Ru  | Tj
“Texture”. Роҳи муваффақияти Аҳлиддин Маҷидов дар Русия ва ғояҳои инсондӯстонаи ӯ
 “Texture”. Роҳи муваффақияти Аҳлиддин Маҷидов дар Русия ва ғояҳои инсондӯстонаи ӯ
Аксҳо: Аз ҳамсӯҳбат дастрас гардидааст

“Texture”. Роҳи муваффақияти Аҳлиддин Маҷидов дар Русия ва ғояҳои инсондӯстонаи ӯ

Нашр шуд

Аҳлиддин Маҷидов соли 2021 Донишгоҳи давлатии шаҳри Тюменро бо ихтисоси биолог хатм кардааст. Ӯ дорандаи ҷоизаи “Донишҷӯи сол” дар Русия мебошад. Аҳлиддин Маҷидов дар ҳиҷрат роҳи муросокорию инсондӯстиро ҷӯё шуда, дар давоми таҳсил бо ҳамроҳии дӯстон маҷаллаи онлайнии “Texture” – ро дар Инстаграм таъсис додааст.

Аҳлиддин Маҷидов - яке аз созандагони асосии маҷаллаи “Texture” дар суҳабт бо Halva.tj перомуни ҳаёти донишҷӯӣ дар кишвари дигар ва зарурати эҷоди маҷаллаи онлайние, ки ғояҳои инсондӯстӣ ва таҳаммулпазириро тарғиб мекунад, гуфт.

НАҚШИ ТАБАССУМ

- Рӯзҳои аввали таҳсил барои донишҷӯи тоҷике, ки дар донишгоҳи Русия мехонад, чӣ гуна буд?

- Дар соли аввали донишҷӯӣ, дар гурӯҳе, ки мехондам ягона донишҷӯи хориҷӣ будам. Зоҳиран аз ҳамаи ҳамсабақон фарқ доштам. Дар аввал, кӯмак кардан як тараф истад, касе бо ман дӯстӣ кардан намехост. Аслан ба тариқи ройгон таҳсил карданам бисёре аз донишҷӯёнро нороҳат мекард.


- Пас, чӣ гуна ҷоизаи "Донишҷӯи сол"- ро соҳиб шудед? Ин озмун чӣ шартҳо дошт?

- Барои ҳамаи донишҷӯёни донишгоҳҳои Русия гирифтани ҷоизаи “Донишҷӯи сол”, ки ҳар сол дода мешавад, боиси сарфарозӣ   аст. Аз курси аввал мехостам, ки дар ин озмун иштирок кунам. Дар он вақт ҳеҷ дастовард ва натиҷаҳои хубе надоштам. Дар давоми 3 сол дар озмунҳо ва форумҳо иштирок карда, ҳамчунин, барои донишҷӯёни дигар чорабиниҳои гуногун барпо мекардам. Дар соли сеюми таҳсил зиёда аз 500 сипоснома ва диплому ифтихорнома ҷамъ шуда буд. Аз ин рӯ, дар марҳилаи минтақавии озмун беҳтрин дониста шудам ва ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтам. Даври ниҳоии озмун дар шаҳри Ростов-на-Дону гузашта буд. Он ҷо ҳамаи ғолибон аз манотиқи Русия ҷамъ омада буданд.   Ман аз рӯйи 6 шарти озмун дониши худро санҷидам, аз ҷумла, худмуаррифӣ, супоридани тест аз таърихи Русия, андешаронӣ дар мавзӯи озод, бизнес-бозӣ, диктант ва мусоҳиба. Ҳамаи шартҳоро муваффақона иҷро карда, ба қатори “даҳгона”-и беҳтарин шомил шудам.   

  

МАҶАЛЛАИ ОНЛАЙНИИ “TEXTURE” - ТАРҒИБГАРИ ҒОЯҲОИ ИНСОНДӮСТӢ

- Аслан, чаро маҷаллаи онлайнии “Тexture” ба вуҷуд омад ва он то чӣ андоза ба истифодабарандагони интернет таҳаммулпазириро нисбат ба миллат, дин ва ватани якдигар тарғиб карда тавонист?

- Аслан, маҷаллаи мазкур барои ҷавононе, ки аз дигар миллату нажод мебошанд ва айни ҳол дар Русия кору таҳсил ва зиндагӣ доранд, минбарест, ки тариқи он ақидаю мавқеи худро баён мекунанд. Маҷалла то ба имрӯз қариб 50 қиссаи ҷавонони гуногуннажодро бо сурату матнҳои ҷолиб нашр кардааст.


Мо дар маҷалла дар бораи донишҷӯёни гуногунришта, дар бораи таҳаммулпазирӣ ва маҷмӯи муносибатҳои инсондӯстона қисса мекунем. Қаҳрамонҳои мо чеҳраҳое мебошанд, ки ҳам аз рӯйи саргузашт ва ҳам аз мавқеъ дар ҷамъият намоён ва барои дигарон намунаи ибрат буда метавонанд. Мо мақсад гузоштаем аз минбаре, ки имрӯз бешатрини ҷавонон ба он мутаваҷҷеҳанд каме ҳам бошад, фарҳанги муносибати байнихалқиро расонем.


- Дар аввал барои пеш бурдани кори маҷаллаи “Texture” киҳо ба Шумо ёрӣ расониданд?

- Кори маҷалларо бо дӯстоне сар кардам, ки онҳо то ҳол ҳам бо ман кори маҷаллаи “Тexture” – ро пеш бурда истодаанд. Дар ҳар нашри маҷаллаи онлайнӣ бо суратгирони касбӣ, дизайнерҳо, муҳаррирон ва оҷонсиҳо ҳамкорӣ мекунем. Дар саҳифаи инстаграмии мо бо ному насаб ва намунаи кори онҳо метавон шинос шуд. Рӯзҳои аввал ва ҳозир ҳам дар кори маҷалла Муовини ректор оид ба корҳои таълими Донишгоҳи аграрии Русия, Игловиков Анатолий Валеревич ба мо хеле кӯмак кардаанд. Он кас аз рӯзҳои аввал ба маҷаллаи мо бовар доштанд ва дар рӯзҳои вазнин низ дасти ёрӣ дароз мекарданд. Ростӣ ҳоло хеле хурсанд ҳастам, ки интизориҳои эшонро бароварда карда таванистем.

- Нашрҳои маҷаллаи онлайнии “Texture” чӣ ҷавобия ва вокунишҳо ба бор меоварад?

- Вақте ба нишонии маҷаллаи мо аз хонандаҳо ва дӯстон вокуниш меояд, хеле хурсанд мешавем. Ба мо ҷавонон аз миллату халқҳои гуногун, ки дар минтақаҳои Русия зиндагӣ мекунанд, борҳо навиштаанд ва менависанд. Бинобар ин ҳолатҳо мо бояд кори маҷалларо давом диҳем ва хулоса барорем, ки кори мо барабас нарафтааст.   


- Аз ҳама кори мушкил дар сохтани кори онлайн- маҷалла кадомҳо аст?

- Кори аз ҳама душвор ёфтани қаҳрамон ва сохтани суратҳои асосӣ “фото-обложек” аст. Зеро аксари одамон омода нестанд, ки кушоду рӯшан дар бораи мушкилии бегонаҳаросӣ (ксенофобии) нақл кунанд. Аз ин хотир, имзои аксари қаҳрамонҳои мо дар маҷалла пинҳон мемонад.

- Шумо ба ғайр аз кори маҷалла боз дар куҷо кор мекунед?

- Соли гузашта ба зинаи магистрӣ бо ихтисоси биолог дохил шуда будам. Биолог шудан ин орзуи кӯдакиам буд. Бинобар ин, маҷбур шудам бо ихтиёри худ аз ташкилоте, ки дар он ҳамчун продюсери лоиҳаҳои марбути ҷавонон кор мекардам, аз кор равам. Ҳоло таваҷҷӯҳро ба таҳсил дар зинаи магистрӣ ва ҳамчунин ба кори дӯстдоштаам - пеш бурдани фаъолияти маҷаллаи онлайнӣ сарф мекунам. Яъне феълан, ҳам мехонам ва ҳам кори маҷалларо пеш мебарам.


- Дар оянда барои пеш бурдани маҷаллаи “Texture” чӣ ниятҳо доред?

- Мо ният дорем, ки сомонаи махсуси маҷалларо таҳия кунем. Сомона ба мо имкон медиҳад, ки матлаби калону ҷиддитарро ҳадафмандона ҷо кунем. Нақша дорем, ки нусхаи чопии маҷалларо низ ташкил кунем. Айни ҳол, мо - гурӯҳи эҷодӣ нашри чопии маҷалларо омода карда истодаем. Ман намехоҳам, ки маҷаллаи мо ҳамчун маҷаллаи муқаррарӣ боқӣ бимонад. Аз ин рӯ, сари ҳамаи маводе, ки дар он ҷо мегиранд, кор бурда истодаем. Бовар дорем, ки маҷалла на танҳо дар Русия, балки берун аз он низ хонанда пайдо мекунад ва дар ҷаҳони андешаҳои хонандагони худ фикру мулоҳизаҳое ба бор меорад.

- Орзу дорем, ки нақшаҳоятон амалӣ шаванд!

- Саломат бошед!



“Идомабахши кори паёмбарон”. Равоншинос кист ва чӣ рисолат дорад?


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед