Ru  | Tj
Балерина, педагог, ровӣ ва менеҷери оянда. Нозанин Юлчиева кист?
Балерина, педагог, ровӣ ва менеҷери оянда. Нозанин Юлчиева кист?
Аксҳо: Аз қаҳрамони суҳбат дастрас гардидааст

Балерина, педагог, ровӣ ва менеҷери оянда. Нозанин Юлчиева кист?

Нашр шуд

Нозанин Юлчиева 21 сол дорад. Ҳунарпешаи театр буда ва ҳамчунин педагог аст. Аз 14-солагӣ дар театр кор мекунад. Аз 15-солагӣ ба дигарон рақс меомӯзонад. Дар намоишоти бешумори театрӣ иштирок кардааст. Шогирдони зиёд дорад, ки дар чор муассиса ба онҳо ҳунар меомӯзонад. Ровии лоиҳаи “Битва блогеров” мебошадва дар Инстаграм саҳифаашро бисёр хуб пеш мебарад. Ва боз ҳоло қадамҳои худро дар соҳаи менеҷерӣ гузошта истодааст.


Halva.tj бо Нозанин атрофи тамоми паҳлӯҳои зиндагӣ ва кораш суҳбат намуд, ки ҳамакнун манзури хонандагон мегардад.

Аз “бозиҳои” кӯдакӣ то “кӯмакҳои” падар


- Нозанин, Шумо балерина ҳастед, агар аҳамият дода бошед мегӯянд, ки кӯдакии нафарони ба балет машғул буда аз кӯдакии дигарон фарқ мекунад, метавонед он фарқиятро бигӯед?

- Гуфтаатон дуруст аст ва ин суханҳоро ман ҳам шунидаам. Фарқият зиёд буд. Масалан, дар кӯдакӣ агар ҳамсолонам ба бозиҳои кӯдакона вақташонро дар кӯча мегузарониданд, ман дар консерту баромадҳо будам. Ман ҳеҷ бозии кӯдаконаро намедонам ва агар гӯям накардаам, хато намекунам. Кӯдакии ман ба кӯдакии ҳамсолонам монанд набуд. Ҳатто замоне буд, ки маро аз хона мегуфтанд рафта дар кӯча бозӣ кун, аммо намерафтам, зеро на хоҳиш доштам ва на шавқ. Тамоми фикрам ба балет буд.


- Ҳоло ба мо бибиҳоямон аз бозиҳои замони кӯдакии худ қисса мекунанд, агар набераҳоятон дар бораи кӯдакиву замони бозиҳоятон пурсон шаванд, чӣ ҷавоб мегӯед?

- Намедонам, ба онҳо чӣ ҷавоб мегӯям. Вале бовар кунед, ман пушаймон нестам, ки аз кӯдакиям ба кори дӯстдоштаам машғул шудаам ва вақтамро ба бозиҳои кӯча нагузаронидаам.


- Дар кӯдакӣ ё наврасӣ ба ҷуз балет дар бораи касб ё пешаи дигар фикр намекардед?

- Ман ҳамагӣ ду сол дар мактаби оддӣ таҳсил кардаам ва пасон ба мактаби мусиқӣ рафтам. Бо вуҷуди он ки маҳз дар мактаби мусиқӣ чӣ будани рақсро фаҳмидам, вале замоне буд, ки мехостам кайҳоннавард шавам. Ва боз замоне буд, ки мехостам дар соҳаи ҳарбӣ таҳсил кунам, вале ҳоло андеша мекунам он вақт балет дар вуҷуди ман ҷо гирифта буду дигар фикрҳоям танҳо як ҳавас буданд.


- Чун ҳоло Шумо донишҷӯи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ҳастед, бигӯед, ки пас аз хатми Консерваторияи миллӣ ба ин даргоҳ омадед ё хатм накарда?

- Қисса кӯтоҳ, пас аз хатми мактаби мусиқӣ ба Консерваторияи миллӣ дохил шудам ва ҳамон вақт ба Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ба кор шурӯъ кардам. Кор то ҷое расид, ки дар курси сеюм аз консерватория рафта, ба донишкада дохил шудам.

- Барои таълиму тарбияи Шумо киҳо саҳм доранд?

- Дар бобати ёриҳои падар чизе гуфта наметавонам, зеро надидамашон, вале агар чанд шабонарӯз дар бораи дастгириҳову ғамхориҳои модару модаркалонам бигӯем ҳам кам аст. Онҳо ба ман бисёр кӯмак мекардану мекунанд ва ҳар чизе, ки шудам бо шарофати онҳост. Ман ёд надорам, ки чизе хоҳиш карда бошаму онҳо ба ман надода бошанд.


- Агар ёрии модару модаркалонатон намебуд, ба имрӯз мерасидед?

- Мерасидам, вале ин тавр намешудам. Дар касби мо кӯмак расонидану дастгир будан бисёр муҳим ва боз фаҳмидану қабул кардану ҳамфикр шудани аҳли оила муҳимтар аз он.

- Барои ҳунарпешаи балет шудан боз чиҳо лозим аст?

- Муваффақ шудан дар балет бисёр душвор аст. Ба ҷуз хоҳиш доштан боз бояд худат ҳаматарафа омода бошӣ.

Кор, шавқ ва дӯстдорӣ


- Як рӯзатон чӣ гуна мегузарад?

- Чун ман дар чанд ҷой кор мекунам, рӯзҳоям гуногун сипарӣ мегарданд. Агар кори театрро гӯед, саҳар дар дарси балет худамонро омода мекунем. Пасон, барои намоишҳои театрӣ тамрин мекунем. Баъди тамринҳои зиёд хона меравем.


- Агар аз саҳар то бегоҳ дар театр бошед, дигар корҳоятонро чӣ гуна иҷро мекунед?

- Албатта, хоҳиши зиёд доштани вақтро мекунам, вале агар хоҳиш бошад ҳама чизро метавонӣ анҷом диҳӣ.


- Шумо ҳоло дар чор ҷой кор мекунед, ин ҳама даводавҳоятон барои пул ҳастанд?

- Не, умуман. Ман аз шавқ ва дӯстдорӣ корамро анҷом медиҳам. Масалан, кори театрро аз ҷон дӯст медорам. Бо шогирдоне, ки дар студия дарс мегузарам, корро аз дил мекунам. Дар коллеҷ бо бачаҳое, ки кор мекунам, бисёр шавқовар аст ва дар «X-Fit» ҳам ҳамчунин.


- Аҳли оила ба бисёр кор кардани Шумо чӣ фикр доранд?

- Бисёр хуб қабул мекунанд ва хурсанд ҳам ҳастанд, ки ман дар 21-солагиям то ба ин ҳад корамро дӯст медорам ва кӯшиши зиёд мекунам.


- Шумо фикр намекунед, ки дар ҷавониятон қувваатонро бисёр сарф доред ва дар оянда бароятон мушкил мешавад?

- Не, ба фикре ҳастам, ки агар дуруст ва бо меъёри муайян кор кунӣ, ҳеҷ гоҳ пушаймон намешавӣ. Баръакс, фикр мекунам, ҳар қадар, ки бисёр кор кунӣ, ҳамон қадар худро хуб ҳис мекунӣ.

Аз ҳунарпешаи театр то педагог


- Шумо ҳоло расман дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ фаъолият мекунед. Бигӯед, ки кай ва чӣ тавр ба кор омадед?

- Асосан, замоне ки дар мактаби мусиқӣ таҳсил мекардам, аниқтараш аз синни 8-солагӣ дар образҳои кӯдаконаи намоишоти театрӣ нақшофарӣ мекардам, вале он кори расмӣ набуд. Кори асосиям бошад, аз 14-15-солагиям оғоз шуд.

- Кор дар театр барои як духтари ҷавон душвор нест?

- Инсон метавонад ба дилхоҳ касби вазнину серҳаракат одат кунад ва боз мешавад, ки инсон дар ягон касб истодагарӣ карда натавонад. Ҳамааш аз худи мо вобаста аст, агар хоҳем, сабр дошта бошем, кӯшиш намоем ва аз ҳама муҳим корамонро дӯст дорем, ягон омил наметавонад сабаби дилхунукӣ ва корпартоиямон гардад. Барои ман кори театр душвор нест, балки бисёр шавқовар аст.


- То ҷое маълум аст, балеринаҳо барвақт ба нафақа мебароянд, ин омил Шуморо ба кадом фикр меорад?

- Дар ин соҳа рав намегӯянд, вале синну соли тавсиявӣ барои рафтан пешниҳод мешавад. Аниқтараш, ҳар касбе, ки аз намояндааш ҳаракати зиёдро талаб мекунад, ҳамин гуна умри начандон дароз дорад, вале аз ин ҳолат ман хуб бохабарам ва қабул мекунам. Масалан, ман наметавонам дар синни 40-солагӣ нақши шоҳдухтарро иҷро кунам, вале метавонам нақши зан ё модареро офарам. Аз ҷониби дигар, рафтани синну сол охири кори балерина нест, балки ӯ метавонад бо шогирдон кор кунад ва то қадри имкон аз худ ба ояндагон чизе боқӣ монад.

- Кори дигари Шумо ин педагогист. Ҳоло дар театр, дар студия, дар коллеҷ ва боз дар “X-Fit” дарс медиҳед. Бигӯед, ки аз кай Шумо фаъолияти педагогиятонро оғоз кардед?

- Дақиқан аз 15-солагиям дарс медиҳам.


- Шогирдони Шумо дар чанд муддат омода мешаванд?

- Ин таълими инфиродист ва муддати муайян надорад. Масалан, ман бо се духтар панҷ сол аст, ки кор мекунам ва ба онҳо танҳо балетро наомӯзонида истодаам, балки чанд намуди рақсро аллакай аз худ кардаанд, ки метавон гуфт онҳо раққосаи умумӣ мешаванд.

Дар орзуи таъсиси мактаби рақс


- Дар саҳифаи Инстаграматон аз менеҷер будан ҳам хабар додаед, маълумоти соҳавӣ доред?

- Бояд иқрор шавам, ки ман маълумоти менеҷерӣ надорам, балки бо хоҳиши як дӯстам менеҷери саҳифаи Инстаграмаш шудам ва танҳо худамро дар ин соҳа санҷиданиям.

- Ин санҷидан то куҷо давом мекунад?

- Албатта, чанд муддати охир ин соҳа ба ман хеле писанд омада истодааст ва кӯшиш мекунам, ки амиқтар омӯзам.

- Ҳамчунин, чанде пеш Шумо дар нақши ровӣ дар лоиҳаи “Битва блогеров” ширкат варзидед. Аз чӣ гуна ба ҳайси ровӣ интихоб шуданатон дар ин лоиҳа метавонед бигӯед?

- Ман аз кӯдакиям барандагӣ мекунам ва ин соҳа бароям хуб шинос аст. Охири соли гузашта дӯстам Илҳом Фозилов дар бобати лоиҳаи “Битва блогеров” гуфт ва аз ман хоҳиш намуд, ки ровӣ бошам. Ман бо ҷону дил қабул кардам.


- Кор дар лоиҳаи калон душвор набуд?

- Албатта, душвор буд, вале ба ман Илҳом Фозилов, Таҳмина Раҷабова, Умид Абдуллоев ва Фаридун Хайруллозода бисёр кӯмак намуданд, ки бо истифода аз ин минбар ба онҳо ташаккур мегӯям.

- Мавсими дуюми ин лоиҳа кай наворгирӣ мегардад?

- Бо эҳтимоли зиёд тобистон.

- Дар оянда кадом ҳунарҳоро омӯхтан мехоҳед?

- Мехоҳам паҳлӯҳои дигари ҳунари рақосиро аз худ кунам. Ва боз мехоҳам мактаби умумии рақсро таъсис диҳам. Мактаби рақси умумӣ, яъне нафаронеро омода кунам, ки ҳама намудҳои рақсро иҷро кунанд ва ҳам онҳоро “микс” карда тавонанд.


- Шуғл доред?

- Инстаграмамро пеш мебарам. Бисёр мехоҳам аз кори ҳаррӯзаам навор бардошта, хӯшиҳоро бо дӯстонам тақсим кунам.

- Шумо чанд сол шуд, ки дар Инстаграм фаъолед, вале чаро худатонро блогер намегӯед?

- Фикр мекунам номи блогериро бардошта наметавонам. Номи блогерӣ осон нест, ки онро бар душ гирам, ҳоло вақти ҷиддӣ машғул шудан ба ин корро надорам.


- Метавонед ҳамин суҳбатро кӯтоҳ ҷамъбаст кунед?

- Чун ин суҳбати мо мазмунан ангезадиҳанда буд, дар охир мехоҳам баён кунам, ки ҷавонон кори дӯстдоштаи худро анҷом диҳанд, ба қафо нагарданд, падару модарро эҳтиром кунанд, мақсад гузоранду барои ба он расидан кӯшиш намоянд.


Меъёр, талабот, рисолат ва имтиёзҳо. Ровии радио кист ва чӣ гуна кор мекунад?


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед