Ru  | Tj
Суханшиносҳои ҷавони тоҷик барои ширкат дар давраҳои коромӯзӣ даъват мешаванд
Суханшиносҳои ҷавони тоҷик барои ширкат дар давраҳои коромӯзӣ даъват мешаванд
Акс: freepik.com

Суханшиносҳои ҷавони тоҷик барои ширкат дар давраҳои коромӯзӣ даъват мешаванд

Нашр шуд

“Россотрудничество”, Бунёди Горчаков ва Донишгоҳи забони русии Пушкини Русия аз оғози қабули ширкаткунандагон барои коромӯзӣ дар «InteRussia» хабар дод.

«InterRussia фурсатест барои шумо, то бо бузургтарин дастовардҳои олимони суханшиноси рус ошно шуда, дар ҷаласаҳои коршиносии донишгоҳҳои пешрафта ширкат кунед, ҳамчунин таҳти назари олими Донишгоҳи забони русии Пушкин давраи омӯзишӣ гузашта, мақолаи илмӣ ба табъ расонед”, - иброз доштанд дастандаркорони ин давра.

Барои ширкат дар давраи коромӯзӣ суханшиносҳо ва забоншиносони ҷавони аз 25 то 35-сола даъват карда мешаванд. Хоҳишмандон бояд сабтином кунанд ва дархости худро дар вебгоҳи Бунёди Горчаков ва варақаҳои барномаи «Насли нав»-ро пур кунанд ва бастаи аснодро аз тариқи роёнишонӣ ба l.abdullina@tjk.rs.gov.ru.ирсол кунанд.

Гуфтанист, ки давраи коромӯзӣ аз 16-уми май то 13-юми июни соли равон дар шаҳри Маскави Русия сурат мегирад. Шогирдона дар давраи коромӯзӣ барои ширкаткунандагон 30 ҳазор рубли русӣ хоҳад буд.

 

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед