Ru  | Tj
Мактаби олии иқтисод довталабони тоҷикистониро барои таҳсил даъват мекунад
Мактаби олии иқтисод довталабони тоҷикистониро барои таҳсил даъват мекунад
Акс: ru.wikipedia.org

Мактаби олии иқтисод довталабони тоҷикистониро барои таҳсил даъват мекунад

Нашр шуд

Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Мактаби олии иқтисод» маъракаи қабули ҳуҷҷатҳоро оғоз намуда, барои довталабони тоҷик 98 барномаи бакалавриат ва 182 барномаи магистрӣ пешниҳод кардааст.

Довталабонро мебояд барои дохил шудан тариқи бурсияи давлатӣ (ройгон) то 1 апрел дархост пешниҳод намоянд. Муҳлати пур кардани дархост ба хоҳишмандоне, ки шартномавӣ таҳсил кардан мехоҳанд, то 13-уми август муқаррар карда шудааст. Бояд гуфт, пас аз ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ тартиботи интихобӣ гузаронида мешавад. Ҷадвал ва феҳристи имтиҳонҳоро дар вебгоҳи донишгоҳ дастрас кардан мумкин аст.

Гуфтанист, Мактаби олии иқтисод соли 1992 таъсис шуда, мақоми имрӯзаи худро соли 2009 касб кардааст. Шаҳраки асосии донишгоҳи назкур дар Маскав ҷойгир буда, дар шаҳрҳои Санкт-Петербург, Нижний Новгород ва Перм се дафтари дигар дорад.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед