Ru  | Tj
Рӯзноманигорони аксбардор имкони ширкат дар озмунро аз даст надиҳед
Рӯзноманигорони аксбардор имкони ширкат дар озмунро аз даст надиҳед
Акс: Sputnik / Рамил Сиддиқов

Рӯзноманигорони аксбардор имкони ширкат дар озмунро аз даст надиҳед

Нашр шуд

Қабули асарҳо ба озмуни даҳумини байналмилалии Андрей Стенин барои рӯзноманигорони аксбардор идома дорад.
 
Аксбардорони 18 то 33-сола метавонанд дархостҳои худро дар вебгоҳи озмун ба забонҳои русӣ, инглисӣ ва чинӣ пешниҳод диҳанд. Қабули дархостҳо барои ширкат дар озмун то 15-уми марти соли 2024 боз аст.
 
Мукофотпулии озмун дар соли 2024 барои ҷойҳои якум, дувум ва севум дар ҳар як бахш мутаносибан 125, 100 ва 75 ҳазор рубли русӣ аст. Барандаи ҷоизаи бузурги озмуни Стенин – Гран-прӣ соҳиби 700 ҳазор рубл мешавад.
 
Бояд гуфт, ки озмуни байнулмилалии аксбардории Андрей Стенин 22 декабри соли 2014 аз сӯйи гурӯҳи расонаҳои «Россия сегодня» таҳти сарпарастии Кумисюни Русия дар умури ЮНЕСКО созмон дода шудааст.
halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед