Ru  | Tj
Чор саҳифаи умр: аз "Беғараз панд" то Facebook ва YouTube-и Нурулло Абдуллоев
Чор саҳифаи умр: аз "Беғараз панд" то Facebook ва YouTube-и Нурулло Абдуллоев
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Чор саҳифаи умр: аз "Беғараз панд" то Facebook ва YouTube-и Нурулло Абдуллоев

Нашр шуд

Нурулло Абдуллоев, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ва яке аз симоҳои маъруф, ки дар театру синамо ва телевизион нақшҳоро ба дараҷаи олӣ иҷро карда, ҳамзамон ровии барномаи овозадори "Беғараз панд"аст, дар ин сӯҳбат оид ба театр, синамо, Facebook, YouTube, ҷавониҳои худ ва наслҳои баъдӣ гуфт.


Саҳифаи аввал

Аз “А” то “Я”-и "Беғараз панд"

- Устод, Шумо чӣ хел ва кай ровии барномаи "Беғараз панд" шудед?

- Таҳиягарони барнома, созандагони он, асосан, устодони ман коргардон Музаффар Ғаниев ва Маҳмуд Тоҳирӣ (рӯҳашон шод бод!) буданд. Нахустнамоиши он соли 1975 ба эфир баромад. Ман дар баъзе саҳначаҳои ин намоиш нақшҳо иҷро кардаам... Азбаски чашмони устодам М. Тоҳирӣ фишор дошт ва он кас зери шуои нурафканҳои (прожекторҳои) равшан зиёд истода наметавонистанд, маро соли 1977 чун ровӣ даъват намуданд.

- Аввалин барномаи "Беғараз панд"-ро дар хотир доред, оё ягон ҳодиса ё воқеаи хотирмон рух надода буд?

- Аввалин сабтро дар ёд дорам, фикр мекунам ҳеҷ гоҳ аз хотир зудуда намешавад ва ҳамин тавр ҳам ҳаст, зеро ба андешае ҳастам, ки шахсони эҷодкор аввалин рӯзҳо ва рӯзҳои боқимондаи корияшонро хоҳ-нохоҳ, дар хотирашон нигоҳ медоранд ва ман ҳам дар ҳамин қаторам. Ёдам ҳаст, ки дар намоиши аввал хеле дар ҳаяҷон будам. Он вақт бозмондани дастгоҳҳои наворбардорӣ кори осону сода набуд. Ман дар он лаҳза ҳам ҳаяҷон доштам ва ҳам тарс. Сухан мерондаму дар фикре будам, ки ҳозир ё лаҳзаи дигар гапамро гум мекунам.

Ҳамин тавр, пас за чанде яке аз нурафканҳои болои сари ман таркид. Музаффар Ғаниев аз ҳамон боло, аз сари пулт ба воситаи баландгӯяк ба ман расонданд: Нурулло, оғои Тоҳирӣ мегӯянд, ки “ба ҳаяҷони Нуруллои мо ҳатто нурафкан тоб наоварда таркид ва шогирди ман бо ҳамин роҳ қасоси чашмони маро аз нурафкан (прожектор) гирифт... Чизе ки набошад, ин гуфта маро хеле ором кард ва ман намоишро осудатар бурдам.

- Мақсади асосии барнома дар чӣ буд ва оё созандагони ин барнома ҳама он чизе, ки мехостед, ба сомон расондед?

- Инро таошобин медонад. Фақат ҳаминро мегӯям, ки ба ман хеле зиёд мактуб меомад. Мо аз рӯи он мактубҳо саҳначаҳо месохтем ва ба воситаи панди ниёгон ҷавоб мегуфтем.

- Чаро як муддат қатъ шуда буд?

- Дар ин муддат, аз соли 1977 то саршавии нооромиҳо ин намоиш бетанаффус мерафт. Файласуфе мегӯяд: “Вақте ки одамон бо ҳамдигар ба забони тӯпу туфанг гап мезананд - олиҳаҳо (фарҳанг, санъат) хомӯш мемонанд..."

Дар ин муддат он чанд бор қатъ гардид ва эҳёи аввалини он меҳнати Асадулло Раҳмонов аст, пас аз ба кори дигар гузаштанашон он бори дигар қатъ гардид.

- Қиссаи дуюмбора ва бо номи дигар тавлид шудани барнома чӣ гуна рух дод?

- Эҳё ва номи дигари барнома “Андарзи ниёгон” ба вазири муҳтарам Саидзода тааллуқ дорад.

- Ҳоло дар телевизион ин барномаро пеш мебаред?

- Ҳоло ман дар YouTube “Беғараз панд”-и худро дорам.


Саҳифаи дувум

Аз аввалин нақш то драматургияи миллӣ

- Аввалин нақши офаридаи Шумо дар театр кай ва он чӣ нақш буд?

- Баробари ба театр чун ҳунарпеша омаданам (то он вақт ман чандин сол дар театр коргари саҳна - монтажкунанда будам) нақшҳои зиёде доданд, ки ман бештари онҳоро хеле ноуҳдабароёна иҷро мекардам... Аз ин лиҳоз, нақши эпизодии (хурдакаки) Ноиби Қозикалон аз “Алломаи Адҳам”-и Сотим Улуғзода, ки онро бузургустодам Маҳмудҷон Воҳидов рӯи саҳна оварда буданд, нақши аввалини худ мешуморам.

- Аввалин нақши офаридаи Шумо дар синамо кай буд ва он чӣ нақш аст?

- Аввали солҳои 80 -уми асри гузашта. Нақши Саид-мерган дар филми се силсилагии “Хонаатон обод бод!”. Коргардони Таҳиягар - Тоҳир Собиров.

- Худатонро дар театр ё синамо, яъне кадоме аз инҳо мувофиқтар медонед?

- Театр ва синамо ҳар яке душворӣ ва кайфияти худро дорад ва дараҷаи муваффақияти ҳунарпеша дар ин саноеъ ба дасти тамошобин аст.

- Мо Шуморо дар нақшҳои манфӣ бисёр кам мебинем. Набозидани нақши бад ба чеҳраатон созгор нест ё хоҳиши худи Шумост, ки коргардонҳо нақши бад надиҳанд ва ё нақши бадро бозида наметавонед?

- Аслан ҳунарпеша дар театр аз рӯи гуфтаи коргардонҳо ва роҳбарияти имрӯза, ҳуқуқи рад кардани нақши супоридаро надорад. (Ҳарчанд вай чунин ҳуқуқро дорад). Дар тӯли 50 сол ман нақшҳои зиёдеро иҷро кардаам. Мазҳакавӣ, манфӣ, фоҷиавӣ, романтикӣ... Худи ҳамон Ноиби Қозикалон ваҳшие буд, ки одамонро чашми дидан надошт. Ва инро аз ҳеҷ кас пинҳон ҳам намекард.

- Театр бе синамо ва синамо бе театр буда метавонанд?

- Театр ҳазорсолаҳо бе синамо арзи вуҷуд мекард, вале вуҷуди синаморо бе театр вақт нишон медиҳад..

- Зиндагии актёрони хориҷиро дида, ҳавас намехӯред, афсус намегӯед, аз зиндагии гузаронида ва доштаи имрӯз розӣ ҳастед?

- Агар муродатон аз “ҳавас”- ҳасад бошад, не, ҳасад намехӯрам...

“... Боре Довуд аз Луқмон пурсид:

- Акнун, ки пир шудаӣ, аз ақли ту чӣ миқдор боқист?

Луқмон гуфт:

- Он қадр, ки нигоҳ намекунам дар чизе, ки кофӣ нест ба ҳоли ман. Ва заҳмат намекашам, дар таҳсили илме, ки муҳтоҷ ба он нестам...”

- Оё дар кишвари мо бо касби бозингарӣ метавон шоиста зист?

- Биёед, ман аз шумо пурсам: соҳиби кадоме аз ин касбҳо бо маоши худ метавонад зиндагии шоиста ба сар барад: журналист, духтур, муаллим, актёр, коргардон, ҳофизи филармония ё опера, муҳандис, агроном?


- Ман гап надорам...

- Ман бошам гапамро гуфтам...

- Дар як сол дар чанд филм нақш меофаред, то шоиста зиндагӣ кунед?

- Ҳар чӣ бештар бошад, ҳамон қадар беҳтар.

-Аҳли оилаатон ба театр меоянд?

- Бале.

- Ба нафароне, ки аз мактаби актёрӣ нагузаштаанду ба синамо меоянд чӣ гуна муносибат мекунед?

- Ҳарчанд калимаҳои "истеъдод" ва "маҳорат" ба ҳамдигар наздикие доранд, вале яке доди Худо асту (истеъдод) дигаре натиҷаи заҳмат (маҳорат). Ҳангоме, ки мусиқии Мотсарт ва Солериро гӯш мекунед, ҳис мекунед, ки ҳарду ҳам хеле форам, дилнишин, даҳшатнок, зебо садо медиҳанд, вале дар яке аз онҳо ҷон ҳасту дигаре бо ҳама дороӣ - беҷон аст... Зеро яке аз онҳо бо истеъдоди худодод навишта шудааст, дигаре бо маҳорати хеле баланд... Ва мактаби актёрӣ ин ҷо дахле надорад.

- Таъсири як асар чанд вақт дар сар мемонад?

- Осори асари хуб якумрӣ, асари сарсарӣ, рафтуомадаш ҳам сарсарист.

- Ҳамин рӯз агар фармоне барояд, ки тамоми театрҳои Тоҷикистон баста шавад ва актёрҳоро ҷавоб диҳед дар ҷомеаи мо чӣ тағйирот мешавад?

- Ҳеҷ... Ҷомеаи мо имрӯз ба он омода аст...

- Шуморо ҳамчун ҳунарпеша, ровӣ ва драматург муаррифӣ мекунанд. Вақте ки мегӯянд: “Мо драматурги хуб надорем” ин ҷумларо чӣ гуна қабул мекунед?

- “Мо драматурги хуб надорем”... Аз афташ ин ҷумларо ягон коргардони беҳунар ё камҳавсала, чун баҳонаи беҳунарии худ бофта баровардааст... Баъди он ба дасти журналисте, ки на аз адабиёту на аз таърихи адабиёт ва на аз илми журналистика хабар надорад, меафтад. Ва ӯ бо ин савол ба оне муроҷиат мекунад, ки захираи адабиаш ба донишу савияи ин журналист баробар аст...

Зеро вай медонист, ки ҳар ҳарфе, ки аз зери қалами нависанда, шоир, журналист, файласуф, олим баромадааст, он пеш аз ҳама драматургия аст. Аз Рӯдакию Сино то Лоиқу Исфандиёри Назар.

“Коргардони хуб “Китоби рақами телефонҳо” ё “ретсепти доруҳои духтур”- ро тавре рӯи саҳна меорад, ки тамошобин бо завқи тамом онро тамошо мекунад. Ё баръакс аз асарҳои Шекспиру Гёте чизи дупулае месозад...

Аз рӯи оятҳои Қуръони азиммушшаън ва умуман он чор китоби осмонӣ даҳҳо филмҳо бардошта шудааст ва то абад чунин хоҳад буд. Зеро он ганҷест, ки охир надорад.

Ашъори ду ҳаким, Умари Хайём ва Абуалӣ ибни Сино дар ҳошияи асарҳои илмиашон навишта шудааст.

Гиннеси ошпаз, тамоми рекордҳоро дар ҳошияи “китоби хӯрокҳо” ба қайд гирифтааст...


“Не, мефаҳмӣ, мо ҳозир, ана ҳамин рӯз, ана ҳамин соатро дар назар дорем”- гуфтан, ин баҳонаҷӯӣ ва “узри бадтар аз гуноҳ”аст.

Чӣ, китобҳои Рӯдакиро оташ заданд? Шоҳномаро гӯр кардаанд, Ҳофиз, Бедил, Саъдӣ, Мавлавӣ, Биноӣ... Айнӣ, Турсунзода, Лоиқ... Онҳо мунтазиранд... Ана драматург! Ана драматургия!

Агар касе гӯяд, ки ман драматург ҳамонеро мешуморам, ки агар навишта бошад:

ЭШМАТ - Ман бузи ягонаамро имрӯз ба бозор мебарам.

ТОШМАТ - Чаро маҳз дар рӯзи чоршанбе?

ЭШМАТ - Намедонам. Занам фармуд...

ТОШМАТ - Ин тавр бошад, албатта бар! (ба як тараф) Ташаккур занак! Барои вохӯрӣ бо ман замина тайёр мекунад...

Чунин одам, чӣ режиссёр бошаду чи адиб ё журналист баҳонаҷӯю беҳунар аст... Чизи дӯстдоштаатро, мавзӯъро ёбу омӯз ва номҳоро гузор. Мешинӣ мо драматург надорем гуфта...

Коргардони хуб, ҳатто ана ҳамин мусоҳибаи ҳардуямонро рӯи саҳна меорад ва онро тавре пешкаш менамояд, ки мардум аз тамошояш сер намешаванд.

- Як драмаи калонҳаҷм ва машуҳри шумо драмаи «Кӯҳистонӣ» аст, бигӯед, ки ин чӣ гуна тавлид шуд?

- Дар айёми кӯдакӣ, вақте тифлакон бо ҳам “меҷанганд”, бештари мағлубшудагон гӯштингир ё муштзан мешаванд. Ман ҳам ҳамин тавр...

- Бо иловаи романтика, ишқ, лирика...

- Дуруст аст, ки ин асарро дар 10 рӯз навиштаед?

– Бале, драмаи “Кӯҳистонӣ”-ро ман дар 10 рӯз навиштам ва ногуфта намонад, ки “Кӯҳистонӣ” аввалин драмаи ман аст.  Онро ман дар соли 1984 навиштам ва соли 1986 ба намоиш гузошта шуд.

– Ба фикри худатон асаре, ки дар 10 рӯз навиштаед, чаро ин қадар маъруф шуд?

– Ман фикр мекунам, ки як сабаби зиёдтар машҳур шудани “Кӯҳистонӣ” ин доштани тарҷумаи забони русист. Як тарҷумон, (номашро фаромӯш кардам) драмаро пурра ба забони русӣ тарҷума кард, вале дар миён як шеър дорад, ки тарҷума ношуда мондааст. Ману вазири вақт Нур Табаров ба Русия рафта будем ва он ҷо бо Расул Ғамзатов вохӯрдем. Доир ба ину он сӯҳбат кардем ва дар миён шеъри тарҷуманошударо гузоштем. Ҳамон лаҳза шеърро дар як “салфетка” Нур Табаров ба русӣ тарҷума карда (тарҷумаи калимагӣ), ба Расул Ғамзатов дод, эшон дар ҳамон ҷо дар “салфетка”-и дигар шеърро бо забони аварӣ тарҷума намуда, ба тарҷумонаш дод. Рӯзи дигар тарҷумонаш шеърро оварда, ба мо дод, ки бисёр тарҷумаи хуб шуда буд.

- Чаро дар мо аксарият, хусусан зиёиҳо меноланд?

- Саволи баъдӣ чист?

- Шумо ҳам аз зиндагии доштаатон менолед?

- Саволи баъдӣ ҳам мазмунан ба ин ду монанд аст?

- Бале. Барои ҳунарманд доштани унвон муҳим аст?

- Ба ин се савол бо чор мисраи шеърӣ ҷавоб медиҳам, ки фикр мекунам бори ҷавобро мекашад:

Мо ҳеҷ касони кӯи ёрем,

Мо сӯхтагони хомкорем,

Чун гул зи хушӣ ба ханда кӯшем,

Ҳарчанд либоси жандапӯшем.

- Агар ба Шумо унвон намедоданд, чӣ кор мекардед?

- Худамро аз қуллаи Исмоили Сомонӣ... не, беҳтараш аз қуллаи Эверест (Ҷамалунгма) мепартофтам, вале... он вақт ҳам ба ман унвони “Кӯҳгарди Хизматнишондода...” медоданд... Бо иловаи “Пас аз марг”... Тамоми ҳунармандони Аврупо ва қитъаҳои дигар унвон надоранд. Балки чӣ будани онро намедонанд. Намурдаанд-ку?


Саҳифаи севвум

Аз Facebook то YouTube

- Мо мебинем, ки навиштаҳои шумо дар Facebook аз ҷониби мардум бисёр хуш қабул карда мешаванд, умуман кай тасмим гирифтед, ки дар ин шабакаи иҷтимоӣ саҳифаи худатонро дошта бошед?

- Қариб як сол мешавад.

- Дар пеш бурдани саҳифаатон дар Facebook кӣ ё киҳо ба Шумо ёрдам мекунанд?

- То андозае бачаҳоям, аммо ҳоло дигар худам ҳам бе ёрии нафаре бисёр амалҳоро иҷро карда метавонам.

- Дар як рӯз чанд соати вақти худро сарфи Facebook мекунед?

- Танҳо соате ки аз намоз ва аз театр фориғ бошам.

- Як тарафи мусбат ва як тарафи манфии корбари Facebook буданро ба мо метавонед бигӯед?

- Ин ҳамон тӯри моҳидор дар уқёнус аст, ки ҳар кас моҳии тиллои худ, ақиқаи худ, ё халтаи холии худро мебарорад. Ва ин хоси фарҳанг ва фаҳмиши ҳар як каси алоҳида аст.

- Шумо ҳоло дар YouTube ҳам фаъол ҳастед, идеяи дар ин самт кор кардану барнома пешниҳод кардан аз куҷо пайдо шуд?

- Ҳоло дар замоне зиндагӣ дорем, ки ҳунарманд бояд бинандаву мухлиси худро ҷӯяд, чун мебинем, ки мардум дар YouTube ва Facebook бисёртар менишинанд, ман ҳам бо роҳнамоии ҷавонон ва дӯстонам ба ҷустуҷӯи фазои маҷозӣ баромадам. Интернет фазои кушод, озод ва пур аз рақобату дилгармиҳо аст. Умед дорам, ки ҳаводорони сухани воло ва фарҳангдӯсту бомаърифат моро оҳиста-оҳиста меёбанд.

- Киҳо ба шумо дар ин кор ёрдам мекунанд?

- Думанҷон - ҷавони қазоқ, ки маҳз барои шиносоӣ бо ман забони тоҷикиро омӯхтааст.

- Шумораи обуначиҳоятон дар YouTube чанд нафар аст?

- То имрӯз 305 нафар. Умед мебандем, ки шумораашон зиёд хоҳад шуд.

- Шумо Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ҳастед ва шояд фаъолтарин нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз миёни ҳунармандон бошед, чӣ тавр ба ин расидед?

- Не, ман ин тавр гумон намекунам, фаъолҳо зиёданд. Ман вақти холигиямро ба шабакаҳои иҷтимоӣ бахшиданро омӯхтам ва фикр мекунам ин кори бад нест. Дар фазои маҷозӣ, ки ҳар гуна матлабро дучор омадан мумкин аст, беҳтар мешавад мардум ба наворҳову навиштаҳои мо ҳам рӯ ба рӯ шаванд ва истифода кунанд.

- Аз кадомӣ пушаймонед: аз пайвастан ба Facebook ва YouTube, ки вақти шуморо мегиранд ё аз дер пайвастанатон, ки бояд барвақт ворид мешудед?

- Ҳар коре вақту соати худро дорад ва он ба ихтиёри мо нест. На аз ину на аз он пушаймон нестам.


Саҳифаи чорум

Аз ҷавонӣ то ҷавонон

- Ба фикри Шумо як чавони намунавӣ чи гуна бошад?

- Ҳар давру замон ченаки намунаи худро дорад. Ман бар онам, ки ба онҳо халал нарасонам. Бигзорем, ҳар тарзе ки мехоҳанд ҳамон тавр бошанд. Бигзорем, кори мехостаи худро кунанд. Бигзорем, касби дӯстдоштаи худро интихоб кунанд. Бигзорем, либоси мехостаи худро пӯшанд. Бигзорем, сухан ва мавқеи худро дошта бошанд.

- Ба фарзандонатон чӣ мондан мехоҳед ва умуман як нафари идеалӣ бояд чӣ монад?

– Меҳру муҳаббат, тарбияи хуб, инсондӯстӣ. Бовар кунед, ман баъзан ба худам ҳасад мебарам ва мехоҳам, ки ҳама мисли фарзандони ман фарзанд дошта бошанд.

- Хатмкунандгони макотиб барои чӣ ба актёрӣ биёянд ва ё наоянд?

- Ба онҳо тавсия медодам, ки китоби ҳикоёти Купринро хонанд. Дар боби омадану наомадан дар он ҷо хуб гуфта шудааст.

- Чаро калонсолон мегӯянд, ки ҷавонон ба театру кино намераванд, вале худашон ҳам намераванд?

- Намедонам. Шояд намоишҳо мутобиқи завқ ва шавқи онҳо нест.

- Ба ҷавонони мо ҳоло чӣ намерасад?

Шӯру шаре, ки ҷавонии ман дошт. Шояд ин дилтангӣ ё хӯрдагирии пирӣ бошад... Ман задухӯрди байниҳамии мухлисони футболро дар назар надорам.

Кӣ дар айёми ҳаждаҳсолагиаш,

Шабе бе печу тоб ором хуфтаст,

Кӣ дар айёми ҳаждаҳсолагиаш

Ба ҳаққи духтаре шеъре нагуфтаст...

- Ҷавонии як ҷавони 25-сола аз 25-солагии шумо чӣ фарқ дорад?

Мо либосҳои гуногун мепӯшем ва тарзи афкору рафторамон низ фарқ мекунад. Ва ин дуруст аст.

- Дар зеҳнатон саволе доред, ки ба он ҷавоб гуфтан хоҳед?

- Не. Пас аз ҷавоб гуфтан ба ин ҳама саволҳои Шумо танҳо истироҳат кардан мехоҳам.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед