Ru  | Tj
Фурсати бурди таҳсили ройгон дар Донишгоҳи молияи Русия
Фурсати бурди таҳсили ройгон дар Донишгоҳи молияи Русия
Акс: freepik.com

Фурсати бурди таҳсили ройгон дар Донишгоҳи молияи Русия

Нашр шуд

Довталабони тоҷикистонӣ метавонанд дар озмуни донишозмоии марбут ба ҷавонони Донишгоҳи молияи вобастаи ҳукумати Русия ширкат кунанд. Барандагони озмун имкони таҳсили ройгон дар ин донишгоҳро ба даст хоҳанд овард.

Тибқи иттилоъи дастандаркорон, барандагони озмун дар зинаҳои бакалавриат ва магистратураи Донишгоҳи молия ройгор таҳсил хоҳанд кард. Дар навбати худ ҷоизадорон соҳиби 50 дарсад тахфиф дар тамоми давраи таҳсил хоҳанд шуд. Дипломҳои озмун барои 2 сол эътибор доранд.

Барои ширкат дар озмун то 15-уми март бояд дар вебгоҳи расмӣ сабтином кард.

Гуфтанист, иштирок дар озмуни донишозмоӣ комилан аст. Донишомӯзону донишҷӯён ва донишомӯхтагони донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ, ки то 35-сола ҳастанд, ҳаққи ширкат варзидан дар ин озмунро доранд.

 

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед