Ru  | Tj
Аниса Собирӣ: “Меҳоҳам дар Тоҷикистон мактаби синамо роҳандозӣ намоям”
Аниса Собирӣ: “Меҳоҳам дар Тоҷикистон мактаби синамо роҳандозӣ намоям”
Аксҳо: Аз қаҳрамони матлаб дастрас гардидааст

Аниса Собирӣ: “Меҳоҳам дар Тоҷикистон мактаби синамо роҳандозӣ намоям”

Нашр шуд

Яке аз роҳҳои муаррифӣ кардани фарҳангу анъанаҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ таҳияи филмҳои хубу пурмазмун мебошад. Аз ин рӯ, барои рушд кардани синамои миллӣ саҳми коргардонҳо зиёд аст. Аниса Собирӣ яке аз коргардонҳои боистеъдоде мебошад, ки тайи чанд соли охир барои рушди синамои тоҷик талош дорад. Перомуни пайроҳаи муваффақият ва вижагиҳои синамо бо Аниса Собирӣ сӯҳбате доштем.

 

“КОРГАРДОН ДИДИ ҲУНАРӢ БОЯД ДОШТА БОШАД!”

- Ба синамо рӯй овардани Шумо чӣ сабаб дошт ё ин як завқи ботинӣ буд?

- Ман давоми ҳафт сол дар кӯҳҳои Тоҷикистон роҳбаладӣ менамудам, ҳамроҳи сайёҳон тамоми дунёро мегаштам ва дар бораи Тоҷикистон ба ҳама нақл мекардам. Ин кор ба ман шороит фароҳам овард, ки минтақаҳои ватанамонро хуб шиносам. Мавридҳое буданд, ки дар як сол чор ё панҷ бор ба деҳаҳо мерафтам ва медидам, ки мардум чӣ тавр зиндагӣ мекунанд. Ин таҷриба мавзӯъҳои бисёреро дар зеҳнам ба бор меовард ва мехостам, ки онҳоро дар шакли нақлу ҳикояҳо ҷамъ оварам. Аммо аз сабабе, ки ман дар мактаби русӣ хондаам ва дар хона ҳам бо забони русӣ гап мезадем, бо забони тоҷикӣ ҷамъоварӣ кардани достонҳо бароям душвор буд. Илова бар ин достонҳоямро бештар бо забони русӣ менавиштам. Вале дигар бо забони русӣ навиштан намехостам, чун ба худам мегуфтам, ки ман тоҷикам, чаро бояд бо забони русӣ нависам? Барои ҳамин хостам, ки синамогар шавам ва дар филмҳоям достонҳоямро тасвир намоям.


- Бештар дар кадом жанрҳо филм офариданро дӯст медоред?

- Жанрҳо бисёранд ва ҳар яке аз онҳо мисли забонҳост. Агар аз ин зовия бингарем, ман зобондӯстам ва бисёр жанрҳоро меҳоҳам таҷриба кунам. “Нолаи танбӯр” драмаи равонӣ (психологӣ) аст ва ин жанр ба ман бисёр писанд аст. Ҳоло як филм сохта истодаам, ки он ҳам мустанад аст.

- Бо филмноманависон ҳамкорӣ доред ва ё худатон филмнома менависед?

- Бештар худам менависам. Аммо сенарияи филми “Лола”-ро дар ҳамкорӣ бо муаллимам аз мактаби синамогарӣ омода намудам.

- Аз нигоҳи Шумо филм бояд чӣ гуна бошад? Яъне кадом принсипҳоро бояд дошта бошад?

- Чунон ки Саъдии бузургвор гуфтааст: “Банӣ одам аъзои якдигаранд”. Дар мавриди ҳунар мо низ чунин гӯем. Яъне филм вобаста ба истифодаи жанрҳо ва диди коргардон гуногун аст. Масалан синамое ҳаст, ки мақсади таҳияи он савдо аст. Ба монанди студияҳои калони Netflix, ки нақши асосиро дар он на коргардон, балки филмсоз (продюсер) иҷро мекунад. Синаморо бештар барои тиҷорат истифода мебаранд, ки дар он ҷо усул (принсипҳо)-и бозор истифода мешавад. Ман ба чунин синамо таваҷҷуҳ надорам, чунки ҳадафам дигар аст.

Дар синамо диди ҳунарӣ доштани коргардон бисёр муҳим аст. Аз ин рӯ, ҳар ҳунарманд ва коргардон вобаста ба таҷрибааш усул (принсипҳо)-и худро дорад.


 

НАБУДИ БОЗОРИ СИНАМО ДАР ТОҶИКИСТОН

- Филме бо номи “Аз Алла то Вобалам” доред. Ҳадаф аз таҳияи он чӣ буд?

- Ин филми мустанад аст, ки анъанаҳои тоҷикон дар минтақаҳои дури Зарафшону Бадахшон ва Фарғонаву Хатлонро бозгӯӣ мекунад. Мутаассифона, насли навини мо он анъанаҳоро бо сабабҳои гуногун ба гӯшаи фаромӯшӣ супурдаанд. Бинобар ин хостам, ки ин анъанаҳо ақаллан барои фарзандони худам як хуҷҷате бошад, то онҳо донанд, ки фарҳанги тоҷик чӣ гуна аст.

- Барои таҳияи филм коргардонҳо ниёз ба сарпараст доранд. Шумо чӣ гуна идеяҳои худро амалӣ менамоед?

- Филми нахустинам кори донишҷӯӣ буд (бо забони русӣ). Он “Искупление” ном дорад. Онро худам бо сад доллар ва ёрии дӯстонам сохтам. Барои филми "Нолаи танбӯр" сарпарастҳоро дар вақти роҳбаладӣ пайдо кардам. Сайёҳонро ба кӯҳистон бурда будам ва дар бораи орзуи филмсозиям нақл кардам. Онҳо пурсиданд, ки чаро то ҳол банаворгириро шурӯъ накардаам? Гуфтам, ҳоло пул надорам. Баъдан дарёфтам, ки яке аз онҳо роҳбари ширкати Мастекард аст. Барои наворгирии филм онҳо давоми чанд ҳафта пулро ҷамъ карда ба ман доданд. То ҳол бо ҳам риштаи дӯстӣ дорем.

Барои сабти филми “Аз Алла то Вобалам” сайёҳон кӯмак карданд ва сармояи бештар аз Сафорати Олмону Маркази Фарҳангии Бохтар ба даст омад. Албатта, чунин сарпарастон вуҷуд доранд ва фикр мекунам, ки онҳоро пайдо кардан мумкин аст.

Вале филмҳое ки ҳоло сохта истодаам, буҷети калон доранд. Сарпарастони филми “Лола” бунёдҳои синамоии Аврупо ва Бритониёи Кабир ва созмонҳои байналмиллалӣ мебошанд.


- Чаро филмҳои Шуморо дар шабакаи Ютуб пайдо карда наметон?

- Албатта, ҷойи нигаронист. Замоне буд, ки худи ман ҳам филмҳои заруриямро дар Ютуб ҷустуҷӯ мекардам.

Ютуб платформаест, ки барои блоггинг ва навид хуб аст, аммо на барои синамои касбӣ. Агар филмро дар ин пойгоҳ нашр намоем, он бидуни розигии муаллиф ғайриқонунӣ паҳн мешавад. Аз сӯйи дигар, филмҳои ман барои намоиш дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ пешбинӣ шудааст. Аз ин рӯ, агар филмҳоям дар шабакаи Ютуб нашр шавад, аз ҳаққи иштирок дар ҷашнвораҳо маҳрум мегардад.

Тааҷҷубовар аст, ки чаро дар Тоҷикистон бозори танзимкунандаи филмҳо мавҷуд нест, то он барои алоқамандони ҳунар дастрас бошад? Ин метавонист бозори тоҷикӣ бошад - шабакаи онлайн, мисли Netflix ё Mubi, ки тамошобин тавонад филмҳои тоҷикиро тамошо кунад. Шояд чунин шабака ҳаст, аммо то ҳол дархосте нашудааст, ки тавассути он филмҳои маро нишон диҳанд. Аммо дар Бритониёи Кабир, Литва, Итолиё ин шабакаҳо филмҳои маро нишон дода буданд.


 

СИНАМО БА САРПАРАСТ НИЁЗ ДОРАД

- Ба назари шумо, рӯзноманигор коргардони филм шуда метавонад?

- Ҳама метавонад, ба шарте ки хоҳиш бошанд. Рӯзноманигор таҷрибаи бузург дорад. Коргардон ҳам бештар таҷрибаи зиндагӣ бояд дошта бошад. Аз ин рӯ ин ду касб ба ҳам наздикӣ доранд.

- Асрори муваффақият аз нигоҳи Шумо дар чист? Оё забондонӣ метавонад нақшгузор бошад?

- Ба фикрам, муҳимтарин чиз таҷриба аст ва ман таҷрибаи гуногун дорам. Аз 14 солагӣ ба кор пардохтам ва фурӯшанда, роҳбалади сайёҳ, раиси созмон ва суханрони конгрессҳои байналмилалӣ будам. Бароям ҳама чиз аҷиб буд ва аз хурдсолӣ ташнаи донишу асрори нав будаму ҳастам. Фикр мекунам, ки мутолиаи китоб низ барои муваффақ гаштанам кӯмак кард. Бибиям дар панҷсолагӣ хонданро бароям ёд дода буд ва аз он замон ман ошиқи адабиёт ҳастам.

- Дар ҷодаи синамо киро устоди худ медонед?

- Ростӣ, ман устод надорам. Коргардонҳои писандида дорам, мисли Бела Тарр ва Муҳсин Махмалбоф.


- Вақте вориди соҳаи синамо гардидед, бархӯрди падару модар ба интихоби Шумо чӣ гуна буд?

- Вақте ман хостам, ки синамогар шавам, модарам аллакай ба ман боварӣ дошт. Ӯ медонист, ки ман андешаи озод дорам ва нисбати касби интихобкардаам эҳтиром қоил буд. Ман аз ӯ бисёр миннатдорам. Падарам хеле барвақт, вақте ки 11 сол доштам, тарки олам карда буд.

- Беҳтарин филми тоҷикие, ки тамошо кардед?

- Филмҳои Ҷамшед Усмонов ва чанд филми Бахтиёр Худойназаровро бисёр дӯст медорам.

- Беҳтарин ҳунарманди тоҷик аз нигоҳи Шумо?

- Медонед, хунар ҷойи баҳо додан надорад. Ман қазоват карда наметовам. Аз ин рӯ ба ин савол ҷавоб дода наметавонам. Беҳтарин ҳунарманд “Маҷнун” аст. Далер Назаров, Толибхон Шахидӣ, Сироҷиддин Ҷӯраев, Барзу Абдураззоқов ва ҳамаи ҳунармандони филми “Аз Алла то вобалам” ҳунармандоне ҳастанд, ки аз ишқи онҳо илҳомам меояд.


- Аз нигоҳи Шумо, фазои синамои тоҷик дар кадом сатҳ қарор дорад?

- Синамои тоҷик ҳоло дар ҷустуҷӯи забони худ аст. Ба мушоҳида мерасад, ки вебнамой (видеоблогер)-ҳо филмҳои мустанад бисёр месозанд ва ин хуб аст. Агар нархи интернет арзон шавад, мумкин аст, ки дар оянда синамогарони озодандеш ва ботаҷриба ба майдони синамои тоҷик оянд.

- Дар оянда чи нақшаҳо доред?

- Нақшаҳои чанд соли ояндаам ин аст, ки филми ”Лола”-ро ба анҷом расонам ва чанд филми дигар ба навор бигирам. Ҳамчунин меҳоҳам, ки дар оянда барои кӯдакони тоҷик мактаби синамоӣ роҳандозӣ намоям.


- Орзую таманниёти Шумо барои ояндаи синамои тоҷик чӣ аст?

- Орзу дорам, ки мо ҳамчун миллат худро шиносем, ҳамзамон синамои худро муаррифӣ намоем.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед