Ru  | Tj
Аслиддин Қамарзода: Густариш ёфтани робитаҳо ба манфиати ҳар ду кишвар хоҳад буд!
Аслиддин Қамарзода: Густариш ёфтани робитаҳо ба манфиати ҳар ду кишвар хоҳад буд!
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Аслиддин Қамарзода: Густариш ёфтани робитаҳо ба манфиати ҳар ду кишвар хоҳад буд!

Нашр шуд

         Аслиддин Қамарзода яке аз барҷастатарин олимони тоҷиктабори шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон аст. Ӯ фаъолияти эҷодии худро аз солҳои 60-уми асри гузашта оғоз намуда, то имрӯз барои рушди забон ва адабиёти тоҷик, ҳамчунин баҳри ғанӣ гардонидани он нақши муассир гузоштааст. Беҳтарин асаре, ки мавсуф ҷамъоварӣ намудааст, "Гулдастаи Самарқанд" мебошад, ки онро ба "Намунаи   адабиёти тоҷик"-и устод Садриддин Айнӣ ташбеҳ медиҳанд. Аслиддин Қамарзода ҳамчун олими тоҷиктабор барои ҳифз ва ривоҷи забонӣ тоҷикӣ натанҳо дар кӯҳаншаҳри Самарқанд, балки тамоми Ӯзбекистон ҳиссаи бузург дорад. Имрӯз якчанд китобу маҷмӯаҳои ӯ дар мактабҳои миёнаву олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамчун китоби дарсӣ истифода мешаванд. Мо бо ӯ перомуни вазъи забони тоҷикӣ дар Ӯзбекистон, рушди муносибатҳои илмиву фарҳангии ду кишвар ва таассуроти ӯ аз сафарҳои ахираш ба Тоҷикистон суҳбат намудем.


– Дуруд, устод. Хуш омадед ба Тоҷикистон!

– Ташаккури зиёд. Мамнун аз онам, ки имрӯз дар фазои сулҳу субот ва ҳамдиливу ҳамгироӣ дар кишвари бароям хеле азиз Тоҷикистон ҳузур дорам. Сараввал барои мустаҳкамкунандагони дӯстиву рафоқати ин ду миллат, роҳбарони оқилу фозил Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев арзи сипос менамоям.

– Шумо ҳамчун олим густариш ёфтани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

– Кушода шудани марзҳои давлатӣ марзҳои қалбҳоро низ боз кард. Имрӯз хурду калони ҳар ду кишвар аз дӯстии миллатҳо шоду масруранд. Банда аз муносибати неки ҳамсоядорӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳанги ҳамдигар ҳамеша хушҳолам. Маҳз гарм шудани муносибатҳо барои мо имкон дод, ки маҷмӯаҳои ҷадид аз нашр бароварда, пажӯҳишҳои нави илмӣ намоем. Ҳамзамон дар ин давра баргузор шудани конфронсу ҳамоишҳо ва рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба рӯҳияи мардуми ду миллати ба ҳам дӯст таъсири хубе гузошт. Дар муддати кӯтоҳи гарм шудани равобит ҳам дар илму фарҳанг ва ҳам дар иқтисодиёт пешравиҳои зиёде ба назар расид. Фикр мекунам, чунин густариш ёфтани робитаҳо ба манфиати ҳар ду кишвар хоҳад буд.


– Устод, нақш ва ҷойгоҳи шуморо дар ҳифз ва рушди забону адаби тоҷикӣ дар шаҳри бостонии Самарқанд муассир медонанд...

– Ман аз солҳои 60-уми садаи гузашта ба ин сӯ барои рушду нумӯи забон ва адабиёти тоҷик дар Ӯзбекистон пардохтаам ва ҳатталимкон хидмат намудаам. Дар нахустин барномаҳои тоҷикии радиои Самарқанд, ки солҳои 60-уми асри ХХ ба роҳ монда шуд, 2 сол ройгон хидмат кардам. Солҳои 80-ум бо эҳтимоми банда маҳфили адабӣ бо номи "Сайқал" ташкил карда шуд. Сипас маҷмӯа-тазкираҳои "Гулдастаи Самарқанд" ба нашр расид. Ин маҷмӯа бо теъдоди сӣ ҳазор нусха бо ҳамкории нашриёти "Адиб"-и шаҳри Душанбе ва нашриёти "Ғафур Ғулом"-и шаҳри Тошканд ба табъ расид. Гуфтан мумкин аст, ки маҷмӯаи мазкур имрӯз дар қатори китобҳои нодир қарор дорад. Ҳамзамон китобҳои зиёде бо қалами банда аз тоҷикӣ ба ӯзбекӣ ва аз ӯзбекӣ ба тоҷикӣ тарҷума шуданд. Инчунин якчанд китобҳои фаннӣ мавриди истифодаи хонандагону донишҷӯён қарор доранд. Соли 1989 бошад "радиокӯпруки Самарқанд-Душанбе" ташкил карда шуд, ки як мавҷро ҳар ду кишвар шуниданд. Баъдан чунин "радиокӯпрук" байни Бухорову Душанбе бо сарварии Иноят Садриддинов ташкил шуд, ки ин хел падида дар таърих хеле кам аст. Соли 1990 нахустин шумораи рӯзномаи "Овози Самарқанд" бо эҳтимоми мо аз нашр баромад, ки ба ифтихори 30-солагии он дар як мақола маълумоти мушаххас додаам. Имрӯз чанд шумораи маҷаллаи нави "Дурдонаи Шарқ" низ ба табъ расидааст. Агар умр вафо кунад, боз нақшаҳои дигаре низ дар назар аст.


– Асоси фаъолияти маҷаллаи тоҷикии "Дурдонаи Шарқ"- ро чӣ ташкил медиҳад?

– Ташкил шудани боз як маҷаллаи тоҷикӣ дар Самарқанд нишони арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддун ва забону адабиёти форсу тоҷик аст. Дар он мақолаву ҳикоя ва дигар нигоштаҳои адибони тоҷику эронӣ, афғон ва умуман форсизабонону тоҷикизабонон нашр мешавад.

– Ташаккури зиёд барои суҳбат!

– Саломат бошед!

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед