Ru  | Tj
Дамирбек Олимов: Гумон намекардам, ки рӯзе ҳунарманд мешавам
Дамирбек Олимов: Гумон намекардам, ки рӯзе ҳунарманд мешавам
Аксҳо: аз манбаъҳои боз

Дамирбек Олимов: Гумон намекардам, ки рӯзе ҳунарманд мешавам

Нашр шуд

Имрӯз, 20-уми март, овозхони саршиносу ҷавонмарги тоҷик Дамирбек Олимов зодрӯз дорад. Дили хунёгари номошно дар соли 2022 бар асари тасодуфи ронандагӣ аз тапидан бозмонд. Ин овозхони чирадаст ҳанӯз 33 сол дошт, вале пас аз сари худ таронаву оҳангҳои ҷаззобу маънидор ба ёдгор гузошт.

Halva.tj ба хотири гиромӣ доштани ному ёди ин сарояндаи шаҳир яке аз мусоҳибаҳои охирин бо ӯро ҳамрасонӣ мекунад.

ВАҚТЕ ПИСАР САРОЯД, СОЗИ ДИЛИ ПАДАРРО

- Қабл аз он ки Дамирбек Олимов сарояндаи шинохтаи кишвар шавад, кӣ буд?

- Як бачаи одӣ, ки дар қалбаш орзуҳои зиёд дошт.

- Дар чӣ муҳите ба воя расидаед?

- Ман дар оилаи ҳунарманд ба воя расидаам. Падарам Ботурбек Олимов сароянда ҳастанд.

- Дар консертатон бо падар дуэт мехонед. Овозашон хеле зебо аст. Чаро карйераи эшон сурат нагирифт?

- Бале. Падарам натавонистанд, ки дар миқёси ҷумҳурӣ шуҳрат ёбанд. Сабабаш дар он аст, ки дар айни авҷи эҷодиёташон ба солҳои душвори 90-уми асри гузашта рост омад. Солҳои вазнин буд. Тавре медонед, барои он ки ҳунарманд шуҳрат ёбад, пули зиёд лозим аст. Дар он солҳо пули калон пайдо кардан як тараф истад, нонёбӣ душвор буд. Ҳамин тавр падарам натавонистанд, ки карйера бикунанд. Ҳол он ки зарфияти эшон хеле зиёд ва овозашон хеле дилнишин аст. Ҳамон дуэте, ки сароидем, ба мухлисон бисёр писанд омад. Гумон мекунам, орзуву ниятҳои он кас ва эҳтирому миннатдории ман ба эшон дар ин суруд бозтоб ёфтааст.


- Дар суҳбатҳои пешинатон гуфтаед, ки оилаи шумо як муддат дар Хуҷанд зиндагӣ карда, пасон ба деҳаи Ғазантараки ноҳияи Ғончӣ, ҳоло Девоштич кӯчиданд. Сабаб чӣ буд?

- Бале. Мо солҳои 90-уми асри гузашта дар шаҳри Хуҷанд будем. Соли 2000-ум ба деҳа кӯчидем. Сабаб дар он буд, ки падарам фарзанди хурдӣ буданд ва бобову бибии шодравонам ба нигоҳбин ниёз доштанд. Корҳои падарам низ дар Хуҷанд хуб пеш намерафт. Бинобар ин ба деҳа кӯчидем, зеро назар ба шаҳр зиндагӣ дар деҳа осонтар аст. Одам заҳмат кашад, аз замин ҳам ризқ меёбад. Падарам дар деҳа бештар тӯйгардӣ мекарданд ва ҳамин тавр зиндагиамон андак хуб шуд.

- Шумо, як бачаи шаҳрӣ, ба муҳити деҳа чӣ гуна одат кардед?

- Ман бибиву бобоямро бисёр дӯст медоштам. Дар канори онҳо будан барои ман хушбахтӣ буд. Бинобар ин душвориҳои зиндагии деҳа ба чашмам наменамуд.

- Чӣ душвориҳо дошт зиндагӣ дар деҳа?

- Албатта душвор буд. Корҳои саҳро, алафдаравӣ, коҳкашиву коҳҷамъкунӣ, молпойӣ ва дигар корҳои зиндагӣ бароям душвор буд, вале аз уҳдаашон ба хубӣ мебаромадам.

- Шумо яккаписар будед. Табиъист, ки нозпарварди падару модар будед. Чӣ гуна шуморо ба корҳои саҳро мефиристоданд?

- Ман ҳеч гоҳ нозпарвард набудам. Яккафарзанд будам, вале нозпарвард не. Ҳеч гоҳ ба падарам пофишорӣ накардаам, ки фалон чизро ба ман бихар. Гарчанде ман яккаписар будам, либосҳои бачаҳои амакаму аммаамро мепӯшидам, анбонашонро гирифта мактаб мебурдам. Онҳо имкон доштанд, мехариданд. Мо ки имкон надоштем, либоси онҳоро мепӯшидам ва ман аз ин шарм ҳам намекардам, зеро мефаҳмидам, ки зиндагӣ душвор аст...


ПАЙРОҲАИ ҲУНАР

- Азобҳои падарро дида, чаро боз роҳи ҳунарро интихоб кардед?

- Ин ба гумонам амри сарнавишт буд. Ман ки ба падарам пайравӣ карда суруд мехондам, зуд навохтани асбобҳои мусиқиро ёд гирифтам. Дар деҳа мо Хушбахт Ҳакимов ном сароянда доштем. Аз синфи 6 ё 7 дар назди ҳамон кас навозандаи синтезатор шудам. Тӯйҳо мерафтем ва он кас ба ман пул медоданд. Ман аз ҳамон вақт пулҳоямро ҷамъ мекардам, ки суруди худамро сабт кунам. Вале гумон ҳам намекардам, ки рӯзе ҳунарманд мешавам.

- Пас шуморо чӣ такон дод?

- Падарам завқи маро ба ҳунар дида пурсиданд: «Ту дар ҳақиқат ҳунарманд шуданӣ ҳастӣ?» Чӣ гуфтанамро намедонистам. Он кас сукути маро аломати ризо пиндошта гуфтанд: «Барои ҳунарманд муҳим аст, ки навозандаи хуб бошад. Туро ба коллеҷи ҳунари Содирхони Ҳофиз мебарам. Дар ҳамон ҷо таҳсил мекунӣ». Ҳамин тавр ҳам шуд. Дар коллеҷ дар синфи танбӯр таҳсил кардам, вале овозамро ҳам сайқал медодам.

- Ба муҳити ҳунармандони Хуҷанд чӣ гуна роҳ ёфтед?

- Бо душворӣ. Вале бахтам хандид, ки ман ҳамеша бо одамони нек шинос шуда, пуштибонӣ дидаам. Ҳангоми таҳсил дар коллеҷ фикр кардам, ки чӣ кор кунам, ки пул ёбам, то парадамро аз пардохти пули таҳсил озод кунам. Навозандагиам дар ин ҷо ба кор рафт. Ба дастаи ҳунарии устодон Даврон Алиматов, Абдумавлон Дадабоев ва Анвар Исломов ҳамроҳ шуда, бо онҳо тӯйгардӣ мекардам. Ба ҳайси навозандаи синтезатор. Баъдан ба дастаи ҳунарии устод Ҷӯрабек Муродов пайвастам. Дар консертҳояшон танбӯр менавохтаму дар тӯйҳо синтезатор ва гоҳо бо эшон ҳамовозӣ мекардам. Ҳамин тавр каме пул пайдо карда, ҳаққи таҳсилро додам ва суруди «Ҳабиби ман»-ро аввал сабт ва баъдан намоҳанг (клип) ҳам сохтам.


- Боре ҳам нияти тарки ҳунарро кардед?

- Бале. Баъди хатми коллеҷ ба гурӯҳи «Нури Хуҷанд», ки роҳбараш устодам Ҳунарманди мардумии Иттиҳодиия ҷамоҳири шуравӣ Ҷӯрабек Муродов ҳастанд, ба кор пардохтам. Дар баробари ин дар гурӯҳи эстрадии «Садои Суғд» низ фаъолият доштам. Вале ҳеч корам пеш намерафт, бинобар ин борҳо дилгир шуда, хостам ба муҳоҷират равам. Вале ҳар бор ҳам Суҳроб Шониёзов, ки дар «Садои Суғд» ҳамкор будем, монеъ мешуданд. Мегуфтанд, ки ту оянда дорӣ. Ҳамин тавр мондам.

- Он замон суруди шумо «Зулфони майда» ҳам хеле машҳур шуда буд...

- Бале, онро телевизиони «Баҳористон» тақрибан ҳар рӯз пахш мекард, вале чеҳраи маро нишон намедод. Рақси духтарони гурӯҳи «Маҳастӣ»-ро нишон медоду халос. Ман ростӣ қаҳрам омад. Бинобар ин бо ҳамин гурӯҳ, ки таҳти роҳбарии Нилуфар Тоҷибоева фаъолият дорад, намоҳанги сурудро сабт кардам.

ЗАНГИ САРНАВИШТСОЗИ НИГИНА

- Шуҳрати воқеъии Шумо пас аз дуэтсароӣ бо Нигина Амонқул ба даст омад...

- Бале. Ман инро инкор намекунам...

- Ин идея чӣ гуна пайдо шуд?

- Ман қаблан бо Нигинабону дар консертҳо шинос шуда будам, вале эшон ки ситораи шинохта буданд, ба он кас пешниҳоди дуэтсароӣ надодам. Идеяи дуэтсароии моро Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Убайдуллоҳи Раҷаб медиҳанд. Дар ҷашни саросарии Наврӯз дар соли 2012 устод Убайдуллоҳи Раҷаб коргардон-таҳиягар буданд. Ба Нигина мегӯянд, ки деэт иҷро кунад. Нигина маро интихоб карданд. Инро тақдир нагуфта чӣ гуфтан мумкин аст?

- Сурудро чӣ тавр интихоб ва сабт кардед?

- Ман аз ин гапҳо бехабар будам ва дар автовакзали Хуҷанд мусофир ҷамъ мекардам.


- Мусофир барои чӣ?

- Рости гап, он солҳо ҳар рӯз ба деҳа рафта меомадам. Он вақтҳо мошини «Опел» доштам, ҳар субҳу шом аз деҳа ба шаҳру аз шаҳр ба деҳа ҳамроҳи худ чор нафар мусофирро бурда меовардам, то маблағи сӯзишвориро кор кунам. Дар яке аз чунин рӯзҳо телефонам занг мезанад. Ҷавоб додам. «Салом Дамирҷон, ман Нигина Амонқулова» - гуфтанду ман шокӣ шудам. Ҳамин тавр он кас фаҳмониданд, ки мо бояд дуэт хонем ва розигии маро пурсиданд. Ман даррав розӣ шудам. Он кас гуфтанд, ки роёнишонӣ (почтаи электронӣ)-ямро бо паёмак равон кунам, то матни сурудро фиристанд. Ман роёнишонӣ надоштам. Зуд ба маркази интернетӣ давида барои худам роёнишонӣ фаъол кардам ва ба Нигина фиристодам. Ҳамин тавр дуэти мо сабт шуд.

- Ин кадом дуэт буд?

- «Ялалум».

- Вақте мегӯянд, ки Дамирбек аз пушти Нигина машҳур шуд, чӣ эҳсосе шуморо фаро мегирад?

- Ман ифтихор мекунам, ки бо чунин ҳунарманди ҳирфаӣ ва маҳбуб ҳамкорӣ кардаму мардум маро шинохт. Нигина хоҳари ман ҳастанд, бинобар ин ба ман хушоянд аст. Дигар ин ки ман ба ҷуз аз ин се дуэте ки бо эшон иҷро кардам, се маҷмуъа сабт кардам, яъне роҳи худамро пайдо кардам.

АЗ ҶӮРАБЕК МУРОДОВ ТО АФЗАЛШОҲИ ШОДӢ

- Дар консертҳоятон Ҷӯрабек Муродовро падари маънавӣ мехонед. Нақши эшон дар рушди шумо то куҷо муассир аст?

- Дар паҳлуи устод Ҷӯрабек Муродов будан худ давлати калон аст. Ман ифтихор мекунам, ки аз ибтидои фаъолияти эҷодиям эшон маро зери қанот гирифтанд, тарбия карданд. Ҳамчун сарояндаи «Шашмақом» ман дар назди устод сабзидам. Дар мавриди он ки аввалин қадамҳоямро дар ҳунар аз навозандагӣ ба устод ва бэквокал бо эшон оғоз карда, ду сӯм пул ёфта, қоматамро рост кардам, болотар зикр кардам. Бояд таъкид кунам, ки устод ба навозандагонашон маблағи хуб медиҳанд. Бовар кунед, ин хел шахсият дар таърихи миллати мо ягона аст. Эшон ҳам сарояндаи бузург, ҳам инсони бузург ҳастанд, дар баробари ин хоксоранд.

- Бо Афзалшоҳи Шодӣ ҳам дуэт сароидед. Ҳамкории шумо чӣ гуна оғоз шуд?

- Ман аз кӯдакӣ мухлиси устод Афзалшоҳи Шодӣ ҳастам. Он кас дӯсти падарам ҳастанд, борҳо ба хонаи мо омадаанд. Вале баъди ба воя расиданам маро надида буданд. Ҳамон солҳое, ки дар тӯйҳо навозандагӣ мекардам, дар як тӯй устод даъват шуда буданд. Устод омаданд, вале навозандаҳошон дертар расиданд. Он кас каме хашмгин шуданд. Ман гуфтам, ки устод хавотир нашавед, ман имрӯз навозандаи шумо мешавам. Ҳамин тавр ба устод бо синтезатор хидмат кардам. Он кас ҳайрон шуданд, ки ҳама оҳангҳои эшонро медонистам. Пурсиданд, ки ту аз куҷо ҳама оҳангҳои маро медонӣ? Гуфтам мухлисатон ҳастам ва фарзанди Ботурбек Олимов. Дар ҳамон тӯй ба ман дуо доданд ва маро ба шогирдӣ пазируфтанд. Солҳо орзуи дуэтсароиро бо устод дар дил мепарваридам. Як рӯз дар Душанбе пас аз консерт ин фикрамро ба устод гуфтам. Он кас пазируфтанд ва суруди «Наомадӣ»-ро пешниҳод доданд. Ман дигар суруд мехостам, вале пешниҳоди устодро рад накардам. Ин суруд ва ин намоҳанг хеле машҳур шуд. Аз устод сипосгузорам. Умрашон дароз бод, ҳунарманди бузурги миллатро.


ТАВЛИДИ СУРУД

- Аз миёни сарояндагони ҷавон яке аз маънисароён шумоед. Матни сурудҳоятонро чӣ тавр интихоб мекунед?

- Бовар кунед, барои сабти як тарона ва баъдан намоҳанг сохтани пули калон сарф мешавад. Бинобар ин ман мехоҳам маблағро барои таронаи босифат сарф кунам, ки ба дили мухлисон роҳ ёбад. Дар интихоби матн, оҳанг ва идеяи сабти намоҳанг хеле сахтгирам. Матнро аз китобҳо мегирам ё дӯстони шоир бо супориш менависанд. Оҳангро ҳам худам бо оҳангсоз танзиму тартиб (аранжировка) мекунам. Намоҳангро бо коргардон Қурбон Бобоҷонов сабт мекунем.

- Барои сабти намоҳанг чӣ қадар маблағ пул мекунед?

- Ман зихнагӣ намекунам. Ҳарчи зарур аст, фароҳам мекунам. То 100 ҳазор сомонӣ сарф мекунам барои сабти намоҳанг.

- Дар намоҳангҳоятон бештар нақши асосиро худатон бозӣ мекунед. Сабаб дар чист?

- Инро коргардон талаб мекунад.

- Вазъи эстрадаи тоҷикро чӣ тавр арзёбӣ мекунед?

- Ман ҳанӯз ба ин пурсиш посух дода наметавонам.

- Тӯйгардӣ ҳам мекунед?  

- Бале.

- Бар ивази хидмататон чанд пул мегиред?

- Ман нархи муайян надорам. Тӯйдорҳо аз 8 ҳазор то 20 ҳазор сомонӣ пул медиҳанд. Ман шогирди устодон Ҷӯрабек Муродов ва Афзалшоҳи Шодӣ ҳастам. Борҳо мешавад, ки ройгон ҳам меравам ба тӯйҳо. Дуои мардум муҳимтарин чиз аст. Инро аз устодонам омӯхтаам.

АЗ ҲАР БОБ

- Дар бораи оилаатон бигӯед.

- Шукр, оилаи обод дорам ва се фарзанд – Иззатмоҳ, Олимҷон ва Хуррамшоҳ.

- Ҳамсаратон ба касби шумо чӣ гуна созиш кардааст?

- Албатта каме рашк ҳам мекунад, вале одат кардааст. Фақат аз он розӣ нест, ки ман шабҳо дер меоям ва саҳарҳо дер аз хоб мехезаму фарзандонамро дида наметавонам.

- Чӣ орзу доред дар дил?

- Дар Хуҷанд то ба имрӯз дар хонаи падарӣ зиндагӣ мекунам, ки дар баландошёна аст. Ҳавлии барҳаво харидам. Орзу дорам, ки ба он ҷо кӯчам ва падару модарамро аз деҳа ба шаҳр орам. Дигар ҳарчи Худованд хоҳад:

На ҳар чиз ки хоҳем он мешавад,

Худо ҳар чӣ хоҳад ҳамон мешавад!

- Чӣ ҳадафҳои эҷодӣ доред?

- Хеле зиёд. Мехоҳам таронаҳои тоза ба тоза эҷод карда, консертҳои нав ба нав баргузор кунам ва ба мардуми азизам хидмат кунам.


ЭЙ БОР ХУДОИ АРШУ КУРСӢ

Дамирбек Олимов дар заволи умр бештар ба таронаҳое рӯй овард, ки ниёишӣ ҳастанд. Одатан инсон, бавижа инсони ҳунарманд замоне ба ниёиш рӯ меорад, ки ботинаш пур шуда бошад. Пур аз дард, пур аз фараҳ, пур аз ғам, пур аз шодӣ, пур аз эҳсос, пур аз рамз, пур аз роз. Хулоса пухта расида бошад. Охирин таронае, ки ӯ тамрин мекард ва ҳоло онро сабт накарда буд «Ё Аллоҳ» ном дорад ва рубоии машҳури Абӯсаиди Абулхайр ҷузъи ин суруд аст:

Эй бор худои аршу курсӣ,

Шаш чиз ба мо ато фиристӣ,

Имону амону тандурустӣ,

Илму амалу фарохдастӣ.

Худованд, Дамирбек – ҳунарманди ҷавонмарги миллати моро дар арши баланд ҷой бидиҳад....

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед