Ru  | Tj
Синамогарони тоҷик ба ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Городетский ба номи Александр Невский даъват мешаванд
Синамогарони тоҷик ба ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Городетский ба номи Александр Невский даъват мешаванд
Акс: Интернет

Синамогарони тоҷик ба ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Городетский ба номи Александр Невский даъват мешаванд

Нашр шуд

Аз 15 то 17-уми сентябр дар вилояти Нижний Новгороди Русия ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Городетский ба номи Александр Невский баргузор хоҳад шуд. Дар доираи ин маърака филмҳои кӯтоҳи синамогарони ҷавон дар мавзӯъҳои дӯстӣ, оила, меҳрубонӣ, фарҳанг, тарзи ҳаёти солим, заҳмат, эҷодкорӣ, табиат ва илм намоиш дода мешавад.

Хоҳишмандон метавонанд дар машғулиятxои амалии чеҳраҳои аршади соҳаи синамо, вохӯриҳои эҷодӣ бо ҳунарпешагоҳ ва коргардонҳои маъруф, инчунин дар мизи гирд барои мавзӯъҳои мубрами синамои муосир ширкат варзанд.

Барои иштирок дар озмун филмҳои кӯтоҳе, ки дар солҳои 2021 то 2023 сабт шуда, давомнокияшон на бештар аз 25 дақиқа аст, бо зернависҳои русӣ (агар филм ба дигар забон наворбардорӣ шудааст) қабул карда мешаванд.

Дархостҳо то 1 август бо пайванд ба филм дар вебгоҳи (http://kinogorodets.ru/) ё роёнишонии fest@kinogorodets.ru қабул карда мешаванд.

Муаллиф

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед