Ru  | Tj
Донишомӯзон ба мактаби байнулмилалии муҳандисӣ даъват мешаванд
Донишомӯзон ба мактаби байнулмилалии муҳандисӣ даъват мешаванд
Акс: аз манбаъҳои боз

Донишомӯзон ба мактаби байнулмилалии муҳандисӣ даъват мешаванд

Нашр шуд

Донишомӯзони синфҳои 10-11 аз Тоҷикистон ба мактаби байнулмилалии муҳандисии вобастаи Донишгоҳи миллии таҳқиқотии “Донишсарои фанноварии электронии Маскав” даъват карда мешаванд.

Ҳадафи ин донишгоҳ густариши дониш дар заминаи риёзиёт, физик, кимиё, информатика ва забони русӣ, ҳамчунин омодагӣ барои қабул ба озмунҳои дохилшавӣ ба Донишгоҳи миллии таҳқиқотии Донишсарои фанноварии электронии Маскав аст", - гуфтанд дар донишгоҳ.

Донишомӯзонро давраҳои омӯзишии фарогир аз фанҳои риёзиёт, физик, кимиё, информатика ва забони русӣ, давраҳои омӯзишҳои ҳирфаимеҳвар, дарсҳои устоду шогирд дар заминаи тавсеъаи «soft skills», ҳамчунин гаштугузор аз Зеленоград ва Маскав дар интизор аст.

 Гуфтанист, ки ҳазинаи иқомат ва ғизо аз сӯйи дастандаркорон пардохт мешавад, ширкаткунандагон фақат бояд билети Маскавро харид кунанд.

Барои ширкат бояд дар вебгоҳ сабтином кард.

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед