Ru  | Tj
“Ватани худро дар ҷаҳон муаррифӣ кунед”. Фурсати нав барои кӯдакон ва навҷавонон
“Ватани худро дар ҷаҳон муаррифӣ кунед”. Фурсати нав барои кӯдакон ва навҷавонон
Акс: pixabay.com

“Ватани худро дар ҷаҳон муаррифӣ кунед”. Фурсати нав барои кӯдакон ва навҷавонон

Нашр шуд

Кӯдакон ва навҷавонони Тоҷикистон метавонанд дар озмуни VI байнулмилалии «Ватани худро дар ҷаҳон муаррифӣ кунед» ширкат кунанд.
 
Ширкаткунандагонро лозим аст, ки рухдод, суннат ва маконҳои хотираангези ҷолиби диққати ватани худро интихоб карда, сипас дар қолаби видеоӣ ё муаррифинома дар бораи онҳо нақл кунанд.
 
Хоҳишмандон метавонанд то 20-уми марти соли 2024 дар вебгоҳи расмӣ дархост гузоранд.
 
Бояд гуфт, ки то ин дам беш аз 10 ҳазор ширкаткунанда аз тамоми манотиқи Русия ва 52 кишвар дархост ирсол кардаанд.
 
Пас аз ба итмом расидани озмун тамоми ширкаткунандагон соҳиби роёгувоҳинома ва мураббиён сазовори роёсипоснома хоҳанд шуд. Дар баробари ин қадрдонии ҷоизадорон бо диплом ва туҳфаҳои хотираӣ пешбинӣ шудааст.
 
Гузашта аз ин ғолибон ба маросими ҷоизасупорӣ, ки дар шаҳри Маскав бо ширкати ходимони давлатӣ ва ҷамъиятӣ сурат мегирад, даъват карда мешаванд.
 
Гуфтанист, озмуни «Ватани худро дар ҷаҳон муаррифӣ кунед» аз соли 2017 ба ин сӯ баргузор мешавад.

Муаллиф

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед