Ru  | Tj
Донишозмоии байнулмилалии зистмуҳитии ИДМ донишҷӯёни тоҷикро фаро мехонад
Донишозмоии байнулмилалии зистмуҳитии ИДМ донишҷӯёни тоҷикро фаро мехонад
Акс: pixabay.com

Донишозмоии байнулмилалии зистмуҳитии ИДМ донишҷӯёни тоҷикро фаро мехонад

Нашр шуд

Сездаҳумин донишозмоии байнулмилалии зистмуҳитии донишгоҳҳои кишварҳои Иттиҳодияи давлатҳои мустақил аз 14 то 26-уми апрел дар Белорус баргузор мешавад. Озмуни мазкур дар Донишсарои байнулмилалии зистмуҳитии Сахарови Донишгоҳи давлатии Белорус сурат мегирад.

Барои ширкат дар ин озмун донишҷӯёни донишгоҳҳои кишварҳои узви ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон даъват мешаванд. Дархости худро метавон то 11-уми феврал ба вебгоҳи расмӣ ирсол кард.

Ба қавли дастандаркорон, «ин донишозмоӣ бо ҳадафи баланд бардоштани сифати омӯзиши мутахассисони соҳибихтисос, баланд бурдани таваҷҷуҳи донишомӯзон ба фаъолияти омӯзишӣ ва пажӯҳишӣ, пуштибонӣ аз ҷавонони шоиста ва эҷоди неруҳои инсонӣ дар ҳавзаи зистмуҳитӣ баргузор мешавад. Ин аҳдоф ҳамчунин шомили ташдиди ҳамкориҳои байнулмилалӣ аст”.

Гуфтанист, ки олимпиадаи зистмуҳитӣ аз соли 2007 баргузор мешавад. Дар тӯли солҳо дар донишгоҳҳои Белорус, Укроин, Русия ва Қазоқистон озмунҳо сурат гирифтаанд.

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед