешаванд.

Намунаҳои супоришҳоро дар сомонаи олимпиада дидан мумкин аст.

Тартиби гузаронидани олимпиада

Корҳои иштирокчиён аз ҷониби аъзоёни ҳакамон санҷида шуда, аз рӯи натиҷаҳо рейтинги иштирокчиён тартиб дода мешавад, ки онро дар сомонаи олимпида дидан мумкин аст.

Супориши ниҳоӣ танҳо ба иштирокчиёне дода мешавад, ки холҳои гузариши муқарраршударо ба даст овардаанд. Шумораи иштирокчиён барои даври ниҳоӣ на бояд аз 150 нафар кам бошад. Аз рӯи натиҷаи ниҳоӣ ғолибон дар се самт муайян карда мешаванд. Ба онҳо дипломҳо дар шакли электронӣ, ки бо имзои раиси кумитаи тадорукоти олимпиада тасдиқ шудаанд, тақдим мегардад. Бо ба даст овардани дипломи мазкур иштирокчиён ҳуқуқи ба таври буҷавӣ таҳсил карданро дар Донишкадаи давлатии забони русии ба номи А. С. Пушкин ё дар дигар донишгоҳҳои Федератсияи Русия дар риштаи илмҳои гуманитарӣ ва ё забоншиносӣ пайдо мекунанд. 


Донишгоҳи давлатии Вятка курсҳои фосилавии омӯзиши забони русиро барои ҷавонон ба роҳ мемонад




halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед