Ru  | Tj
Рушди таҳлилгарӣ. Пажӯҳишгоҳи масоили байналмилалии муосир магистрантони тоҷикро барои таҳсил даъват менамояд
Рушди таҳлилгарӣ. Пажӯҳишгоҳи масоили байналмилалии муосир магистрантони тоҷикро барои таҳсил даъват менамояд
Акс: pixabay.com

Рушди таҳлилгарӣ. Пажӯҳишгоҳи масоили байналмилалии муосир магистрантони тоҷикро барои таҳсил даъват менамояд

Нашр шуд

Озмоишгоҳи таҳлилии Пажӯҳишгоҳи масоили байналмилалии муосир қабули довталабонро барои таҳсил оғоз намуд. Бино ба иттилои масъулин, машғулиятҳои онлайнӣ аз 25 апрел то 27 июн сурат гирифта, иштирокдорони беҳтарин метавонанд дар доираи барномаи «Насли ҷадид» аз шаҳри Маскав боздид намоянд.

Мутахассисони пешбари Академияи дипломатияи ВКХ-и Русия барои тоҷикистониён ҷиҳати рушди малакаҳои кори таҳлилӣ лексия ва давраҳои омӯзишӣ баргузор менамоянд. Гуфта мешавад, ки иштирокдорон дар масоили байналмилалӣ матлаб омода менамоянд.

Тавзеҳ дода мешавад, ки барои иштирок дар омӯзиши мазкур сокинони аз 25 то 30-солаи Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро надоранд ва дорои маълумоти магистрӣ даъват карда мешаванд. Дархостҳо то 15 апрели соли ҷорӣ дар вебгоҳи пажӯҳишгоҳ қабул карда мешавад.

Муаллиф

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед