Ru  | Tj
Донишомӯзони тоҷик барои ширкат дар озмуни байналмилалии «Дипломатия барои сулҳ» даъват мешаванд
Донишомӯзони тоҷик барои ширкат дар озмуни байналмилалии «Дипломатия барои сулҳ» даъват мешаванд
Акс: Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе

Донишомӯзони тоҷик барои ширкат дар озмуни байналмилалии «Дипломатия барои сулҳ» даъват мешаванд

Нашр шуд

Ба ифтихори Рӯзи кормандони хидмати дипломатӣ, ки ҳамасола дар Русия рӯзи 10-уми феврал ҷашн гирифта мешавад, озмуни VIII байналмилалии иншои «Дипломатия барои сулҳ» баргузор мегардад.

Дар озмун донишомӯзони синфҳои 10-11 ва донишҷӯёни коллеҷу омӯзишгоҳҳои касбӣ метавонанд донишозмоӣ кунанд. Довталабони озмун бояд дар яке аз мавзӯъҳои пешниҳодшуда иншо навишта, то рӯзи 28-уми феврал ба роёнишонии kmk687911@yandex.ru равон намоянд.

Тибқи иттилои созмондиҳандагон, ҳадафи аслии озмун – пуштибонӣ ва густариши забони русӣ дар хориҷ аз Русия, тавсеъаи ҳамкории байналмилалии ҷавонон ва дастгири донишомӯзон аз кишварҳои узви ИДМ мебошад.

Қобили зикр аст, ки озмуни мазкур аз сӯйи Пажӯҳишгоҳи миллии фарҳангиву иртибототи байнифарҳангии Донишгоҳи давлатии Марий ва Вазорати корҳои хориҷии Русия дар Йош-Ола баргузор мегардад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед