Ru  | Tj
Рассомони тоҷик ба озмуни байналмилалии «Фазои Ватан» даъват мешаванд
Рассомони тоҷик ба озмуни байналмилалии «Фазои Ватан» даъват мешаванд
Акс: pixabay.com

Рассомони тоҷик ба озмуни байналмилалии «Фазои Ватан» даъват мешаванд

Нашр шуд

Ҷавонони тоҷик метавонанд дар озмуни байналмилалии рассомии «Фазои Ватан» ширкат варзанд.

Бино ба ба иттилои созмондиҳандагони ин озмун, корҳои ҳунарии довталабе, ки аз 14 то 16 сол доранд, қабул карда мешавад.

Ширкатдорон бояд дар мавзӯи «Манзараи зодгоҳи ман» расм кашида, сипас онро аксбардорӣ намуда, то 1-уми марти соли равон ба роёнишонии nativespacesdrp@yandex.ru ирсол намоянд. Гуфта мешавад, ки дар раванди овоздиҳии онлайнӣ, ки то 25-уми март давом мекунад, 10 расми беҳтарин интихоб карда мешавад. Ғолибони ин даври озмун то 25-уми апрел нусхаи аслии расмҳояшонро ба кумитаи тадорукот пешниҳод мекунанд. Ҳайати доварон то 30-уми апрел се ғолибро муайян мекунад, ки ба истироҳатгоҳи Ҷумҳурии кӯдакони «Поленово», воқеъ дар вилояти Тулаи Федератсияи Русия роҳхат дарёфт менамоянд. Инчунин рассомони беҳтарин дар дарсҳои устод-шогирдии Ҳунаргоҳи марказии Маскави Фарҳангистони ҳунари Русия низ иштирок хоҳанд кард.

Гуфтанист, озмуни «Фазои Ватан» бо пуштибонии Россотрудничества ва Бунёди имдоди Ҷумҳурии кӯдакони «Поленово» сурат мегирад.

Муаллиф

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед