Ru  | Tj
Озмуни «Классикаи зинда» китобхонҳои ҷавони Тоҷикистонро барои иштирок даъват менамояд
Озмуни «Классикаи зинда» китобхонҳои ҷавони Тоҷикистонро барои иштирок даъват менамояд
Акс: Россотрудничество

Озмуни «Классикаи зинда» китобхонҳои ҷавони Тоҷикистонро барои иштирок даъват менамояд

Нашр шуд

Тоҷикистониён барои ширкат дар озмуни «Классикаи зинда» даъват мешаванд. Дар озмуни мазкур кӯдакону наврасони аз 10 то 17-сола, ки ба мутолиаи асарҳо рағбат доранд, метавонанд ширкат варзанд. Хоҳишмандон бояд порчае аз осори мансури нависандагони русро ифода бихонанд.

Барои ширкат дар озмун дар пойгоҳ бояд худро сабтином намоед. Мавриди зикр аст, ки хоҳишмандон аз Тоҷикистонро мебояд бахши озмуни байналмилалиро интихоб намоянд. Пас аз тасдиқи иштироки худ дар озмун порчае аз осорро интихоб ва азёб мекунанд. Дархостҳо то 15-уми феврал қабул карда мешавад.

Бино ба гузориши дафтари матбуотии Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе, ҳамасола беш аз 40 нафар дар озмуни мазкур ширкат меварзанд.

Гуфтанист, ин озмун бо пуштибонии Россотрудничество, Вазорати маорифи Русия ва Фонди кӯмакҳои молӣ (грантҳо)-и кишвардорӣ баргузор мегардад.

Муаллиф

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед