Ru  | Tj
Олимпиадаи Туполев. Роҳҳати таҳсил ба донишгоҳи Қазон
Олимпиадаи Туполев. Роҳҳати таҳсил ба донишгоҳи Қазон
Акс: kai.ru

Олимпиадаи Туполев. Роҳҳати таҳсил ба донишгоҳи Қазон

Нашр шуд

Донишгоҳи миллии тадқиқотии фаннии Қазон Олимпиадаи байналмилалии бисёрсоҳавӣ ба номи олими шӯравӣ ва ҳавопаймосози номдор Андрей Туполев баргузор мекунад, ки дар он метавонанд хатмкунандагони макотиби миёнаи Тоҷикистон низ ширкат варзанд.

Ба гуфтаи баргузоркунандагон, олимпиада дар ду марҳила гузаронида мешавад. Даври якум интихобӣ буда, дар шакли ғоибона аз фанҳои риёзиёт ва забони русӣ сурат мегирад. Марҳилаи дуюми ниҳоӣ дар шаклҳои рӯзона ва ғоибона доир мегардад, ки иштироккунандагони он метавонанд дониши худро аз рӯйи фанҳои риёзиёт, забони русӣ, физика ва информатика озмоянд.

Барои иштирок дар олимпиада мебояд то 30 апрел сабтином шуд.

Гуфтанист, ки бар асоси натиҷаҳои олимпиада довталабон метавонанд ба ихтисосҳои донишгоҳи болозикр тариқи ройгон ва шартномавӣ дохил шуда, донишҷӯёни соли аввали таҳсил бо 15 ҳазор рубл шогирдона (стипендия) ва хобгоҳ таъмин мегарданд. Ҳамзамон ба онҳо имконияти тамрин дар маҷмааи замонавии варзишӣ низ дода мешавад.

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед