Ru  | Tj
Фарохони озмуни байнулмилалии рассомони ҷавон
Фарохони озмуни байнулмилалии рассомони ҷавон
Акс: freepik.com

Фарохони озмуни байнулмилалии рассомони ҷавон

Нашр шуд

Рассомони ҷавони Тоҷикистон ба озмуни байнулмилалии манзараҳои «Фазои Ватан» даъват мешаванд. Аз ширкаткунандагони ҷавон хоста мешавад, ки бештар маконҳои марбут ба кишвар, шаҳр ва ё ватани худро тасвир кунанд.

Бино ба иттилоъи дастандаркорон, озмун аз рӯйи ду самт: озмуни видеоӣ ва ҳунарҳои зебо баргузор мешавад. Донишомӯзони 12-17 сола имкони ширкат дар ин озмунро доранд.

Барои ширкат дар озмун бояд то 14-уми март дар вебгоҳи он дархост дод. Барандагон ва ҷоизадорон фурсати ширкат дар ҷаласаи тобистонаи урдугоҳи «Кишвари кӯдаконаи “Поленово” », воқеъ дар вилояти Тулаи Русияро ба даст меоваранд.

Гуфтанист, ки ин озмун тавассути Сандуқи пуштибонии «Кишвари кӯдаконаи “Поленово”» бо ҳамроҳии Россотрудничество баргузор мешавад.

 

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед