Ru  | Tj
Баҳриддин Сабур: “Аз кори кардаам лаззат мебарам”
Баҳриддин Сабур:  “Аз кори кардаам лаззат мебарам”
Аксҳо: Аз ҳамсӯҳбат дастрас гардидааст

Баҳриддин Сабур: “Аз кори кардаам лаззат мебарам”

Нашр шуд

Дар Тоҷикистон ду соли охир YouTube ҳам барои эҷодкорон ва ҳам барои тамошобинон шабакаи муҳим гардидааст. Филмсозони ҷавони мо талаботи мардумро ба назар гирифта, махсус барои YouTube филм таҳия мекунанд. Мо ин ҳамаро ба назар гирифта, бо яке аз филмофарон, ровӣ ва таҳиягари ҷавон Баҳриддин Сабур доир ба фазои YouTube, филми тозатаҳияи ӯ ва сабку услуби мавод барои интернет сӯҳбат намудем. 

- Ба наздикӣ филми нави Шумо бо номи “Санге ба гӯри Лайлӣ” пешниҳод шуд ва теъдоди тамошобинонаш аз миллион нафар  гузашт, ки ин барои сегменти тоҷикии YouTube натиҷаи хуб аст. Оё Шумо бо муаллифи номи филм Хуршед Атовулло мувофиқа кардед, зеро ин номи китоби таронаҳои ин журналист аст? 

-  Бале, пеш аз пахши филм бо муаллифи номи филм Хуршед Атовулло мувофиқа карда, дар анҷоми ҳар як қисми он исми муаллифро ҳам навиштем.

- Мақсади Шумо аз таҳияи филм дар чӣ буд? 

- Нишон додани муносибати як оила ва дар ин росто устувор сохтани муносибатҳои оилавӣ.

- Чаро Шумо нақш ё мавқеи Насибаи Рустамро дар филм равшан накардед?

- Нақши Насибаи Рустам дар филм барои тамошобини зирак рӯшан буд. Ӯ хоҳари модари Фирӯз аст. Дар як саҳнаи филм ҳам модари Фирӯз мегӯяд: - "Ман қабулу гусели меҳмонҳоро ба ту бовар мекунам хоҳарам". Ростӣ дар чанд саҳнаи дигар ҳам нақшофарии Насиба буд, вале дар танзими филм боз ҳам бо сабабҳои техникӣ ин саҳнаҳо роҳ наёфтанд.

- Барои чӣ дар филм садои баъзе ҳунармандон дубляж карда шудааст?

-  Дар баъзан саҳнаҳои филм, махсусан хонаи Фирӯз ҳангоми наворгирӣ нуқси техникии садобардорӣ ба миён омада буд. Аз ин хотир, мо сабти садоҳоро аз нав кардем. Барои дубляжи садои се ҳунарманд садои 3 нафар дубляж шуд. Чунки дар саҳнаҳо ҳарсе хунарманд якҷоя нақш меофариданд.

- Филмро зиёда аз як миллион нафар тамошо кард…

- Ин рақам ҳам боиси шукр ва ҳам масъулияти зиёд аст. Ман масъулияти худро даҳчанд фаҳмидаму дарк кардам, зеро ба ин миқдор бинанда бояд корҳое пешниҳод шаванд, ки аз он чизе бардошт кунанд.

- Шумо факултети журналистикаро хатм кардед, вале ҳоло дар синамо фаъолият мекунед. Ин ба кадом хотир аст: пули зиёд, фазои холӣ ё шавқу ҳавас? 

-  Ман варианти сеюматонро қабул мекунам, яъне аз рӯи шавқу ҳавас ин корро мекунам ва бовар кунед, аз кори кардаам лаззат мебарам. 

- Аз назари Шумо журналист будан хуб аст ва ё коргардони филм?

- Аз нигоҳи ман эҷодкори дақиқназар метавонад ҳам журналист бошад ва ҳам филмсоз. 

- Шумо барои тарғиби идея мекӯшед ва ё барои рушди синамо?

- Аслан филмҳое, ки мо таҳия мекунем барои ҳаводорони синамои миллӣ ҳастанд. Аз нигоҳи мазмун гирем, тарғиботианд ва шояд аз нигоҳи филмсозӣ ба стандартҳои филми касбӣ мувофиқ набошанд, лекин бо ҳамин тими хурде, ки дорем бо қувват ва тавоноиямон кор мекунем ва умедҳои зиёд дорем.

- Оё Шумо мактаби коргардониро гузаштаед?

- Не, ман мактаби коргардониро наомӯхтаам, лекин бо коргардонҳои касбӣ аз соли 2009 инҷониб ҳамкорӣ дорам.

- Шумо аллакай чанд филме таҳия намудаед, бигӯед, ки идея чӣ гуна пайдо мешавад? 

- Идеяҳои филм аз дидани як акс, аз дидани як манзарае, ки шояд фарзанд нисбати модараш беэҳтиромӣ мекунад, ба вуҷуд меояд. Ҳамчунин, шунидани қиссаи зиндагии як нафар ва монанди ин низ. 

- Ду филме, ки Шумо дар соли 2021 дар YouTube гузоштед, мазмунан ба якдигар монанд ҳастанд. Чаро? 

- Аслан, ман дар самти филмсозӣ муносибатҳои оилавиро зиёдтар ба назар мегирам ва ба ҳамин хотир, сужаи филмҳоям ба ҳамдигар монанд аст. Интихоби сужаи ҳарду филм бошад, пешниҳоди худам аст. 

- Чаро Шумо дар филмҳоятон ҳам ҳунармандони касбӣ ва ҳам ғайрикасбиро интихоб мекунед?

- Ҳамеша мехоҳам бо ҳунармандони касбӣ кор кунам, чунки ҳам филм ранги дигар мегираду ва ҳам дар майдони сабт азият намекашам. Аммо баъзан вақт аз миёни ҳунармандони касбӣ чеҳраи лозимиро пайдо намесозем ва маҷбур мешавем, ки барои бозёфти чеҳраи мувофиқ ҳунармадони ғайрикасбиро ҷалб созем.

- Ҳам коргардон ва ҳам ҳунарманд будан дар филм бароятон мушкил нест?

- Аслан банаворгирии филм худаш осон нест. Идея ва сенария ба миён овардан аз як тараф, боз дар майдони сабт бо ҳунармандон кор кардан тамоман нерӯи дигарро мехоҳад. Дар як саҳна ҳамчун муаллифи филм ва ҳунарманд нақш офаридан осон нест, лекин барои ман, ки бо тими кориям солҳост кор мекунам одат шудааст. Ба ҳамин хотир, ҳангоми банаворгирӣ низ он қадар душвориро эҳсос намекунам. 

- Чаро телевизионро як сӯ гузоштаву ба YouTube рӯ овардед?

- Соли 2009 ва баъдан соли 2011 пурра аз телевизион рафтам. Ба шабакаи умумиҷаҳонии YouTube хеле дер омадам, соли 2016, яъне баьд аз 5 соли аз телевизион рафтанам. Барои ман YouTube имконият дод, ки ҳамаи идея ва барномаҳои ҷолибу фарҳангии худро ба шакли васеъ пешниҳод созам. Шояд қолаби барномасозии ман қобили қабули телевизион набуд. 

- Шумо ҳамчун таҳиягар манбаи асосии даромади филмро танҳо дар YouTube мебинед?

- Не, манбаи асосии даромади филмҳои ман аз YouTube нест. Ман боз ҳамчун ровӣ ба маҳфилҳо даъват мешавам. Ҳамчунин, наворҳои тарғиботӣ омода мекунам ва ба сабти роликҳои рекламавӣ низ машғулам.

-  Шумо бо сарпарастони филмҳоятон чӣ гуна шартнома доред?

- Мо аввал бо сарпарастон сужаи филмро бо сметаи филм пешниҳод месозем. Агар барои сарпарастон писанд ояд, баъдан шартнома мекунем. Ростӣ, дар масъалаи пайдо кардани сарпараст барои филм бисёр азият мекашем.

- Оё Шумо филмҳои дигар коргардонҳоро тамошо мекунед?

-  Бале, филмҳои касбии миллиро тамошо мекунам.

- Агар шуморо барои ҳамкорӣ ба Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” даъват кунанд, розӣ мешавед?

-  Ин ба пешниҳодҳо вабастагӣ дорад. Агар ба ман мувофиқ бошанд, албатта розӣ мешавам.

- Шумо баъд аз тамошои ҳар як филми таҳиякардаатон камбудиҳои худро дида метавонед?

- Албатта, ки кор бе камбудӣ намешавад. Бале, пас аз тамошои ҳар филму роликҳои таҳиянамудаамон боз атрофи нуқсону камбудиҳои онҳо соатҳо ҳарф мезанем ва байни худ муҳокима мекунем, то ки дар корҳои оянда онро ислоҳ намоем. 

- Танқидро чӣ гуна қабул мекунед?

- Танқидро бисёр хуб қабул мекунам. Иловатан, бисёр мехоҳам мардум назарашонро нависанд ё бигӯянд, то ки камбудиҳоро ислоҳ кунем. 

- Дар оянда чӣ нақшаҳо доред?

- Агар Худованд бароямон умр бубахшаду сиҳатманд бошем, нақшаҳои эҷодӣ хеле зиёданд. Таҳияи филми навро дар нақша дорем. 



“Texture”. Роҳи муваффақияти Аҳлиддин Маҷидов дар Русия ва ғояҳои инсондӯстонаи ӯ



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед