Ru  | Tj
Фарҳанги ору номус ё худ чаро занҳои тоҷик дар мавриди таҷовуз шуданашон хомӯширо ихтиёр мекунанд
Фарҳанги ору номус ё худ чаро занҳои тоҷик дар мавриди таҷовуз шуданашон хомӯширо ихтиёр мекунанд
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Фарҳанги ору номус ё худ чаро занҳои тоҷик дар мавриди таҷовуз шуданашон хомӯширо ихтиёр мекунанд

Нашр шуд

Тақрибан як сол пеш дар Тоҷикистон интернет-лоиҳаи "Ба ман нақл кун, хоҳар" пайдо шуд. Имрӯзҳо дар шабакаи иҷтимоии “Instagram” ҳикояҳои беноме дар бораи духтароне, ки замоне мавриди таҷовуз қарор гирифтаанд, нашр карда мешавад.  Муассиси он Елена Наҷмиддинова дар мусоҳибаи худ дар бораи он, ки чӣ гуна онҳо ин лоиҳаро роҳандозӣ карданд, чаро занҳои тоҷик одатан дар мавриди таҷовуз шуданашон сокит мемонанд ва то чӣ ҳад кори ин лоиҳа ба мардҳо таъсир мерасонад, ҳадс зад.


- Елена, оё Шумо боре мавриди таъқиби ҷинсӣ қарор гирифтаед?

  - Панҷ соли охир дар Ҳиндустон зиндагӣ мекунам. Хушбахтона, дар ин кишвар ба ман чунин ҳолат рух надодааст. Чароки дар ин кишвар ҳамеша эҳтиёт намуда, қоидаҳои осоишро риоя мекунам.

  Дар Тоҷикистон ба назарам, ҳамаи қазияҳои таҷовуз якранг мебошанд. Дар ин маврид як воқеаи ҳаяҷонбахшеро, ки ба ман рух дода буд, ба ёд овардан мехоҳам. Ман аз ҷониби ҷавоне, ки бо ӯ дӯстии хуб доштам, қариб озори ҷинсӣ медидам. Эҳтимол дар як лаҳза, дар сараш фикри баде ба вуҷуд омад. Вай аз ман робитаи маҳрамона хост. Ман ба ӯ хеле оромона ҷавоб додам: «Бубахш, аммо ман намехоҳам». Гумон кардам, ки ин муноқишаро бо забони оддӣ ҳал карда метавонам. Аммо вай чунин ҷавоб дод: «ман мехоҳам». Он гоҳ зуд аз он ҷо рафтам.То ҳол дар ёд дорам, ки он рӯз ӯ чӣ либосе ба бар карда буд. Чанд муддат ӯро дида наметавонистам ва барои ин кор худамро айбдор мекардам, гумон мекардам, ки соддадилона ва беэҳтиёткорона рафтор кардам. Баъдан ин эҳсосот аз байн рафт. Маълум шуд, ки ман ҳеҷ гуноҳе надорам, зеро ба он шахс эътимод доштам. Вай як дӯсти наздикам буд ва шояд аз эътимоди ман истифода бурдан хост.


- Чаро имрӯзҳо дар саҳифаи лоиҳа дар “Instagram” дар ин бора дигар маводҳои нав нестанд?

- Мо баъзе танаффус мекунем. Зеро на ҳар вақт қиссаҳои мувофиқро пайдо мекунем. Баъзан, ҳолатҳое мешавад, ҳикояеро мехонед, ки Шуморо сахт ба андеша мебарад. Яъне баъзе ҳикояҳоро паҳн карда намешавад ва агар паҳн кунед ба зарари кор аст. 

 Ҳоло, ҳикояҳо бисёранд ва мо ба зудӣ нашрро аз нав оғоз мекунем.

  - Ба фикри Шумо, лоиҳаи шумо метавонад қадре бошад ҳам ба мардҳое, ки таҷовузро як одати муқаррарӣ дар зиндагӣ медонанд, таъсир мерасонад?

- Ман фикр мекунам, ки таъсир мерасонад. Аммо ба шарте, ки онҳо ҳикояҳоро хонанд ва барномаҳоро тамошо кунанд. Саҳифаи мо – ин таблиғоти иҷтимоӣ дар мавриди пешгирии таҷовузкорӣ аст. Дар баробари ин, он характери тарбиявӣ низ дорад. Саҳифа - монанди барномаест, ки ба ҳалли мушкилоти ҷомеа на тавассути қонунҳо, балки тавассути дарк ва муносибати одамон ба мушкилоти таҷовуз нигаронида шудааст. Хубиаш дар он аст, ки дар он қиссаҳои воқеии ба духтарон рухдода, тасвир ёфтаанд. Ҳолати таҷовузкорӣ бо шумо новобаста аз синну сол, ҷойи зист, шуғл, вазифа, либоси зоҳирӣ метавонад рух диҳад.

 

- Ба фикри шумо, чаро дар Тоҷикистон таҷовузкорӣ ҳанӯз ҳам дида мешавад?

 - Ман дар ин бора тафсири худро дорам. Ҳамааш аз тарбия вобаста аст. Дар ҷомеаи мо нақшҳои гендерии дақиқифодашуда мавҷуданд, ки аз чорчӯби он берун баромадан мумкин нест. Вақте ки шумо аз он берун мебароед, ба маломати мардум дучор мешавед. Ҷомеаи мардумсолорӣ ба поймолкунии ҳуқуқ ва шаҳвоният (шаҳватпарастӣ) оварда мерасонад. Дар маркази ин ҳама ақидае мавҷуд аст, ки занон ва мардон баробар буда наметавонанд. Аз ин рӯ, шаҳвоният дар таҷовузкорӣ зуҳур меёбад. Шаҳвоният – ин эътиқод аст, таҷовуз - амал аст, яъне васеътар аз шаҳвоният. Ин - амал, тазоҳур ва рафтор нисбат ба шахси дигар аст.

- Оё тамоюли камшавии ин ҳолатҳо ба назар мерасад?

- Ба ин савол дақиқ ҷавоб додан ғайриимкон аст. Вале мехоҳам бовар кунам, ки ин ҳолатҳо камтар шуда истодаанд.

- Оё имкон дорад, ки виктимблеймингро, яъне сарзаниш кардани ҷабрдидаро рафъ кунем?

- Виктимблейминг (сарзаниш кардан) - ин айбдор кардани ҷабрдида аст. Агар мо бо он мубориза бурдан хоҳем, пас аввал бояд ба муносибати шаҳвонии мардон нисбати занон мубориза барем.

   Шаҳвонияти душманона – яъне вақте мегӯянд, ки занон ба ин кор сазовор нестанд, онҳо аз ҳад зиёд эҳсосотӣ мебошанд ва аз ин рӯ, аз рӯи мантиқи«занона» амал мекунанд.

  Ва боз шаҳвонияти хайрхоҳона ҳаст. Онро шинохтан душвор. Масалан, вақте ки кори вазнин ба марди ҳамкор фармуда мешавад.

  - Боре шумо гуфта будед, ки баъзан дар як рӯз то 15 қисса мефиристанд. Ҳангоми хондани онҳо шуморо чӣ эҳсос фаро мегирад?

- Одатан мардумон фикр мекунанд, ки ин қиссаҳои зиндагӣ маро рӯҳафтода мекунанд. Аммо дар асл чунин нест, зеро ман худ бисёр мушкилиҳои таҷовузро аз сар гузаронидаам, масалан, бисёр филмҳоро дар бораи зӯроварӣ ва таҷовуз тамошо кардаам ва ҳамчунин пайваста дар ин бора ҳикояҳову навигариҳоро мехонам. Масалан, дар Ҳиндустон таҷовузи гурӯҳӣ ин як ҳолати маъмулист ва он ҳар ҳафта рух медиҳад. Ман чунин ҳодисаҳоро ба дил наздик қабул намекунам. Вақте ки ин ҳикояҳоро мехонам, дар бораи қурбонии таҷовуз фикр мекунам ва кӯшиш мекунам, ки ба ӯ барои вазъияти баамаломадаро таҳаммул кардан ва аз он вазъият баромадан кӯмак кунам. Ман диққати худро ба беҳбудии рӯҳии духтарон равона мекунам.


- Ба фикри Шумо, чаро бештари духтарони тоҷик, ки таҷовуз шудаанд, сукут мекунанд?

- Чунки баъд худи онҳоро  айбдор мекунанд. Ин як ҳолати муқаррарӣ аст. Сабаби дигараш - онҳо метарсанд, ки шарманда мешаванд. Дар Тоҷикистон фарҳанги шарафу номус нигоҳ дошта мешавад. Яъне дар давлати мо ба шарафу номуси духтар таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда мешавад, ки он дар покӣ ва бакорати ӯ инъикос меёбад. Ва вақте ки як шахс ба покиву иффати ӯ даст мезанад, иззату обрӯ ва хонаводаи ӯро аз байн мебарад. Бинобар ин, барои онҳо дар бораи таҷовуз сухан кардан, шармовар аст. Умуман, дар ин бора ҳатто фикр кардан, нанг дониста мешавад. Ғайр аз ин, чунин ҳолатҳо дар доираи оила ҳал карда мешавад, чун онҳо намехоҳанд, ки ин мушкилотро ба мардум расонанд. Дар акси ҳол, касе бо ин духтар издивоҷ намекунад.

- Шумо ба онҳое, ки таҷовузро ҳолати муқаррарӣ мешуморанд, чӣ гуфта метавонед?

- Агар касе фикр мекунад, ки таҷовуз як ҳолати муқаррарист, бояд ба саҳифаи мо ворид шавад ва ин ҳикояҳоро бихонад. Агар пас аз ин ҳам ҳамон эҳсосот боқӣ монад, пас ӯ аллакай мушкилоти шахсии калон дорад.

- Дар оянда чӣ нақшаҳо доред?

- Ҳеҷ нақшаҳои бузурге надорем. Мо кори саҳифаро идома додан мехоҳем ва дар доираи он ба духтарон кӯмак намуда, имкон медиҳем, ки  садо баланд кунанд. Ҳамчунин, агар имконият пайдо гардад мехоҳем, ки чорабиниҳои гуногун ташкил намоем.


«Бояд ба пеш ҳаракат кард ва таслим нашуд»: Наргиза Ҳакимова доир ба сафар ба Русия ва хизматрасонии MigrantHelp




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед