Ru  | Tj
Фурсат барои таҳсили донишомӯзони русизабон
Фурсат барои таҳсили донишомӯзони русизабон
Акс: pixabay.com

Фурсат барои таҳсили донишомӯзони русизабон

Нашр шуд

Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург мактаби бархат (онлайнӣ)-и ройгонро роҳандозӣ мекунад, ки барои иштирок дар он донишомӯзони тоҷик низ даъват мешаванд.

Дар ин лоиҳа донишомӯзони синфҳои 4 то 11 метавонанд ширкат варзанд. Дарсҳо аз рӯйи 11 фан — биология, ҷуғрофиё, табиатшиносӣ, таърихи Русия, таърих, адабиёт, риёзиёт, ҷомеашиносӣ, забони русӣ, физик ва кимиё баргузор мешавад.

Пас аз поён бурдани давраҳои омӯзишӣ ба иштироккунандагон диплом ва ё гувоҳиномаи мактаби бархат тақдим мешавад. Хоҳишмандон бояд худро дар вебгоҳи расмӣ сабтином кунанд.

Тавре ки дастандаркорон гуфтанд, ҳадафи аслии ин лоиҳа фароҳам кардани имкони таҳсил барои донишомӯзони русизабони тамоми ҷаҳон аз рӯйи барномаҳои мактабҳои русӣ мебошад.

Дар соли гузашта ин донишгоҳ тақрибан 300 дархост аз донишҷӯёни 44 кишвари ҷаҳонро дастрас кард. Он замон барои ширкат дар озмун ба 1 ҷой 2,5 нафар дархост доданд.

Гуфтанист, ки омӯзиш дар ин мактаби бархат бо ҳазинаҳои берун аз буҷаи донишгоҳ сурат мегирад. Интизор меравад, ки донишомӯзон аз кишварҳои Арманистон, Миср, Испониё, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Молдова, Узбекистон, Фаронса ва Эстония ширкат кунанд.

Муаллиф

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед