Ru  | Tj
Фарохони аввалин озмуни байнулмилалии адибони форсизабон
Фарохони аввалин озмуни байнулмилалии адибони форсизабон
Акс: аз манбаъҳои боз

Фарохони аввалин озмуни байнулмилалии адибони форсизабон

Нашр шуд

Бунёди “Шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд” ва “Муассисаи фарҳангии дурри дарӣ” таҳти унвони “Порсӣ ватан аст” аввалин озмуни байнулмилалиро байни шоирон ва нависандагони Афғонистон, Тоҷикистон ва Эрон баргузор мекунанд.

Озмун дар бахшҳои шеър (суннатӣ ва озод), қисса, ҳикоя ва мақола сурат мегирад. Мавзуъи бахши шеър ва ҳикоя забони форсӣ ва пайванди миллатҳову қавмҳо, нақши забони форсӣ дар иртиқои тафаккур ва фарҳанги башарӣ, нақши забони форсӣ дар густариши меҳрварзӣ, ахлоқ, фарҳанг ва сулҳу шикебоӣ мебошад.

Мавзуъи бахши мақоларо хостгоҳи забони форсӣ, густараи ҷуғрофиёи забони форсӣ қабл аз Ислом, қабзу басти забони форсӣ дар давраи исломӣ, нақши Сомониён дар густариши забони форсӣ, давраи Ғазнавиён ва рушди адабиёти форсӣ, форсӣ ва дунёи Ғарб, роҳбурдҳои ҳамгироии форсизабонон, нақши забони форсӣ дар иттиҳоди миллатҳо, нақши забони форсӣ дар тамаддуни исломӣ, ояндаи забони форсӣ, зарфиятшиносии забони форсӣ дар иттиҳоди минтақаӣ, роҳбурдҳо ва роҳкорҳои тавсеаи забони форсӣ дар дунёи диҷитол, арзиш ва аҳамияти забони форсӣ, рафтори ҳукуматҳо нисбат ба забони форсӣ дар Хуросон (Афғонистон), вижагиҳои боризи забони форсӣ, осебшиносии забоншинохтии забони форсӣ, гӯйишҳои забони форсӣ ва нақши он дар боландагии ин забон, таърихи форсиситезӣ дар Афғонистон, баррасии вазъияти забони форсӣ дар Осиёи Марказӣ ва баррасии вазъияти забони форсӣ дар шибҳиқора ташкил медиҳанд.

Муқаррароти озмун:

Асарҳо бояд ба забони форсии тоҷикӣ навишта шуда бошанд;

Маҳдудияти синнусолӣ нест;

Ҳар шоир ва нависанда метавонад то 3 асар пешниҳод диҳад;

Дар ҳар бахш се нафар ғолиб меояд (ҷойи 1, 2, 3) ва 5 нафар шоистаи тақдир муаррифӣ мешавад. Ба барандагони бахши шеър, қисса ва ҳикоя ба тартиби ҷойи касбкардаашон 5 милён, 3 милён ва 2 милён тумон ва ба 5 нафари шоистаи тақдири ин бахш 1 милён тумонӣ ҷоиза дар назар гирифта шудааст.

Ба барандагони бахши мақола ба тартиби ҷой 7 милён, 5 милён, 3 милён ва ба касони тақдири ин бахш 3 милён тумон тааллуқ хоҳад гирифт.

Муҳлати ирсоли асарҳо то 10-уми марти соли 2024 аст.

Нишонӣ ва иртибот бо дабирхона Parsi.Watan.ast@gmail.com

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед