Ru  | Tj
Муҳақиқони тоҷик метавонанд барандаи ҷоизаи «Қутбнамои булӯрин» гарданд
Муҳақиқони тоҷик метавонанд барандаи ҷоизаи «Қутбнамои булӯрин» гарданд
Акс: rus-compass.ru

Муҳақиқони тоҷик метавонанд барандаи ҷоизаи «Қутбнамои булӯрин» гарданд

Нашр шуд

Дар соли 2023 ҷоизаи миллии «Қутбнамои булӯрин» барои ёздаҳумин бор баргузор мегардад ва айни ҳол қабули дархостҳо оғоз гаштааст. Муаллифони барҷастатарин дастовардҳо ва тарҳҳои беназир дар соҳаҳои илму фарҳанг, фаъолияти экспедитсионию маърифатӣ, ҳифз ва тарғиби мероси табиӣ ва таърихию фарҳангӣ бо тандисҳои булӯрину нуқрагин сарфароз хоҳанд гашт.

Гуфта мешавад, ки ғолибон дар 10 бахш: «Дастоварди илмӣ», «Сафар ва экспедитсия», «Маърифат», «Беҳтарин лоиҳаи расонаӣ», «Кори аккосӣ», «Мавқеи шаҳрвандӣ», «Табъу нашр», «Беҳтарин лоиҳаи минтақавӣ», «Беҳтарин лоиҳаи иҷтимоӣ-иттилоотӣ вобаста ба ҳифзи мероси табиӣ ва таърихию фарҳангӣ», «Беҳтарин лоиҳаи муҳити зисти корхонаҳои саноатӣ, тиҷорат» интихоб карда мешаванд.

Барои ширкат дар озмуни мазкур ташкилоти ватанию хориҷӣ, ҷамъиятҳои ҷуғрофӣ, муассисаҳои илмию таълимӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ, ниҳодҳои соҳаҳои гуногун, гурӯҳҳои ташаббускори мустақил, фаъолон ҷамъиятӣ ва шахсони алоҳида даъват карда мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки дархост барои ширкатро метавон то 20 феврал дар вебгоҳ (сомона)-и ҷоиза гузошт.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед