Ru  | Tj
Ройгон. Ба таври онлайнӣ забон омӯз!
Ройгон. Ба таври онлайнӣ забон омӯз!
Акс: ru.freepik.com

Ройгон. Ба таври онлайнӣ забон омӯз!

Нашр шуд

Донишгоҳи саноатии Тюмен (ДСТ) барои донишҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикистониён курси онлайнии «Забони русӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ. Ба макотиби олии Русия дохил шав!»-ро роҳандозӣ намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии Маркази русии шаҳри Хуҷанд, барномаи омӯзишӣ аз шаш лексия иборат буда, мавзӯъҳои ҷолиб ва мураккаби забони русӣ, аз ҷумла меъёрҳои талаффуз, луғавӣ, сарфу наҳв, инчунин анвои сохториву маъноии нутқро дарбар мегирад. Гуфта мешавад, ки лексияҳо аз сӯйи омӯзгорони ДСТ гузаронида мешавад.

Гуфтанист, дар айни замон сабтином дар барномаи мазкур идома дошта, машғулиятҳо аз 8 апрел то 6 май давом мекунад.

Муаллиф

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед