Ru  | Tj
“Боварӣ, наҳаросидан ва дӯст доштан”. Хубон Орзуева аз формулаҳои осони муваффақият мегӯяд
“Боварӣ, наҳаросидан ва дӯст доштан”. Хубон Орзуева аз формулаҳои осони муваффақият мегӯяд
Аксҳо: Аз ҳамсӯҳбат дастрас гардидааст

“Боварӣ, наҳаросидан ва дӯст доштан”. Хубон Орзуева аз формулаҳои осони муваффақият мегӯяд

Нашр шуд

Имрӯз аз рӯи ихтисос кор накардан ба навъе анъана шудааст ва ин ҷараён гувоҳи он аст, ки насли нав тӯли 4-5 соли таҳсил дар мактаби олӣ хуб дарк мекунанд, ки кадом майдон холист, кадом корро дӯст медоранд ва чӣ кор бояд кунанд. Яке аз чунин ҷавонон Хубон Орзуева мебошад, ки бо вуҷуди ду дипломи сурхи дипломатӣ доштан, ҳоло дар соҳаи тамоман дигар – SMM ва реклама фаъолият дорад ва ин нафар намунаест, ки ҳар кас метавонад берун аз ихтисосаш кори дӯстдоштаашро анҷом диҳад ва дар баробари ин муваффақ ҳам шавад.

Хубон ҳоло ҳаммуассиси агентии рекламавии “Rad branding” ва мутахассиси SMM аст. Мо бо ӯ доир ба муҳиммияти SMM, чӣ тавр худро сохтан, бо мардум чӣ гуна муошират намудан, вазифаҳои “Rad branding” ва умуман кору зиндагияш суҳбат намудем.

Пайраҳаи як ҷавони муваффақ


- Шумо дорандаи ду дипломи сурх бо ихтисоси дипломат, ҳаммуассиси агентии рекламавии “Rad branding”, фаъоли ҷомеа ва... боз дар ин муаррифӣ чиро илова мекунед?

- Духтари дӯстдоштаи оила.

- Чаро?

- Ман кӯдаки хурдии оилаам ва чуноне, ки маълум аст, дар мо ба кӯдакони хурдӣ, ки онро “кенҷагӣ” ё “эркагӣ” мегӯянд, тамоми оила муносибати гарм мекунанд. Ногуфта намонад, ки модарам маро пас аз 12 соли таваллуди бародарам дар синни 42-солагӣ ба дунё овардаанд.

- Шумо аз рӯи ихтисос дипломатед, чаро дар соҳаи худ кор накардед?

- Бале, ман Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистонро бо ду дипломи сурх (зинаҳои бакалаврият ва магистратура) хатм кардаам ва пас аз итмом ба хулосае омадам, ки аз рӯи ихтисосам кор намекунам. Зеро ба фикре будам, ки ҷавони имрӯза метавонад берун аз ихтисосаш ба дилхоҳ кори таъби дили худ машғул шавад ва боз даромади хуб ҳам ёбад. Фикри бисёр кардам ва он чизе, ки худам мехостам ин машғул шудан ба SMM буд ва дар ин самт корро оғоз кардам.


- Аҳли оила, устодон ва умуман атрофиён ба ин қарори Шумо чӣ назар доштанд?

- Ман ва дугонаам - Фарзома як ҷо донишгоҳро хатм кардем ва ҳарду як фикр доштем, ки кори дӯстдоштаамонро анҷом медиҳем. Дар аввал ин қарори маро аҳли оила ҷиддӣ қабул накарданд. Ҳамчунин, устодон ҳам, зеро фикр мекарданд, ки мо аз рӯи ихтисосамон кор мекунем ва иловатан ба коре машғул шудем, ки аксарият намефаҳмиданд, ки он чӣ касб аст. Ҳақиқатан ҳам, кори SMM машғулиятест, ки ба қавле дар кишвар саромадонаш мо ҳастем. Хулоса, дар аввал каме нофаҳмиҳо буд, вале ҳоло ҳамааш хуб аст ва моро аҳли оила дастгирӣ мекунанд.

- Кори SMM-ро Шумо аз интернет омӯхтед?

- Бале, худомӯзӣ кардам.

- Киро метавон мутахассиси SMM гуфт?

- Нафареро, ки босаводона ва шавқовар менависад ва медонад, ки матни фурӯхташаванда кадом аст. Яъне ҳам менависем ва ҳам мефурӯшем, вале на журналист на маркетолог.

- Кори SMM чӣ гуна аст?

- Ҳар нафаре, ки қобилияти фикр кардану бо калимаҳо бозӣ кардан дорад ин кор барояш осон аст, вале набояд фаромӯш кард, барои онҳое, ки танҳо ба хотири пул ба ин соҳа меоянду пас аз он ки дар бораи як ашё бори панҷоҳум ҳам дархост мешавад, ки матн нависанд, албатта, кори душвору дилгиркунанда аст.


- Шумо мутахассиси SMM ҳастед, чаро саҳифаи Инстаграматон обуначии кам дорад?

- Ман “сапожник без сапог” ҳастам. Дуюм, ман блогер нестам ва даъвои инро ҳам надорам, зеро вақтам барои масъулияти душвореро бар дӯш гирифтан намерасад. Ва сеюм, ман намехоҳам ҳаёти шахсиямро ба намоиш гузорам. Аз ҷониби дигар, аксари мутахассисони SMM саҳифаҳои худро фаъолона пеш намебаранд, зеро онҳо барои саҳифаҳои дигарон кор мекунанд.

- Қабул мекунед, ки ҳоло Инстаграм барои ҳар нафар бисёр муҳим аст?

- Бале, дар ин замон Инстаграм майдони озодест, ки ҳар нафар метавонад ҳунари худро нишон диҳад ва боз пули хуб ҳам ёбад.

- Шумо гуфтед вақтатон намерасад, дар як шабонарӯз чанд соат кор мекунед?

- Кори мо эҷодист ва ченакаш соат нест. Ҳар вақте ки кор бошад ва илҳоми эҷодӣ биояд, кор мекунам.

- Шумо кори зиёд мекунед, фикр намекунед, ки кори бисёр дар оянда ба саломатии рӯҳиву ҷисмониятон зарар мерасонад?

- Соли гузашта ба қавле ман рӯҳану ҷисман хаста шудам ва фаҳмидам, ки кори бисёр бар зарар аст. Ҳоло барои саломативу ояндаам бисёр фикр мекунам.


- Шумо замоне менеҷери Рафаел Гулов ва Таҳмина Раҷабова будед. Ин ҳамкорӣ чӣ гуна оғоз шуд ва оё ҳоло ҳам давом дорад?

- Ман дар аввал бо Таҳмина Раҷабова шинос шудам ва ростӣ дар бораи менеҷерӣ фикр ҳам намекардам. Рӯзе маро он кас ба вохӯрӣ даъват карданд ва пешниҳод намуданд, ки менеҷери шахсияшон бошам, то дар пешбурди саҳифаи Инстаграм кӯмак кунам. Ҳамин тавр, мо корро оғоз кардем. Бо Рафаел Гулов ба воситаи Таҳмина Раҷабова шинос шудем ва бо ӯ ҳам корро оғоз кардем. Мо шартномаи ҳамкорӣ доштем ва он тамом шуд.

- Дар вақти ҳамкорӣ фаҳмидед, ки фоидаи Шумо ба онҳо расид?

- Бале, албатта!

Бурду бохти “Rad branding”


- Шумо ҳоло ҳаммуассиси агентии рекламавии “Rad branding” ҳастед, бигӯед, ки ин коргоҳ чӣ гуна пайдо шуд?

- Ин дар хонаи дуҳуҷрагии дӯстамон пайдо шуд. Пештар дӯстам Фарзома ва ҳамкораш дар он ҷо кор мекарданд. Он вақт номаш “Rad branding” набуд, балки ба номи роҳбари он вақта номгузорӣ шуда буд, ки ҳамроҳи Фарзома кор мекард. Он замон мо бисёр кор мекардем, бисёри бисёр. Оҳиста-оҳиста муштариён пайдо шуданд ва онҳо ба мӯҳлати тӯлонӣ бо мо шартномаи ҳамкорӣ мебастанд. Мо каме ба худ омадем ва офиси нав гирифтем. Яъне кор ва шароит хуб шуд. Пас аз чанде дар миёни мо гуногунандешӣ пайдо шуд. Роҳбарамон мехост, ки ширкат бо номи ӯ боқӣ монад, вале мо пешниҳод кардем, модоме, ки се нафар ҳастем, бояд номи махсусе бошад. Ҳамин тавр, мо ҳар кадоме фикри номи нав кардем ва “Rad branding” гузоштем. Ҳамон вақт роҳбари аввала аз кор рафт ва мо ин ширкатро бо ин ном пеш бурдем.

- “Rad branding” чӣ кор мекунад?

- Ба корхонаҳои хурду бузург ва шахсони алоҳидае, ки мехоҳанд дар интернет маҳсулот ё ҳунари худро муаррифӣ кунанд, хизматрасониҳои SMM ва инфлюенсер-маргетингро пешниҳод мекунад.

- Шумо корро чӣ гуна анҷом медиҳед?

- Мо як муштариро мегирем ва се моҳи аввал ҳамагӣ дар бораи он фикр мекунем ва бисёр сахт кор мекунем. Вақте ки системаро сохтем ва дар роҳ рост намудем, тамом. Пасон як мутахассиси SMM-ро мутассадӣ мекунем ва пасон ба кори дигар кас машғул мешавем.


- Дар “Rad branding” чанд нафар кор мекунад?

- Ҳоло тахминан 7 нафар кор мекунем ва албатта дар оянда фикрҳои калон дорем.

- Дар кор миёни Шумо нофаҳмиҳо мешаванд?

- Ростӣ, бо нафари наздик кор кардан аз як ҷиҳат душвор аст, зеро баъзан хотирбинӣ мешавад, вале дар мо чунин нест. Мо бо вуҷуди он ки бо ҳамкорон, хусусан мо - муассисон дӯсти наздикем, вале муносибати шахсиву кориро аз ҳам ҷудо намудаем.

Орзуҳои калон


- Ба фикри худатон ҷавониятон ҳоло чӣ гуна гузашта истодааст?

- Бисёр хуб, бисёр шукр мекунам, ки волидонам ба ман озодиро ба маънои томаш додаанд ва кори дӯстдоштаамро мекунам. Яъне умуман шикоят надорам.

- Барои чӣ шикоят надоред?

- Барои саломатӣ, кор, оила, атрофиён ва ғайраҳо бояд шукр карду шикоятро фаромӯш намуд.

- Агар аз дастатон ояд, чиро иваз мекунед?

- Системаи таълимро. Ман ношукрӣ намекунам ва бисёр хурсандам, ки мактаби олӣ хондаам, вале бояд қабул кунем, ки ҳоло ин система бисёр дилгиркунанда аст. Аксари толибилмони мо имрӯз танҳо ва танҳо махсус барои баҳо мехонанд. Масалан, ҷияни ман ҳар рӯз баҳои “5” гирифта меояд ва аз ин ҳолат бисёр асабӣ мешавам, зеро ӯ ба чизҳое ҳоло вақташро сарф карда истодааст, ки бо эҳтимоли зиёд дар оянда ба кор намеоянд. Фикр мекунам бояд системаи таълимро каме иттилоотӣ ва умуман замонавӣ кунем.

- Мегӯянд дар ин дунё одамони бад зиёданд, ба ин фикр розиед?

- Фикр мекунам ин вобаста аст ба нигоҳи мо, хоҳем як нафарро бад мегӯем хоҳем хуб.

- Шумо панҷ сол пеш донишҷӯ будед, ҳоло ҳаммуассиси як ширкати рекламавӣ ҳастед, ба фикри худатон панҷ сол баъд чӣ корҳоро мекунед?

- Албатта, доираи фаъолияти агентиро васеъ карданӣ ҳастем. Дар соҳаи сайтсозӣ ва IT кор мекунем. Мехоҳем курсҳои доимӣ оид ба омода кардани мутахассиси SMM-ро роҳандозӣ намоем.

- Тавсияҳои шумо ба ҳамсолонатон...

- Ба худ бовар кунанд, аз пеш рафтан наҳаросанд, ба коре машғул шаванд, ки дӯст медоранд.



Умеде аз ноумедӣ. Ё чӣ гуна Фирӯз Исматов мураббии муваффақи футбол шуд?


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед