Ru  | Tj
Навозандагони тоҷик метавонанд дар озмуни байналмилалии Чайковский ширкат варзанд
Навозандагони тоҷик метавонанд дар озмуни байналмилалии Чайковский ширкат варзанд
Акс: tchaikovskycompetition.com

Навозандагони тоҷик метавонанд дар озмуни байналмилалии Чайковский ширкат варзанд

Нашр шуд

Тоҷикистониён барои иштирок дар бузургтарин рўйдоди олами мусиқии классикӣ – XVII Озмуни байналмилалии П.И. Чайковский, ки аз 19 июн то 1-уми июли соли равон дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург баргузор мегардад, даъват мешаванд.

Барои ширкат дар озмун навозандагон дар риштаҳои «фортепиано», «скрипка», «виолончел» ва «асбобҳои нафасӣ» даъват карда мешаванд. Дархостро метавон тавассути вебгоҳ ирсол кард.

Бино ба иттилои баргузоркунандагон, озмуни мазкур чун анъана барои навозандагони ҷавони боистеъдод як майдони ибтидоӣ маҳсуб гашта, ба онҳо имкон медиҳад, то муҳаббати умумӣ ва шинохти ҷомеаи ҳирфаии ҷаҳонро ба даст оранд ва фаъолияти дурахшони байналмиллалиро оғоз кунанд.

Муаллиф

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед