Ru  | Tj
Давлатмурод Каримов: “Ҳар як соҳаи эҷод ҳатман ҳадафи идеологию сиёсӣ дорад, аз ҷумла филмҳои аниматсионӣ низ”
Давлатмурод Каримов: “Ҳар як соҳаи эҷод ҳатман ҳадафи идеологию сиёсӣ дорад, аз ҷумла филмҳои аниматсионӣ низ”
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Давлатмурод Каримов: “Ҳар як соҳаи эҷод ҳатман ҳадафи идеологию сиёсӣ дорад, аз ҷумла филмҳои аниматсионӣ низ”

Нашр шуд

Дар сегменти тоҷикии шабакаҳои интернетӣ ва марказҳои фиттафурӯшӣ барои кӯдакону наврасон филмҳои тасвирии тоҷикии истеҳсоли ватаниро дарёфтан хеле мушкил аст ва ё умуман номумкин аст. Агар бошанд ҳам, тамошобини хурдсоли тоҷик аҳёнан ба он таваҷҷӯҳ мекунад, чун ба тамошои филмҳои тасвирӣ бо забони русӣ, англисӣ, узбекӣ ва ё дубляжи филмҳои хориҷӣ бо забони кӯчагӣ, ки пур аз калимаҳои қабеҳу дашном аст, одат кардааст. Дар Муассисаи давлатии “Телевизиони кӯдакон ва наврасон – Баҳористон” ҳам аксаран филмҳои тасвирии хориҷиро бо забони русӣ ва гоҳе бо тарҷумаи тоҷикӣ пахш мекунанд. Дар Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” шуъбаи филмҳои аниматсионӣ фаъолият мекунад, ки тайи чанд соли охир чандин филмҳои тасвириро бо забони тоҷикӣ истеҳсол кардааст. Вобаста ба ин мушкилот ва бурду бохти дигари филмҳои тасвирии тоҷикӣ суҳбате доштем бо муаллиф ва муҳаррири филмҳои тасвирии ин шуъба Давлатмурод Каримов.

- Барои насли хурдсоли мо дар баробари кам будани филмҳои истеҳсоли ватанӣ дар фазои интернетӣ ва марказҳои фиттафурӯшӣ филмҳои тасвирие гардиш мекунанд, ки бо забони кӯчагӣ тарҷума ва дубляж шудаанд. Кӣ ин гуна филмҳоро паҳн мекунад ва ҳадаф аз чунин тарҷумаҳои сабуку дағал чист?

- Асосан дар студияҳои хусусӣ дубляж мешаванд ва паҳнкунандагони ин гуна филмҳо танҳо як ҳадаф доранд – маблағ ба даст овардан. Чун медонанд, мардум бо шева ҳарф мезананд ва як гурӯҳе ҳам ҳастанд, ки ин гуна чизҳои сабукро зуд қабул мекунанд, аз ҳамин роҳ фоидаи муфт мегиранд. Дар зеҳни онҳо тарбияи дурусти насли нав, тарғиби забони адабиву гуфтори малеҳ ва фарҳангу маданияти миллӣ нест. Танҳо хоҳиши зиёд кардани тамошобинон дар шабакаҳои интернетӣ ва пул кор карданро пеша кардаанд. Онҳо дар тарҷумаи филм ҳарчи хоҳанд мегӯянд, ҳатто ҳарфҳои қабеҳу дуруштро низ истифода мебаранд. Ҳол он ки бо забони адабии тоҷикӣ метавон ҳамон филмҳоро тарҷума кард. Чун дубляжи тоҷик таърихи ҳудуди 80 – 90 – сола дорад, аз ӯҳдаи тарҷума ва овоздиҳии ҳама гуна филмҳо бе мушкилӣ мебарояд. Тарҷума бо лаҳни зебои тоҷикӣ дар доираи одобу ахлоқи нек ба зеҳни кӯдак бисёр таъсири хуб мерасонад.

- Оё дар “Тоҷикфилм” филмҳои тасвирӣ дубляж мешаванд?

- Дар “Тоҷикфилм” асосан филмҳои бадеӣ ва мустанад дубляж мешаванд. Ба дубляжи филмҳои тасвирӣ студияҳои хусусӣ ва шабакаҳои телевизионӣ, махсусан, “Телевизиони кӯдакон ва наврасон – “Баҳористон” сари кор дорад. Онҳо, ки ҳам имкониятҳои техникӣ ва зарфияти хуб доранд, на танҳо як филм, балки силсилафилмҳоро метавонанд тарҷума кунанд.


- Пас чаро дубляжҳои дағалу кӯчагӣ ба интернету бозорҳо хеле зуд паҳн мешаванд? Оё аз болои дастандаркорони ин тарҷумаҳо назорат ҳаст?

- Ин гуна дубляжҳо агар дар шакли диск паҳн шаванд, назорати онҳо осон аст. Он чизе, ки дар фазои маҷозӣ паҳн мекунанд, назораташ қариб ки ғайриимкон аст. Мутаассифона, онҳо бо “Тоҷикфилм” ҳамоҳанг намекунанд, дар ҳоле ки муваззафанд. Шӯрои бадеии муассиса бояд ҳар як филмро пеш аз паҳни он аз назар гузаронад. Вале ин чиз ба таври бояду шояд амалӣ намешавад. Филмҳое, ки дар телевизионҳо дубляж мешаванд, аз назари шӯрои бадеии ҳамон муассиса ҳатман мегузаранд.

- Ҳоло дар ҷомеаи мо бо фарзандон аз хурдӣ бо забони русӣ ҳарф задан урф шудааст, ки аксари онҳо рафта – рафта бо забони модарии худ дуруст сухан гуфта наметавонанд. Ғайр аз ин бо таъсири омилҳои гуногун дар ҳама самтҳои соҳаи санъат таваҷҷуҳ ба чизҳои сабук бештар шудааст. Ба фикри Шумо филмҳои тасвирӣ бо забони тоҷикӣ дар ҳоли рушду тарғиби дуруст тамошобини худро меёбанд?

- Сирф ба забони адабӣ таҳия кардан ҳам филмро як навъ қолабиву дилгир месозад. Устод Айнӣ ҳам мегӯяд, ки аз ҳар гуфтори зебое, ки дар шеваю лаҳҷаҳо ҳастанд, ба забони адабӣ гулчин кунед. Дар гӯишҳои мардуми мо бисёр ифодаҳои хушоҳанге ҳастанд, ки кас мехоҳад онҳоро дар филм аз забони ин ё он қаҳрамон истифода кунад, то ин филмро ҷолибтар месозад.

Албатта, онҳое, ки мехоҳанд бо забони нобу шевои тоҷикӣ барои фарзандони худ як ғизои маънавие бигиранд ва онҳоро дар роҳи арҷгузорӣ ба забону фарҳангу маданияти миллӣ тарбия кунанд, ҳанӯз ҳам ҳастанд. Онҳое, ки завқу салиқаи баланд доранд, ҳатман ҷустуҷӯ мекунанд ва офаридаҳои хуби моро тамошо мекунанд. Филмҳое, ки дар “YouTube” – канали мо гузошта мешаванд, бо гузашти вақт шумораи муайяни тамошобинонро пайдо мекунад. Барои ҷалби бештари тамошобинон ва қонеъ кардани талаботи онҳо кӯшиши як шуъбаи мо кофӣ нест. Студияҳои хусусӣ ва аз ҳама бештар телевизионҳое, ки бо самти фаъолияти мо алоқаманданд, бояд саҳмгузор бошанд.

- “Тоҷикфилм” дар самти паҳну тарғиби филмҳо чӣ гуна имкониятҳо дорад?

- “Тоҷикфилм” ниҳоди истеҳсолкунанда аст, вале барои пахшу тарғиб муваззаф нест. Зерсохтори “Тоҷикфилм” – “Тоҷиккино” ва шуъбаи тиҷорат бояд фаъолияти худро дар самти тарғиб ва фурӯши маҳсулоти мо ҷоннок намоянд. Ғайр аз ин барои пахши филмҳои тасвирии ватанӣ телевизионҳо ҳам бояд ҳамкории зич дошта бошанд, махсусан, “Телевизиони кӯдакон ва наврасон – Баҳористон”. Ин муассиса бояд бо шуъбаи аниматсия ҳамкории махсус дошта бошад, то аз раванди офариниши филмҳои нав огоҳ бошанд ва барои пахш тариқи телевизион мусоидат кунанд. Агар чунин ҳамкориҳо мешуданд, кори мо ҳам пеш мерафт, бинанда ҳам аз филмҳои нав баҳравар мегардид.

- Пас, чаро дар ТВ “Баҳористон” филмҳои тасвирии “Тоҷикфилм” қариб ки ба назар намерасад? Мушкилӣ дар чист?

- Роҳбарияти шуъбаи филмҳои аниматсионии “Тоҷикфилм” ба телевизиони “Баҳористон” барои аз ҷониби онҳо харидорӣ кардани филмҳои мо борҳо муроҷиат карда буд. Вале аз он ҷониб баръакс, даъво карданд, ки шуъба бояд барои пахши филмҳои тасвирӣ ба “Баҳористон” маблағ пардохт намояд. Охир мо ягон студияи хусусӣ нестем ва дар ҳайати “Тоҷикфилм” фаъолият мебарем. “Баҳористон” ҳам ҳамчун як муассисаи давлатӣ вазифадор аст, ки ба маҳсулоти мо таваҷҷуҳ намояд ва онҳоро харидориву пахш кунад. Ҳар филме, ки офарида мешавад, як хароҷоти муайян дорад ва мо онро бояд рӯйпӯш намоем. Ҳамин тавр, маҳсулоти тайёри мо дар архив мемонанд ва мо маҷбурем, ки худамон ақаллан тариқи шабакаҳои интернетӣ каму беш филмҳоро пахш кунем. Ҳоло мо зиёда аз сӣ филме дорем, ки телевизиони “Баҳористон” онҳоро бояд харидорӣ мекард.

- Мушкилоти асосие, ки барои фаъолияти шумо бештар садди роҳ мешаванд?

- Проблемаи асосии мо имрӯз агар аз як ҷониб норасоии технология бошад, аз ҷониби дигар нарасидани мутахассисони баландихтисос дар ин соҳа мебошад. Шуъбаи филмҳои аниматсионии “Тоҷикфилм” қариб даҳ сол мешавад, ки аз нав эҳё шудааст. То имрӯз як шумораи муайяни ҳамон технологияҳои муосир аз ҷониби муассиса ба шуъбаи мо харидорӣ шудааст ва ҷавонони боистеъдоде ҳам ҳастанд, ки кори худро бо шавқ пеш мебаранд. Дар шуъба бо шумули рассомон, аниматорон, режиссёрон ва муҳаррирон ҳудуди шаш – ҳафт нафар кор мекунанд ва онҳое низ ҳастанд, ки тариқи шартнома дар ҳолати амалӣ шудани ягон лоиҳа ба кор ҷалб мешаванд.

- Тӯли даҳ соли эҳё фаъолияти шуъба чӣ гуна буд ва кадом филмҳои таҳиякардаи онро ба сифати намунаҳои беҳтарин ном бурдан мумкин?

- Дар шуъбаи мо тайи ин даҳ сол хеле филмҳои бисёре таҳия шуданд. Филмҳои кӯтоҳе, ба мисли “Деви мевахӯр”, “Саргузашти гандум”, “Ҳамсояҳо” ва “Зани порсо”, ки ҳама аз афсонаву осори бузургон баргирифта шудаанд. Ғайр аз ин ду сол пеш як лоиҳае доштем, ки дар асоси он барои ҳар як ҳарфи алифбои тоҷикӣ филмҳои аниматсионии кӯтоҳ бояд меофаридем. Вале бинобар сабаби қатъ шудани маблағгузорӣ ҳамагӣ 20 – 21 филм офаридем ва дар назар аст, ки соли оянда кори лоиҳа соли оянда аз нав барқарор шавад.

- Аз офаридаҳои пештараи шуъба кадом филмҳо боқӣ мондаанд?

- Дар архиви муассиса филмҳои тасвирие, ки дар замони шӯравӣ ва баъд аз он таҳия шудаанд, зиёданд. Вале, мутаассифона, боз ҳам бо сабаби набудани технология онҳоро аз лентаҳо ба формати нав баргардон кардан имкон надорад. Барои ин хароҷот ва вақти зиёд лозим аст.


- Шумо дар бораи таҳияи филмҳо аз рӯи афсонаҳои халқӣ ва ривоятҳои пандомези бузургон таҳия шудани чанде аз филмҳо гуфтед...

- Нависандаи ирландитабор Шон Окейси ба ин мазмун мегӯяд, ки таърих ду кашфиёти бузургро дидааст: яке китобу рӯзнома, ки инсонҳоро ба ҳам сарҷамъ намуд ва дуюмӣ телевизор, ки ҳамаро аз хондану сарҷамъӣ дур кард. Насли калонсолтари мо мисли гузаштагонамон бо шунидани афсонаҳо ба воя расиданд. Бибию бобоҳои мо ҳама набераҳоро сарҷамъ мекарданд ва гирди як сандалӣ нишаста соатҳо афсона мехонданд. Баъзе афсонаҳо на танҳо кӯдакон, ҳатто ҷавонҳоро ҳам ба ин доира ҷазб мекард. Масалан, ривоятҳое ба мисли “Салим – паҳлавон”, “Самаки Айёр” ё “Ҳазору як шаб” ба дили ҳар ҷавон роҳ меёфт. Бо рушди технология афсонаву ривоятҳо рӯи лентаи синамо омаданд. Имрӯз ба шакли филми тасвириву киноҳо ба мо пешниҳод мешаванд ва як навъ ҷойгузини китобу китобхонӣ ҳам шудаанд.

- Вале тамошои филмҳо бо қаҳрамонони халқӣ ҳам метавонад ба зеҳни кӯдак таъсири хубе бирасонад. Дар осори классикон ҳам дар бораи қаҳрамониҳои аҷдодонамон достонҳо кам нестанд. Кадом филми тасвирӣ аз рӯи ҳамин гуна достонҳо офарида шуд ва ё таҳияаш дар нақша ҳаст?

- Аз рӯи асари ин ё он нависандаи классик таҳия кардани филми тасвирӣ меҳнату хароҷоти зиёдтареро талаб мекунад. Чанде пеш мо хостем аз рӯи достони “Ҳафт хони Рустам” – и “Шоҳнома” – и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ як филме таҳия кунем дар ҳаҷми сӣ ё чил дақиқа. Вале чун вориди кор шудем, ҳанӯз дар марҳилаи лоиҳасозии филми тасвирӣ дарк кардем, ки ба ин чиз мо маблағи кофӣ, техника ва мутахассис надорем. Яъне он зарфияте, ки имрӯз “Тоҷикфилм” дорад, барои офаридани чунин филмҳо намерасад. Бинобар ин, лоиҳаи онро низ қатъ кардем ва бо даст ёфтани аввалин имконият ҳатман идома хоҳем дод.

- Аз адибони муосир киҳо бештар бо шумо ҳамкорӣ мекунанд?

- Муаллифони филмҳои тасвирӣ нависандаи бачагона Азизи Азиз (филми тасвирии “Ҳамсояҳо”), Шераки Ориён (“Саргузашти гандум”), Умеда Раҳимова (силсилафилми “Алифбо”) ва боз дигар нависандаҳои хушқалам ҳастанд, ки бисёр филмномаҳои содаву равон ва ҷолиб омода мекунанд.


Худамон ҳам аз рӯи асарҳо филмномаҳо меофарем. Сенарияи хуб як ҷузъи филм аст ва асос маблағ, технология ва мутахассис аст.


- Вақте тарғиби идеология тариқи синамо мегӯем, чиро дар назар дорем?

- Дар ҳама соҳаи эҷод, чӣ санъат, мусиқӣ, адабиёт ё синамо ҳар чизе, ки офарида мешавад, як ҳадафи идеологию сиёсӣ дорад. Масалан, филми тасвирии “Ҳоло ист!”, ки то имрӯз маҳбубияти хоса дорад, як навъ тарғиби идеологияи ҳукумати онвақта буд. Дар замони шӯравӣ вобаста ба идеологияи ҳамон давра бештар афсонаҳои халқи рус рӯи пардаи аниматсия оварда мешуданд. Баъди ба даст овардани истиқлол акнун синамо дар ҳар як давлат идеологияи дигарро тарғиб мекунад. Аниматсия ҳамчун як қисми синамо насли хурдсолро ба ин идеология метавонад раҳнамоӣ кунад. Ин як машинаи пуриқтидорест, ки давлат бояд идораи онро дар даст дошта бошад.

Ҳамаи мо филми тасвирии русии “Маша ва Хирс” – ро медонем. Агар таҳлил кунем, Маша – ин қаҳрамони афсонаҳои халқии рус аст. Хирс ҳам як намоди мардуми славянтабор аст. Муаллифони ин филм тавонистанд ҳардуи ин қаҳрамонро якҷо карда, як силсилафилми тасвирии ҷолибу диданӣ омода созанд. Воқеан, имрӯз онро ба чандин забонҳои дунё тарҷума кардаанд ва кӯдакон бо шавқ тамошо мекунанд.

Вақте идеология гуфтем, маҷмӯи идеяҳоро дар назар дорем. Чун синамо худ як навъи санъат аст, барои ҷоннок кардани идеологияи фарҳангии ҳукумат ва гузашта аз ин тарбияи кӯдакон, насли наврас ва ҷавонон дар рӯҳияи миллӣ, ҳисси худшиносӣ ва худогоҳӣ ба ҳамон эҷодиёти халқамон ва бузургони адабиёт такя карда, чунин филмномаҳо офаридан лозим аст. Албатта, дар филмномаҳои мо вобаста ба талабот ва рӯҳияи замон баъзе тағйироту навгониҳо ворид кардан мумкин аст.

- Муаллифи филмномаи филми тасвирии “Нахӯдак”, ки ҳоло шуъба аз болои он кор карда истодаед, кист ва сюжети он чӣ гуна хоҳад буд?

- Ин идеяи навбатии якҷояи ман бо сардори шуъбаи филмҳои аниматсионӣ Фирдавс Насруллозода аст. Филми тасвирии “Нахӯдак” аз афсонаҳои халқии тоҷик сарчашма мегирад. Ин тасмими мо пеш аз ҳама барои қонеъ кардани талаботи бинандагон ва рушди филмҳои тасвирии тоҷикӣ равона шудааст. Ин афсонаҳо аз насл ба насл гузашта, то замони мо расидаанд ва дар тарбияи наслҳои нав таъсир гузоштаанд.


Қаҳрамони филми мо ҳамон Нахӯдаки ба ҳамаи мо аз кӯдакӣ ошно, ки дар афсонаҳои бобову бибӣ ва волидонамон шунидаем. Образи Нахӯдак бисёр серҳаракат аст. Ба мо дар кӯдакӣ аз корномаҳои ӯ нақл кардаанд. Дар сюжети филм низ асли ҳамон афсона ҳаст, вале боз якчанд корномаи наве илова кардем, ки ба пештараҳо монанданд. Филм ҳудуди шаш – ҳашт дақиқа давом хоҳад кард ва ин барои мо як таҷриба ҳам ҳаст. “Қобилият” – и нави нахӯдак ин аст, ки метавонад гоҳе бинавозад, суруд бихонад ва ё аз усулҳои якҳарбаи шарқӣ истифода кунад. Ин ба филм як намуд динамика мебахшад. Агар филм динамика надошта бошад, кӯдак дар дақиқаҳои аввал аз тамошояш дилгир мешавад.


- Нақшаҳои ояндаи шуъбаи филмҳои тасвирӣ дар самти офаридани филмҳои нав чӣ гунаанд?

- Чун ҳоло филми “Нахӯдак” дар ҳоли коркард аст, баъди ба бинанда расидани он вобаста ба бархӯрдаш амал мекунем. Агар аз тарафи бинанда хуб қабул шавад, нақша дорем, ки “Нахӯдак” – ро ба силсилафилм табдил диҳем.



Раънои Зоирдухт: “Бояд посдори фарҳанги ниёгон бошем!”




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед