Ru  | Tj
Бозорёбии расонаҳои иҷтимоъӣ. Чанд асрори ин пеша дар гуфтугӯ бо Шаҳноза Ҳакимова
Бозорёбии расонаҳои иҷтимоъӣ. Чанд асрори ин пеша дар гуфтугӯ бо Шаҳноза Ҳакимова
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Бозорёбии расонаҳои иҷтимоъӣ. Чанд асрори ин пеша дар гуфтугӯ бо Шаҳноза Ҳакимова

Нашр шуд

Social Media Marketing (SMM) ё бозорёбии расонаҳои иҷтимоъӣ – имрӯз яке аз абзорҳои аслии таблиғот ва тиҷорат ба шумор меравад. Ҳадафи аслии шабакаҳои иҷтимоӣ майдон барои иртибот ва гирди ҳам овардани одамон мебошад. Аммо навовариҳо дар бозорёбӣ шабакаҳои иҷтимоъиро ба як майдони бузурги фурӯши молу хидматҳо табдил доданд.

Муаллифи Halva.tj бо мутахассиси SMM ва бозорёби оянда Шаҳноза Ҳакимова перомуни дарки бозорёбии расонаҳои иҷтимоъии муосир гуфтугӯ кард.

SMM, SMM ва бори дигар SMM

- Бисёре аз мардум фикр мекунанд, ки SMM яке аз содатарин заминаҳои бозорёбӣ аст, ки метавон онро дар муддати чанд шаб аз худ кард. Оё дарвоқеъ чунин аст?

- Фикр мекунам, ба ин кор ҳар кас аз ҳар зовия менигарад. Хешкории мо муаррифии хуб, шоиста ва ҷолиби як намоном (бренд) ё шахсият аст. Бовар кунед, кори осон нест, баъзе вақт мондагӣ фаро мегирад.

- Барои мутахассиси шоистаи SMM шудан ба ҳисоби миёна чанд муддат зарур аст?

- Барои касби таҷриба ва малака дастикам ду сол зарур аст, аммо бастагӣ ба худи шахс дорад. Ман ба шумо тавсия медиҳам, то лоиҳаҳои гуногунро биозмоед ва дар ин замина нерӯи худро дареғ надоред, зеро ҳар кор ба натиҷаи дилхоҳ хоҳад расонид.

- Барои мутахассиси SMM шудан дастикам чӣ қадр малака зарур аст?

- Барои ин зеҳни таҳлилӣ, тавоноии созмондеҳии барномаи муҳтавоӣ, тафаккури халлоқ, тамоюл ба омӯзиш, дониши казоии тиҷорат ва соҳибкорӣ доштан лозим аст, зеро ҳар як фармоишгар ба хариду фурӯш сару кор дорад.

- Тафовут байни ҳаваскор ва мутахассис дар чист ва аз рӯйи кадом меъёрҳо метавон бесалоҳиятии корманди соҳаи SMM-ро ошкор кард?

- Шахси бесалоҳият ишқу алоқае ба фурӯш ва дар маҷмуъ ягон ғояи созанда надорад, бидуни фикр аз сифат ва натиҷаҳои кораш муҳтаво месозад, аз рӯзҳои аввал ваъдаи фурӯш мекунад, аз уҳдаи таҳияи барномаи якмоҳа намебарояд, ки ин талаботи маъмултарин барои ҳар як коргар мебошад.

- Оё тафовути қобили таваҷҷуҳе байни SMM дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигар вуҷуд дорад?

- Мардуми мо ҳанӯз ба таври комил диҷитолӣ нашудаанд, аз ин рӯ ҳар касеро, ки аз уҳдаи сохтани видео мебарояд, мутахассиси SMM мешуморанд (механдад). Мо бояд хеле рушд кунем. Ахиран ман дар шаҳри Тошканди Узбекистон будам, ҳарчанд ин аввалин сафари ман ба Узбекистон нест, вале мутаваҷҷеҳ бар он шудам, ки чӣ қадр мардум комилан ба кори онлайнӣ рӯ овардаанд ва рушди онҳо баръало эҳсос мешавад.


- Кадом барномаҳои роҳбурдӣ (стратегияҳо) дар SMM куҳна шудаанд ва дигар ба кор намеоянд? Шояд аз таҷрибаи худ мисолҳо меоред.

- Дигар stories-и зиёд нашр кардан ба дард намехӯрад! Ҳамакнун дар як рӯз ба як кас ҳаҷми хеле зиёди муҳтаво рост меояд, ки аз дидани он  одам хаста мешавад. Зуд-зуд намудор шудан хуб аст, аммо ин кор зиёдаравиро намеписандад.

- Шаҳноза, меъёрҳои муваффақияти вебнавишт (блог) дар чист? То куҷо теъдоди пайнавардон муҳим аст?

- Пайнавардон аслан нақше надоранд. Муҳим сифат аст, на миқдор. Муваффақияти вебнавишт ба мутахассиси хуби SMM, муҳтавои ҷолиб ва ҳадафшинос (таргетолог) бастагӣ дорад. Ҳар як муваффақияти саҳифа бар се поя устувор аст: фармоишгар (касе ки омода аст, то сармоягузорӣ кунад), мутахассиси SMM (касе ки кори худро медонад), ҳадафшинос (касе ки барояш натиҷа муҳим аст).

- Дар сафҳаи инстаграмии худ навиштаед, ки шумо "бозорёби бартари оянда" ҳастед. Барои расидан ба ин мақом чӣ чизе лозим аст?


- Бозорёбҳо оҳуи ҷодугар ҳастанд, ки ба ширкат меоянд ва бо сум задани худ пул пайдо мекунанд (механдад). Барои он ки бозорёби бартар шавам, бояд таҷрибаву дониши бештар дошта бошам ва бояд мисли корофарин фикр кунам. Корофарини хуб, пеш аз ҳама, бозорёби хуб аст. Дар ҳоли ҳозир таҷрибаандӯзӣ дорам ва аз устодонам омӯхта истодаам.

Дар бораи худ

- Шаҳноза, дар кӯдакӣ орзуи намояндаи кадом касб шуданро доштед?

- Мехостам, ки дар риштаи ҳуқуқшиносӣ таҳсил карда, то мартабаи додрас бирасам ва сипас вакили мардумӣ шавам (механдад).

- Торихчаи мутахассиси соҳаи SMM шудани худро нақл мекардед. Бояд ҷолиб бошад.

- Вақти зиёдамро бо тилфон сипарӣ мекардам, аз ин рӯ падарам бо ман ҷанҷол мекард. Ӯ мегуфт: агар аз ин гӯшӣ бештар аз арзишаш даромад надошта бошӣ, ҳақ надорӣ бо он вақти зиёд сарф кунӣ. Он замон дар соҳаи дигар кор мекардам. Тахассуси ман бозорёбӣ нест, аммо ҳамвора ба ин пеша ишқу алоқа доштам. Пас аз он ки дар мавриди SMM маълумот пайдо кардам, барои омӯзиш пул ҷамъ мекардам, аз як дӯстам дурбинро ба орият мегирифтам ва худам дуконҳои либосу косметикаро аксбардорӣ мекардам. Барои ин кор ба ман моҳе 600 cомонӣ дастмузд медоданд.

- Дар баробари кор ягон саргармие доред?

- Дар YouTube, TikTok, Instagram аз назар гузаронидани видеоҳоро дӯст медорам. Филмҳои торихӣ ва мустанадро ҳам тамошо мекунам, мутолиаи китоб, сайругашт бо дӯстон, тамошои филму силсилафилмҳои Netflix, пухтани хӯрок ва хобиданро хеле дӯст медорам. Ман як одами бисёр дилгиркунанда ҳастам (механдад).


- Оё дар коратон ба мушкиле дучор шудаед?

- Барои он ки мутахассиси пурҳаводори SMM бошед, боиста аст, ки шабакаҳои иҷтимоъии худро хуб мудирият кунед. Аммо мутаасифона ҷомеаи имрӯзаи мо бар ин назар аст, ки духтари хуб аксҳояшро дар шабакаҳои иҷтимоъӣ намегузорад ва вебнавишт (блог)-и худро пеш намебарад. Бисёре аз духтарон маҳз ба ҳамин далел аз пешбурди саҳифаҳои худ меҳаросанд. Як замон аз тарс аз андешаи мардум раҳо шудам, зеро ин кор ва саҳифаи ман аст. Ҳарчанд ман дар саҳифаи худ чандон фаъол нестам ва ҷалб кардани таваҷҷуҳи зиёдро дӯст намедорам, кӯшиш мекунам онро пеш барам, чун дар замони муосир шуморо бар асоси саҳифаатон баҳо медиҳанд. Дар ҳоле ки ман ҳаёти дурахшон дорам ва мехоҳам бардоштҳоямро ба дигарон иброз дорам. Мутаассифона, афроде ки худкеҳбин ҳастанд ва уқдаи таҳқир доранд, ҳамеша назари баде нисбат ба афроде хоҳанд дошт, ки “ман”-и худро доранд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед