Ru  | Tj
Балерина Асел Нилобекова: "Тоҷикон ба балет бештар алоқаманд мешаванд"
Балерина Асел Нилобекова: "Тоҷикон ба балет бештар алоқаманд мешаванд"
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Балерина Асел Нилобекова: "Тоҷикон ба балет бештар алоқаманд мешаванд"

Нашр шуд

Дар Тоҷикистон балет дар ҳаёти ҷомеа ҳамеша мақоми хоса дошт. Соли 2021, пас аз омадани роҳбарияти нав, ҳаёти Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба таври назаррас рангинтару ҷолибтар гардид. Ба туфайли барномаҳои рангин ва сафарҳои ҳунарии ситораҳои хориҷӣ, ситораҳои балети мо низ худро ба тарзи дигар нишон доданд. Нахустнамоишҳои овозадор пайваста дар ҷомеа муҳокима мешаванд ва сокинони Душанбе бесаброна пешниҳодҳои навро интизоранд.

Дар Тоҷикистон балеринаҳо на он қадар зиёданд, аз ин рӯ, аксарияти сокинони пойтахт раққосаҳои асосии театри тоҷикро хуб мешиносанд. Яке аз чунин ситораҳо - Асел Нилобекова аст, ки мухлисон фаъолияти ӯро бодиққат пайгирӣ мекунанд, вале кам касон аз тафсилоти ҳаёти эҷодии ӯ огоҳанд.

Дар мусоҳибаи худ бо хабарнигори halva.tj Асел дар бораи чӣ тавр оғоз шудани фаъолияташ, инчунин дар бораи вазъи имрӯзаи балети тоҷик ва тамоюлҳои нави балет нақл кард.


Имрӯз, балеринаи машҳур Асел Нилобекова мегӯяд, ки аз хурдсолӣ ба рақс шуғл дошт. Ӯ фаъолияташро дар ансамбли миллии тоҷикии "Лаъл" оғоз кардааст. Дар синни 10-солагӣ ӯ тасодуфан аз муаллими рақсаш дар бораи қабули шогирдон ба Колеҷи давлатии хореографии Перм огоҳӣ ёфт. Он лаҳза хоҳиши балерина шудан тамоми тарсу ҳароси кӯдаконаи ӯро бартараф кард.

Орзуи балерина шудан дар оилааш ихтилоф ва баҳсҳои зиёдеро ба вуҷуд овард. Падараш ба ин хоҳиши ӯ муқобил буд, вале оқибат розӣ шуд ва ба духтараш иҷозат дод, ки барои таҳсил ба кишвари дигар равад.

Асели даҳсола ба Перм меравад, ва дар рӯзи охирини озмун иштирок мекунад. Вале, бо вуҷуди ин, бахт ба рӯяш механдад ва ӯро қабул мекунанд. Дар пеш ӯро 8-соли тӯлонии таҳсил интизор буд. Албатта, солҳои аввали дурӣ аз хона ва волидайн барои духтарак осон набуд. Вале, ба туфайли меҳмоннавозӣ ва муносибати гарми муаллимону ҳунармандони балет, Асел тавонист ба зудӣ ба шароити нав мутобиқ шавад.

- «Тартибот дар мо хеле сахт буд. Мо ҳақ надоштем, ки бидуни мураббиён аз коллеҷ берун равем. Шабона телефонҳои худро ба мураббиён месупоридем. Илова бар ин, ҷадвали қатъӣ ва интизом ҷорӣ карда шуда буд. Аз соати 9:00 то 17:00 дар колеҷ таҳсил мекардем ва пас аз хӯроки шом ҳар рӯз дар ҳамон як боғ сайругашт мекардем. Мабодо агар як рӯз ба сайругашт ҳозир нашавем - фавран ба назди директор даъват мекарданд. Шояд аз ҳамин сабаб 8 сол зуд сипарӣ гашт. Агар имрӯз ба ман пешниҳод мекарданд, ки ба он ҷо баргардам ва боз 8 соли дигар таҳсил кунам, ман бо камоли хурсандӣ розӣ мешудам. Мо ба мисли як оилаи калон будем, якдигарро дастгирӣ мекардем, муаллимон ба ҷои волидонамон буданд. Бо гузашти вақт, намехостем ба хона баргардем, зеро вақте ки инсон пас аз 8 сол ба ватани худ бармегардад, аллакай дар ин ҷо ягон ёру дӯсташ намемонад, ба ҷуз аз хешовандон. Тамоми умраш дар он ҷо мемонад»,- ба ёд меорад Асел.


Дар колеҷ солистони ояндаи театри опера ва балетро тарбия мекунанд. Баъди баргаштанаш ба хона, пас аз чанд муддат Асел солисти театр мешавад. Вай аввалин рақси яккаи худро дар намоиши «Шелкунчик» дар нақши Маша иҷро намуд.

-«Рақси якка дар намоиши «Шелкунчик» то ҳол аз ҳама нақши дӯстдоштаи ман аст. Фазои солинавӣ, ороиши саҳна, ки моро ба овони кӯдакӣ бармегардонанд, ин ҳама як ҷоду аст!»

Имрӯз Асел тақрибан дар ҳама намоишҳои театри азизи худ ҳунарнамоӣ мекунад. Бо вуҷуди таҷрибаи бой доштанаш, пеш аз ҳар як намоиш ӯро эҳсоси ҳаяҷон фаро мегирад. Бештар аз ҳама, ӯ метарсад, ки мабодо дар пеши назари садҳо тамошобин афтода, хатогие кунад.

- «Ҳеҷ кас кафолат дода наметавонад, ки ҳамааш хуб мегузарад. Албатта, ман низ якчанд маротиба дар вақти намоиш афтода будам ва баъд аз он дар паси парда муддати дароз гиря мекардам. Вале бо гузашти солҳо, акнун он лаҳзаҳоро бо табассум ба ёд меорам. Модарам маро хеле дастгирӣ мекунад. Вай ҳамаи намоишҳоямро тамошо мекунад, ҳатто агар ман бори саддум баромад кунам ҳам. Дастгирии ӯ барои ман хеле муҳим аст».

Ҳоло дар театр ба гала-консерт бахшида ба зодрӯзи Ҳунарманди халқии СССР, балеринаи тоҷик - Малика Собирова омодагӣ рафта истодааст. Нахустнамоиши ин консерти бошукӯҳ рӯзи 21-уми май бо иштироки раққос ва устоди балети рус Сергей Райник баргузор мегардад.

Умуман, ба гуфтаи Асел Нилобекова, дар давоми чанд соли охир дар балети тоҷик тағйиротҳои назаррас ба амал омад - раққосаҳои нави умедбахш рӯи саҳна омаданд, таваҷҷӯҳи аҳолӣ ба балет зиёд гардид, ки ин барои ҳама намуди санъат аҳамияти калон дорад.

Дар рушди мактаби балети Тоҷикистон саҳми худи раққосаҳои асосии иҷрокунанда хеле назаррас аст. Моҳи октябри соли 2020 балеринаҳо Асел Нилобекова ва Фарангис Қосимова студияи хусусии балетии «Арабеск» -ро ташкил карданд.


-«Дар гурӯҳи мо бисёр кӯдаконе ҳастанд, ки волидонашон онҳоро дар синни сесолагӣ барои таҳсил ба студия оварданд ва ин тасмими хеле дуруст ва хуб аст! Эҳсос кардани таваҷҷӯҳи (шавқи) мардум нисбат ба ҳунари худ, барои мо хеле гуворост».

Ба ғайр аз оммафаҳм кардани балети классикӣ, Асел машғулиятҳои балети баданро ташкил намуд, ки барои муҳити Тоҷикистон ин як чизи ғайриоддӣ аст. Ин намуди балет ба ғайр аз унсурҳои анъанавии балетӣ, як миқдор машқҳои бадан (пилатес) ва фитнесро дар бар мегирад. Ҳамаи ин машқҳо бидуни омӯзишиҳо иҷро карда мешаванд.

- «Бархе ба студия барои он меоянд, ки ин ба онҳо писанд аст, дигарон барои вазн партофтан меоянд. Муҳим он аст, ки ин машғулиятҳо ба онҳо ҳаловат мебахшад. Воқеан, занони тоҷик ба боди-балет шавқ пайдо карданд», - қайд мекунад Асел.

Имрӯз, ин балеринаи тоҷик дигар ҳаёти худро бе балет тасаввур карда наметавонад. Дар лаҳзаҳои душвор қаҳрамони мо аз эҷодиёти балеринаи рус Светлана Захарова ва инчунин балеринаи машҳур Малика Собирова, ки Асел ҳамеша мехост ба ӯ монанд бошад, илҳом мегирад.

- «Дар воқеъ, имрӯз раққосони боистеъдоди балет хеле зиёданд. Мехостам дар байни онҳо махсусан Светлана Захароваро, ки эҷодиёташ маро ба ваҷд меорад, қайд намоям. Ман бо изтироб ба ҳаракатҳои равону хиромон ва қиёфаи ӯ назар мекунам! Ӯ беҳамто аст. Аммо аз ҳама беҳтарин барои мо ситораи маъруфи ҷаҳон Малика Собирова аст. Мо ҳамеша ӯро дар ёд дорем ва дӯст медорем».


Балерина дар ҳама давру замонҳо рамзи назокату зебогӣ ба ҳисоб мерафт, аз ин рӯ, ҳар як духтар дар дили худ орзуи донистани сирри он, ки чи тавр зебогӣ ва назокати худро муддати тӯлонӣ нигоҳ доштан мумкин аст, мепарварад. Тавре маълум гардид, қаҳрамони мо дар ин ҷода кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Ба ақидаи вай, аз ҳама муҳим - ин ҳаракат аст:

-«Рости гап, ман ягон хел парҳезро риоя намекунам. Осудаҳолона аз хӯрдани «шириниҳо»-и мухталиф лаззат мебарам. Ман андом ва қомати худро нигоҳ медорам, зеро доимо дар ҳаракат ҳастам. Дар коллеҷ, дар ҳақиқат хӯрокхӯрии моро назорат мекарданд ва маҳдудиятҳо ҷой доштанд, таомҳо танҳо бо буғ пухта мешуданд. Аммо ин ҳама аллакай дар гузашта монд».

Ин балеринаи маъруфи тоҷик орзу дорад дар оянда дар вақти холигиаш дар мактаби хореографӣ таълим диҳад ва ситораҳои нави балети тоҷикро омода кунад.

Дар поёни сӯҳбат, бо истифода аз фурсат, Асел Нилобекова ба хонандагони halva.tj муроҷиат намуда, гуфт:

- «Волидони азиз, фарзандони худро ба мактаби балет биёред. На танҳо онҳоро, балки худатонро низ ба санъат ошно кунед. Мо ҳамеша шуморо дар театри зебои худ интизорем, чун мо барои он фаъолият мебарем, ки тамошобинонро доимо бо намоишҳои нав шод гардонем ва кайфият бахшем. Дар барномаи моҳи май дар шаҳри Душанбе нахустнамоишҳои бошукӯҳу ҷолиб пешбинӣ шудаанд, аз онҳо бебаҳра намонед»!



Чор саҳифаи умр: аз "Беғараз панд" то Facebook ва YouTube-и Нурулло Абдуллоев


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед