Ru  | Tj
Русия имкони таҳсили ройгон дар зинаи магистратураро фароҳам овард
Русия имкони таҳсили ройгон дар зинаи магистратураро фароҳам овард
Акс: pixabay.com

Русия имкони таҳсили ройгон дар зинаи магистратураро фароҳам овард

Нашр шуд

Донишҷӯёни тоҷик, ки дар бахшҳои хидматрасонӣ, сайёҳӣ ва фаъолияти меҳмонхонаҳо таҳсил мекунанд, имкон доранд дар Шашумин олимпиадаи сатҳи баланди Русия ширкат варзанд. Ғолибону ҷоизадорони олимпиада тибқи квотаҳои Ҳукумати Федератсияи Русия метавонанд таҳсилро дар зинаи магистратураи Донишгоҳи илм ва фанноварии Уфа дар ихтисосҳои «Ҷуғрофиё» ва «Сайёҳӣ» идома диҳанд.

Озмун дар ду марҳила баргузор мегардад. Дар навбати аввал боиста аст, ки хоҳишмандон то 16-уми феврал дар ин пайванд сабтином гарданд. Пас аз ин иштирокдорон дар марҳилаи ниҳоӣ, ки 31-уми март ҳузурӣ ё маҷозӣ бо истифода аз видеоконфронс доир мегардад, иштирок хоҳанд кард.

Қобили зикр аст, ки теъдоди дархостҳо аз муассисаҳои таълимӣ бемаҳдуд буда, иштирок дар озмун ройгон аст. Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи муқаррароти олимпиада ва супоришҳои солҳои қабл ба инҷо ангушт бизанед.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед