Ru  | Tj
"Сармоягузорӣ барои истеъдодҳо" барои солҳои 2020-2021, Озмуни стипендиявии ТҶЭ "Пешрафт"
"Сармоягузорӣ барои истеъдодҳо" барои солҳои 2020-2021, Озмуни стипендиявии ТҶЭ "Пешрафт"

"Сармоягузорӣ барои истеъдодҳо" барои солҳои 2020-2021, Озмуни стипендиявии ТҶЭ "Пешрафт"

Нашр шуд

Ташктилоти ҷамъиятиии эҳсонкории “Пешрафт” дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни Барномаи стипендиявии “Сармоягузорӣ барои истеъдодҳо” (минбаъд “Барнома”)-ро барои солҳои хониши 2020-2021 кушода эълон менамояд.
Шартҳо барои довталабон:

• Хонандаи синфҳои 10-11 дар яке мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла литсею гимназияҳои хусусии ш. Душанбе будан;

• Хониши хубу аъло ва рафтори намунавӣ дар мактаб ва иштирок дар ҳаёти ҷамъиятии мактаб ва шаҳр;
• Иштирок дар олимпиадаҳои фаннӣ, илмӣ ва ё варзишӣ;

• Хоҳиши пайдо намудани донишу малакаҳои нав;

• Хоҳиши кӯмак расонидан ба қишри ниёзманди ҷомеаи кишвар, тавассути барномаҳои хайриявӣ ва рушди ҳаракати волонтёрии Ташкилот;

• Имконияти иштирок кардан дар тренингҳо ва омӯзишҳои мунтазам (на кам аз 2-3 маротиба дар як моҳ) дар чорчӯбаи амалигардонии Барнома;

Барномаи «Сармоягузорӣ барои истеъдодҳо» расман моҳи октябри соли соли 2011 ба фаъолият оғоз намуд. То ин руз зиёда аз 400 нафар бо стипендия таъмин шудаанд.

Мақсади Барнома - дастгирии хонандагони фаъол ва боистеъдоди кишварамон буда, стипендия пеш аз ҳама барои ҳавасмандгардонӣ ва нишони эътирофи кӯшишҳо ва муваффақиятҳои ба дастовардаи онҳо мебошад.

Озмуни стипендиявии “Сармоягузорӣ барои истеъдодҳо” – дар се давр сурат мегирад:

1. Пур карда фиристодани дархост-анкета барои иштирок;

2. Санҷиши тестӣ аз 5 фанни таълимӣ (Забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ ва адабиёти рус, алгебра ва мантиқ. Ҳамчунин навиштани иншои мухтасар (эссе) дар мавзӯи озод).

3. Мусоҳибаи инфиродӣ. (Дар натиҷа ҳамагӣ 40 нафар қабул мешаванд, тақрибан аз 300 онлайн-дархостҳо).

Барнома дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми ҶТ амалӣ гашта аз тарафи шаҳрвандони Тоҷикистон, соҳибкорон ва дигар ширкатҳои ватанӣ маблағгузорӣ карда мешавад.

Барнома аз тарафи соҳибкорон ва ширкатҳои ватании кишвар маблағгузорӣ шуда, тавассути ТҶЭ «Пешрафт» амалӣ мегардад.

Онлайн дархостҳо аз 2 сентябр то 27 сентябри соли ҷорӣ қабул мешаванд. Анкетаҳое, ки баъди муҳлати зикршуда равон карда мешавад, таҳти баррасӣ қарор намегиранд.

Лутфан шакли дархостро пур карда ба мо равон кунед.
halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед