Ru  | Tj
Шогирдонаи шаҳрдори Душанберо кӣ соҳиб шуда метавонад? Шаҳрдорӣ гуфт
Шогирдонаи шаҳрдори Душанберо кӣ соҳиб шуда метавонад? Шаҳрдорӣ гуфт
Акс: Sputnik

Шогирдонаи шаҳрдори Душанберо кӣ соҳиб шуда метавонад? Шаҳрдорӣ гуфт

Нашр шуд

Идораи маорифи шаҳри Душанбе эълон кард, ки озмун барои дарёфти шогирдона (стипендия)-и шаҳрдори Душанбе оғоз шудааст.

Гуфта мешавад, ки он барои донишомӯзон, донишҷӯён ва донишмандони чавони пажуҳишкадаҳои шаҳр, аъзои ҷунбишҳои ҷамъиятии ҷавонон ва бошгоҳҳо пешбинӣ шудааст. Маблағи шогирдона ҳанӯз маълум нест.

Ба иттилоъи манбаъ, хоҳишмандон бояд то 5-уми март феҳристи асноди вижа, аз ҷумла дархости ширкат дар озмун, хислатнома, ҳолнома, баҳонома, нусхаи зоднома ё шиноснома ва 4 акси 3x4-ро ба сохторҳои маҳаллии кор бо ҷавонон ва варзиш пешниҳод кунанд.

Пас аз он довталабон дар санҷиш, ки он дар чаҳорчӯби барномаи таълимӣ баргузор мешавад, иштирок хоҳанд кард.

Барои пайдо кардани маълумоти бештар дақиқтар бо рақамҳои +992934603031, +992811070101 (WhatsApp, Telegram) тамос гиред.

Гуфтанист, ки бахшҳои Идораи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар чаҳор ноҳияи шаҳр: Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Сино фаъолият мекунанд.

 

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед