
Талабагон ва донишҷӯёни Тоҷикистонро барои иштирок дар озмуни МАДИ даъват менамоянд
Нашр шуд
Барои иштирок дар озмуни зеҳнӣ зарур аст, ки дар сомона пурсишнома пур карда шавад. Ҳамин тариқ, бақайдгирии онлайнӣ барои довталабони таҳсили бакалаврӣ ва тахассусӣ то 27 январи соли 2023, барои довталабони барномаҳои магистрӣ то 17 январи соли 2023 сурат мегирад.
Қобили зикр аст, ки ғолибон барои таҳсили ройгон дар барномаҳои бакалаврӣ, тахассусӣ ва магистратураи МАДИ дастрасӣ пайдо намуда, бо хобгоҳ ва идрор таъмин карда мешаванд.
Маълумоти муфассалро метавонед ҳамарӯза аз соати 10:00 то 19:00 тариқи рақами телефонии +7-928-497-55-55 (WhatsApp/Telegram/Viber) дастрас кард.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед