Ru  | Tj
Озмуни «Базми Пушкин» эҷодкоронро даъват мекунад
Озмуни «Базми Пушкин» эҷодкоронро даъват мекунад
Акс: аз манбаъҳои боз

Озмуни «Базми Пушкин» эҷодкоронро даъват мекунад

Нашр шуд

Десишгарон, тарроҳони муд ва рассомони театрӣ аз Тоҷикистон барои ширкат дар озмуни байнулмилалии «Базми Пушкин», ба муносибати 225-умин солгарди шоири бузурги рус даъват шудаанд.

Довталабон бояд либосеро тарроҳ кунанд, ки онро эҳтимол қаҳрамонони асарҳои Александр Пушкин ба бар мекарданд.

Ба озмун донишҷӯёни донишгоҳҳои вижа, коршиносон ва ҷавонони боистеъдод, ки асарҳои Пушкин ва ороиши либосҳоро дӯст медоранд, даъват карда мешаванд. 

Довталабони озмун бояд бояд аз 14 то 45-сола бошанд.

Дар маҷмуъ озмун дар се марҳила баргузор мешавад. Аввал довталабон бояд то 15-уми март барои иштирок дар озмун муроҷиат карда, намунаи эҷоди худро пешниҳод диҳанд.

Баъдан барои эҷодкорони марҳилаи дувум ба сурати бархат ё худ онлайн баргузор мешавад ва зинаи ниҳоӣ бо ҳузури бевоситаи шахсӣ сурат хоҳад гирифт.

«Ба бахшҳои озмун либоси театрӣ, эҷоди симои афсонаӣ ва намои бузурги тасвири замони Пушкин шомиланд», - зикр шудааст дар вебгоҳи озмун.

Бояд гуфт, ки озмуни мазкур бо баргузории барномаи консерти бузург моҳи июни имсол дар шаҳри Санкт-Петербург натиҷагирӣ мешавад. Ҷоизаи озмуни "Базми Пушкин" 600 ҳазор рубл аст ва ин озмун аз сӯйи Бунёди ташаббусҳои фарҳангии раисҷумҳури Русия пуштибонӣ мегардад.

Муаллиф

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед