Ru  | Tj
InteRussia. Барномаи таҷрибаомӯзии илмӣ барои тоҷикистониён
InteRussia. Барномаи таҷрибаомӯзии илмӣ барои тоҷикистониён
Акс: mgimo.ru

InteRussia. Барномаи таҷрибаомӯзии илмӣ барои тоҷикистониён

Нашр шуд

Тибқи иттилои дафтари матбуотии Маркази русии шаҳри Душанбе аз 22 май то 19 июни соли равон дар шаҳри Маскави Русия барномаи таҷрибаомӯзии илмии InteRussia баргузор мегардад, ки барои ширкат дар он хоҳишмандон аз Тоҷикистон метавонанд дархостҳои хешро пешниҳод кунанд.

Ба гуфтаи созмондиҳандагони барнома, иштирокдорони он бо дастовардҳои олимони рус дар соҳаи забоншиносӣ шинос шуда, дар ҷаласаҳои тахассусӣ ширкат меварзанд ва таҳти роҳбарии донишмандони барҷастаи Донишгоҳи давлатии забони русии ба номи А. С. Пушкин низ кори амалӣ мегузаронанд.

Гуфтанист, барои иштирок дар барномаи мазкур то 7 апрели соли равон дархост пешниҳод ва натиҷаҳои озмун ба суроғаи электронии иштирокдорон ирсол карда мешавад.

Муаллиф

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед