Ru  | Tj
Фарҳод Ғаффорпур: «Моро аз оянда қарздор намуданд, то… »
Фарҳод Ғаффорпур: «Моро аз оянда қарздор намуданд, то… »
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Фарҳод Ғаффорпур: «Моро аз оянда қарздор намуданд, то… »

Нашр шуд

Ҳунарпешаи театр ва синамо - Фарҳоди Ғаффорпур 2-уми январи соли 1986 дар шаҳри Конибодом таваллуд шудааст. Хатмкардаи ДДСТ ба номи Мирзо Турсунзода (2004-2009) буда, то имрӯз дар зиёда аз 25 нақшҳои гуногун дар театр ва синамои тоҷик нақшофаринӣ кардааст. Нақшҳои офаридаи ӯ аз ҷумла Василий Василевич дар намоишномаи «Садои қу» (соли 2021), Одам ва Паканаи «Қобил» (соли 2018), Ҳамлети «Суди девонагон» (соли 2016), Диониси «Ваҳваҳабонувон» (соли 2015) аз ҳунари волои ӯ гувоҳӣ медиҳанд.

Фарҳоди Ғаффорпур нақшҳоро тавре иҷро мекунад, ки тавони бурдани бинандаро бо худ ба дунёи дигари образҳо, ба дунёи фикру андеша ва ба дунёи хубиву бадиро дорад. Ӯ ба тамошобин рӯҳу маъвои дигар бахшида, равиши афкорашонро тағйир медиҳад.

Чанде пеш ин ҳунарпеша дар намоишномаи овозадори "Садои қу" нақши меҳвариро иҷро кард, ки барои тамошобинон хеле писанд буд. Инак ин ҳунарпеша аз муҳаббат ба театр ва аз рӯзгору фаъолияти ҳанариаш ба хонандагони Halva.tj қисса кард.


Дар боби ҳунар

- "Асли ҳунар - худкуштану эҳёгарист" - гуфтааст шоир Гулрухсор. Шарҳи Шумо дар ин бора чист?

- Комилан бо ин устоди сухан мувофиқам. Барои офаридани як чизи арзишнок ҳунарманд (офаранда) вақт, қувва, эҳсос, асаб ва дар маҷамӯъ умр ё ба шакли дигар худро қурбон мекунад. Аз нестӣ ба ҳастӣ овардан ҳамеша ба ивази қурбонии гарон ба даст меояд.

- Таърихчаи ба театр ва синамо роҳ ёфтанатонро қисса мекардед?

- Аксари бачаҳои насли мо пас аз хатми мактаб ҳам ҳанӯз намедонистанд, ки кӣ шаванд? Ман аввал духтур шудан мехостам, баъд хулоса кардам, ки рӯзноманигор хоҳам шуд. Тасодуфан бо театр вохӯрдам. Фазои театр-студияи “Наврас”-и Юнусалӣ Эргашев бароям гуворотарин макон шуд. Дар ҳамин ҷо аз "вируси ҳунар" сироят шудам. Мо чор нафар (Ман, Ғайрат Қодиров, Фаррух Ваитов, Муҳиддин Музаффар) ҳама бачаҳои боҳуш бо чашмони кушода, дидаву дониста, ҳолу ҳаво ва сатҳи зиндагии ҳунармандони театри музофотиро дида, аз вазъи онвақтаи театрҳои кишвар ошно шуда, бе дудилагӣ хилофи ҳамаи маслиҳатҳои дӯстона ба донишкадаи санъат дохил шудем. Пас, аз он фақат як роҳ доштем: ба чӣ арзише набошад ҳам, бояд рушд кунем! Вагарна дидаву дониста худро ба “ин чоҳ” партофтан маъние надошт. Фаҳмидем, ки моро ба филм даъват нахоҳанд кард, синаморо омӯхтем ва филмҳо бардоштем. Дидем, ки касе бароямон оддитарин шароити корӣ муҳайё нахоҳад сохт, худамон аз паяш шудем.

- Ҳунари интихобкардаатон ба ҳаёти Шумо чӣ рангҳо бахшид?

- Ҳеҷ вақт зиндагиям якранг набуд. Замоне дар театр тамрин мекунам, замони дигар ба наворбардорӣ меравам, гоҳ рӯи саҳна, гоҳе пушти компютер, гоҳо дар сафар, гоҳо аз равзанаи нигоҳи як хирадманди бенаво ба зиндагӣ менигарам. Гоҳи дигар зиндагии як сарватманди бадбахтро дар саҳна нишон медиҳам. Мушкили ягонаам барои хонаводаам фурсати хеле кам меёбам.


Дар боби ҷавонӣ

- Дар забони ҳама мешунавем: "ҷавонӣ ноёб аст". Ҷавониро чӣ сон тараннум мекунед?

- Ба андешаи ман, ҷавонӣ ин ҳолати равонӣ аст ва синну солу саломативу ҳолати ҷисмонӣ масъалаи аввал нест. Пир аст ҳамоне, ки камтар аз 40 сол умр дида, мурғи дилаш мурда, ҳеҷ орзую умеде надошта бошад. Ҳамеша ба қафо нигарад, бо хотираҳо зиндагӣ кунад ва бовар намояд, ки «замон вайрон шудаасту гузашта беҳтар буд». Ҷавон аст оне, ки беш аз 60 сол умр диду ҳамоно андешаҳои ҷадид, нигоҳи тоза, нерӯи созанда ва барои оянда нақшаву орзуҳои зиёд дорад.

- Дар урфият мегӯянд, "сари кор мешиканад". Маълум аст, ки дар оғози кор ба сари ҳар навкор душворӣ пеш меояд. Шумо кадом зинаҳоро ва чӣ гуна пушти сар мекунед?

- Вақте ки мо сари кор омадем, ягона ва арзишмандтарин чизе, ки насли бузургсоли театр бо он моро пешвоз гирифтанд, ин муҳаббат ва имконият буд. Барои соҳиб шудан ба ҳар чизе, ки ҳоло дорем, на танҳо сарамон шикаст, балки ба мо ин таваккал ва озмуданҳову муборизаҳо дарси зиндагӣ ва ҳаёт дод.

- Дар саҳна он ташаббус ва ибтикороте, ки марбут ба театр аст, агар чун Шумо санъаткори ҷавон пешниҳод кунад, насли калонсол ба инобат мегиранд?

- Шукр, ки мо дар театр як фазои бисёр солим ва хеле монанд ба муносибатҳои хонаводагӣ дорем ва мисли модару фарзанд ва падару ҷигарбанд кору эҷод мекунем. Насли бузургсоли мо ҳамеша барои мо такягоҳ, соябон ва раҳнамо буданду ҳастанд.

- Ҳамчун санъаткори ҷавон вазъи соҳаи худатонро чӣ гуна баҳо медиҳед ва дар ин самт дастгирии моддиву молиявӣ дар кадом сатҳ аст?

- Як баҳои ман пурра ва дуруст буда наметавонад. Умедворам, ки рӯи театр ба сӯи беҳбудист, ҳарчанд бо суръати хеле суст.


Дар боби фаъолияти касбӣ

- Эҳсосоте, ки Шуморо бори нахуст дар саҳна фаро гирифта буд, кадомин аст?

- Ҳайрат? Намедонам, шояд ишқ? Ростӣ, намедонам, ки чӣ ном барам, чароки мактабхон будам. Дар маъракаи шаҳрии рӯзи модарон бояд як шеър мехондам. Барои обуранги бадеӣ додани қироати шеъри як хонандаи мактаб коргардони маърака - Юнусалӣ Эргашев ҳунарпешаи театр Истад Мамадҷоноваро ба саҳна баровард, ки ман гӯё ҷомаи домодӣ дӯхтани модарамро дар симои ӯ дида, шеърро хонам. Мо тамрин накарда будем ва ман он вақт Истад Мамадҷоноваро бори аввал медидам. Вақте ки ба «модари саҳнавиам» нигаристам, аввал чанд сония шах, баъдан ором, сипас шайдо ва ниҳоят зинда гардидам. Ман ҳеҷ гоҳ чунин чашмони саршори муҳаббатро надида будам. Пас аз солҳои зиёд Истад Мамадҷонова модари саҳнавии ҳамешагии ман шуданд. Берун аз саҳна ҳам эшонро модар мегӯям.   

- Ба ҷуз тамрину тамошо кардани саҳнаҳо ва баррасии онҳо боз бо кадом роҳ касбиятатонро рушд медиҳед?

- Роҳу востаҳои рушди касбият зиёданд ва талош мекунам, ки шаклҳои гуногунашро таҷриба кунам. Фикр мекунам, муҳим нест, ки шахс бо кадом восита сайқал меёбад, муҳим он аст, ки ҳамеша рӯ ба рушд бошад ва ҳар рӯз, ақаллан, як зина болотар барояд.

- Лаҳзае аз рафти иҷрои нақшофариатон, ки ҳеҷ гоҳ аз хотираатон пок намешавад, нақл мекардед?

- Қори Ишкамбаро ба як деҳи дурдаст бурда будем. Ҳама чизро гирифтем ба ҷуз аз саллаи калони Қорӣ - амак. Саллаи номдор ҷузъи муҳимми образи Қорӣ ва намоиш ба ҳисоб мерафт. Тамошобин ҷамъ шуда буд, на намоишро манъ карда тавонистем ва на онро ба таваққуф гузошта. Аз ҳар гуна латтапораҳо зуд «салла» сохта намоишро сар кардем. Ҳар гоҳ, ки ба Қорӣ-амак нигоҳ карда саллаи «аблаҳонаашро» медидам аз ханда худдорӣ карда наметавонистам. Салла, воқеан, ҳам аблаҳона буд ва аз ҳамин сабаб хандаамро дошта натавониста, беихтиёр дар саҳна низ дар оғози намоиш хандидам. Аз ин ҳол тамошобинон дар ҳайрат монданд. Оқбат идомаи намоишро боздоштем ва ман назди тамошобинон узрхоҳӣ намуда, сабаби хандаҳои идоранашавандаамро баён кардаму баъдан ором шудам. Ҳамин тавр он намоишро иҷро кардем, аммо он рӯз аз бадтарин иҷроҳое буд, ки то имрӯз аз он хиҷолат мекашам.

- Барои рӯнамоӣ кардани театри тоҷик тайёред, ки умри ҷавони худро бахшед?

- На! Намехоҳам бо овози баланд даъво кунам. Ягона чизе, ки медонам як соли охир шабу рӯз дар театр ҳастам ва ҳамроҳи тими театрамон нақшаҳои хеле зиёде дорем.


Дар бораи намоишномаи "Садои қу"

- Ба фикри Шумо, оё имрӯз ҳам ҳунармандоне, ки ҳаёташон ба Василий Василевич монандӣ дорад, вуҷуд доранд?

- Хеле зиёд. Сад соли пеш ҳам, ки асар навишта шуда буд, буданд, ҳоло ҳам ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд буд.

- Барои иҷрои нақши Василий чӣ гуна омодагиҳо дидед, мисол кадом асарҳоро хондед, чиҳоро тамошо кардед?

- Пеш аз ҳама бо Чехов аз наздик шинос шудам, хондам, дидам, шунидам, ошиқаш шудам. Асарҳои Шекспирро дубора хондам, аз дигар зовия назар кардам. Грибоедов ва Пушкинро варақ задам…

- Ба фикри худатон, дар иҷрои нақш ба ягон хатоӣ роҳ додед?

- Театр санъати зинда аст. Дар ҳар намоиш хатоҳои нав кашф мекунем. Дар намоиши дигар талош мекунем, ки ислоҳ шавем. То дар намоиши оянда ба шинохти хатоҳои нозуктар бирасем.

- Мӯҳтаво ва он сабку услубе, ки намоишнома дошт, ба зеҳниятсозии тамошобинон то чӣ андоза ҳисса гузошта метавонад?

- Пеш аз ҳама тамошобинро бо ҳунарманд ва сабку услубҳои гуногуни театрӣ ошно месозад. Баъдан, дар зеҳни тамошобин суолҳои зиёд эҷод мекунад ва зеҳнро чанд рӯзи дигар дар ҷустуҷӯи посухҳо такон дода, таҳрик медиҳад. Яке аз вазифаҳои театр ҳам ҳамин аст, ки суол ба вуҷуд оварад ва дар ҷараёни пайдо кардани посухҳо зеҳнро такон диҳад, таваҷҷӯҳро ба масъалаҳои муҳимми инсонӣ ҷалб кунад ва тамошобини нохудогоҳ ба сӯи худшиносӣ раҳ паймояд. Ба андешаи ман, «Садои қу» аз ҷумлаи он намоишҳое нест, ки «тарзи дурусти ҳаётро» ба соддагӣ баён кунад ва тамошобин ин «насиҳатро» пас аз чанд лаҳза аз ёд бубарад. Ин шакли намоиш ҳамон намуди таъсиррасонӣ ба зеҳн аст, ки худи тамошобин дар натиҷаи андеша кардан хулоса мекунад, ки чӣ гуна бояд амал кунад. Ва ниҳоят чунон амал мекунад, ки муаллиф дар аввал пешбинӣ кардааст.

- Дар шабакаҳои иҷтимоӣ Шумо ва ҳамкоронатонро "се қаҳрамони андешазо" унвон додаанд. Дар тақвияти ин гуфта ба қаҳрамонҳои "Садои қу" чӣ хел баҳо медиҳед?

- Нафаре, ки инро гуфтанд, муҳаббат карданд, меҳрубонишон беандоза аст. Моро аз оянда қарздор намуданд, то масъулиятро бо худ дошта бошем.

Сабринаи Назрӣ: Аз мухлисӣ ба Конор то маҳдудиятҳои шавҳардорӣ ва сохтакории аҳли шоу-бизнес


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед