Ru  | Tj
Иброҳим Усмонов: “Ҷомеа бояд аз матбуоти худӣ талаботашро қонеъ кунад, вагарна...”
Иброҳим Усмонов: “Ҷомеа бояд аз матбуоти худӣ талаботашро қонеъ кунад, вагарна...”
Аксҳо: Halva.tj

Иброҳим Усмонов: “Ҷомеа бояд аз матбуоти худӣ талаботашро қонеъ кунад, вагарна...”

Нашр шуд

Бахшида ба ҷашни 110-солагии матбуоти миллӣ бо профессор Иброҳим Усмонов перомуни вазъи умумии як соли охири мутбуоти кишвар, ҳолатҳои нигаронкунандаи он, кадрҳои соҳа, ҳақиқати ҷанги иттилоотӣ дар замони ҷаҳонишавӣ ва хатари кӯмакҳои байналмилалӣ ба соҳаи журналистикаи кишвар суҳбати хосе доштем.


- Устод, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва махсусан, рушди журналистикаи байналмилалӣ, журналистикаи тоҷик чӣ ҳолеро дар худ дорад ва бурду бохти як соли охири онро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Аз замоне ки журналистика ба зиндагии ҳамарӯзаи инсон пайваст, ҳар касе, ки ба воқеаҳои зиндагӣ бо таваҷҷӯҳи хос нигоҳ мекунад ва ҳар фарде, ки ба ҳаёти маънавӣ назари худро дорад, аслан зиндагии худро бе матбуот тасаввур карда наметавонад. Вақте ки система инкишоф, ёфт матбуот бо радио ва телевизион боз пурратар гардид, қабулкунандаҳои маводи журналистӣ афзуд. Новобаста ба интеллигенсия ё зиёи будан ё набудан, новобаста ба босавод будан ва набудан, таваҷҷӯҳ ба ахбор ва радиову телевизион зиёдтар шуд.

Баъди ба вуҷуд омадани интернет, ба ақидаи баъзеҳо, ҳамчун захираи ахбор, лекин ба ақидаи ман, ҳамчун василаи бисёр пурқувват ва хатарноки журналистика тақрибан ҳама ба ин соҳа пайвастанд. Ҳама гиранда ва дар айни ҳол ҳамаи гирандагон ба паҳнкунанда ҳам табдил ёфтанд. Имрӯз байни гирандаи ахбор ва паҳкунандаи он тафовути хеле кам мондааст.


Дар ин шароит, агар мо ба муҳити Тоҷикистон нигоҳ кунем, мебинем, ки одам моҳияти журналистикаро дуруст дарк карда наметавонад. Ҳукумати кишвар низ ба ҳамин ВАО, ки дар Тоҷикистон нашр мешавад, қонеъ аст. Оё хонандагон қонеъ ҳастанд ё не, рӯяш андеша бояд кард. Гумон мекунам, ки теъдоди воқеии хонандагон, шунавандагон ва бинандагони ВАО-и кишвар то рафт кам шуда истодааст. Миқдори хонандагони на танҳо рӯзномаҳои расмии Тоҷикистон, балки шахсӣ низ сол то сол коҳиш меёбанд ва рӯзномаҳои шахсӣ ҳам хонандагони худро қонеъ карда наметавонанд. Яъне, он чизе ки онҳо инъикос мекунанд, ҳанӯз ҷавобгӯ ба талаботи хонандагони оддӣ нест. Чӣ ҳоҷати интеллигентсия.

Дар радиоҳои ҳукуматӣ ва шахсӣ ҳам, тақрибан, ҳамин ҳолат аст. Дар телевизиони мо вазни эстетика, яъне таблиғи шеър, таблиғи суруд ва рақс аз ахбор ва матолиби таҳлилӣ зиёдтар шудааст. Ман гумон намекунам, ки ин ба манфиати ҷомеа бошад. Албатта, эстетика барои ҳолати муайяни рӯҳияи инсон фоида дорад, албатта эстетика то дараҷае ба тарбияи инсон муфид аст, вале бояд худи тарбия дар матбуот рӯирост бошад. Бояд матбуот вазифаи тарбиявиашро рӯирост иҷро кунад. Яъне рӯирост муносибатро ба воқеаҳо бояд ифода кунад. Дастгирӣ кардан ё накардани ҳолатҳое, ки дар дохил ва ё хориҷи мамлакат рух медиҳанд, ба гирандагон мавқеи равшан диҳад, то онҳо роҳгум назананд.

- Норасоиҳои ҷиддии ин фазо кадомҳоянд?

- Айни ҳол дар ВАО-и кишвари мо идеал нест. Насли ҷавон бояд бо кадом идеал калон шаванд? Агар бошад ҳам ба ҳадде кам, ки одам таъсири онро эҳсос намекунад.

Ҳолати дигаре, ки дар ВАО ба вуҷуд омада истодааст, як гуфтаи маро дар аввалин рӯзҳои пайдоиши интернет ё журналистикаи ба истилоҳ электронӣ тасдиқ ва пурқувват мекунад: интернет ин василаи хатарноктарини ВАО аст.

Сухан дар бораи он аст, ки якто ҳам блогере мавҷуд нест, ки барои таъриф кардани зиндагии дохилӣ ва барои гуфтани ҳақиқати дохилии зиндагӣ хизмат кунад. Барои блогерон чизи асосӣ, он аст, ки баҳс ба вуҷуд оварда шӯру иғво меангезанд. Яъне норозӣ мекунанд ва инсонро ба тарафи дигар мекашанд. Пас, журналистикаи интернетӣ аз журналистикае, ки ба воситаи коғазу сухану акс дар дохили мамлакат пайдо мешавад, куллан фарқ дорад.


Ман боварии комил дорам, ки дар мамлакатҳои тараққикардаи капиталистӣ, ба мисли ИМА, Олмон, Фаронса, Англия, Ҷопон блогҳои интернетӣ ба муқобили воқеаҳои дохилии мамлакаташон пахш намешаванд, ё агар пахш ҳам шаванд, ниҳоят кам ҳастанд. Блогҳо барои танқиди беруниҳо кор мекунанд, яъне барои баҳо додан ба амали беруниҳо. Гӯё нерӯҳои ҷаҳонӣ интизор ҳастанд, ки кай дар мамлакатҳои ақибмондаи дунё, фарз кардем, дар мамлакатҳои ба истилоҳ тамаддуни исломӣ як воқеае ба вуқӯъ пайвандад, ки дар атрофи он ҳаёҳуй барпо кунанд.

Як мафҳуме ба вуҷуд омад, ки мубаллиғи асосии он блогерҳо ҳастанд. Ин мафҳуми “арзишҳои аврупоӣ” аст. Инсон аз инсон бо чӣ фарқ мекунад? Бо арзишҳои аврупоию осиёӣ, африқоиву амрикоӣ ё ба ақлу фаросати ҳар фард. Яъне кадомаш асосӣ аст? Чаро бояд яклухт гӯем, ки Аврупо арзиши баланди иҷтимоӣ дорад ва бо ҳангома гӯем, ки мамлакатҳои дигар ин арзишро надоранд? Бинобар ин, дар ин ҳолат ВАО ба манфиати мо хизмат карда натавониста истодааст. Дар шароити ҷаҳонишавии ВАО мавқеи ВАО-и мамлакатҳои чун Тоҷикистон, яъне мамлакатҳои миёнаҳол ё аз миёна поёнтар бисёр заиф гардида истодааст. Гапи моро ҳеҷ кас намешунавад. Суханамонро мо худамон ба худамон мегӯем ё аз берун дигарҳо барои мо мегӯянд, аммо сухани мо ба ҷойи дигар намерасад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ин албатта ба манфиати ин миллат ва халқҳо буда наметавонад ва онҳое, ки дар хориҷ истода дар бораи Тоҷикистон гап мезананд, гумон намекунам, ки сухани хубе дар бораи ин сарзамин ба халқи тоҷик мегуфта бошанд. Онҳо бештар дар атрофи баҳсҳои дохилӣ суҳбат мекунанд, на баҳсҳои глобалие, ки барои халқи тоҷику миллату давлати тоҷик манфиат дошта бошанд. Яъне моро ба он шакле, ки мо мехоҳем, таблиғ карда наметавонанд. Ман публитсистонро аз ин моҷаро истисно мекунам. Сухан аз блогер – журналистоне меравад, ки аслан ба ВАО ҳеҷ иртибот надоранд.

Вазъияти умумии журналистика дар дохили мамлакати мо, он аст, ки мо ҳатто воқеаҳои берунаи дунёро ба он шакле, ки ба халқи мо фаҳмо бошанд, таблиғ накарда истодаем. Ин маънои онро дорад, ки дар журналистикаи мо мавзӯе, ки барои ҷомеа мо, халқи мо ва ба сатҳи зиндагии маънавии тоҷик мувофиқ буда, инъикос наёфта истодааст.

- Пас, дар ин масъала кадрҳои журналистӣ муқассиранд?

- Мо барои тайёр кардани журналистон мактаби олии бисёре дорем ва ин мактабҳои олии мо муаллимони хубе ҳам доранд. Лекин дар қатори ин боз муаллимоне ҳастанд, ки худашон журналист нашудаанд. Баъзе муаллимон на тафаккури журналистӣ ва на тафаккури илмиву эҷодии журналистиро доранд. Ҳол он, ки муаллими журналистика ҳам аз нигоҳи илмӣ ва ҳам аз нигоҳи касбӣ бояд қавӣ бошад. Чизеро, ки барои донишҷӯ мегӯяд, худаш карда тавонад. Яъне донишҷӯ аз ҷиҳати фаннӣ низ бояд устодашро шиносад. Аксари мактабҳои олӣ, махсусан онҳое, ки берун аз шаҳри Душанбе ташкил шуда истодаанд, ин талаботро қонеъ кунонида наметавонанд. Ман далели барҷастаи инро дар ду чиз мебинам. Якум, дар матбуот, радио ва телевизион мо, чӣ давлатӣ ва чӣ шахсӣ образи мусбат тақрибан аз байн рафт. (Ман албатта портретро дар назар дорам) Дар матбуот симои муаллим, духтур, деҳқон, коргар ва сиёсатмадори хуб нест. Ман боварӣ дорам, ки аксарияти кулли он нафароне, ки дар ВАО кор мекунанд, дар мавзӯи истеҳсолӣ чизи хуб навишта наметавонанд. Агар гӯед, ки раву дар бораи НБО “Роғун” навис, дар бораи он чизе, ки воқеан сохтмони ин нерӯгоҳро ифода мекарда бошад, навишта наметавонанд. Дар мо хусусияти информативии ВАО зиёд шудааст. Хориҷиҳо кишварҳои пасошӯравиро танқид кардан мехоҳанд, ки гӯё дар инҷо ба пропаганда машғуланд, на ба навгонӣ. Дар ин замина агар воқеаҳои имрӯзаи дунёро нигоҳ кунем, фарз кардем дар масъалаи воқеаҳои имрӯзаи Украина ва Русия ё Русия ва Амрико хабар аҳамияти пропогандистӣ пайдо карда истодааст. Пас ВАО бе таблиғ вуҷуд дошта наметавонистааст. Ҳамон чизеро гуфта истодаанд, ки ба манфиати ВАО-и ҳамон гӯянда хизмат мекунад. Аммо он чизеро, ки ҳақиқатро ифода мекунад, агар ба манфиати умумии онҳо зид бошад, намегӯянд. Хонанда, шунаванда ва бинанда наметавонад, ки ҳақиқати он воқеаҳоро дарк кунад ва дар натиҷа муқобилгузории мамлакатҳо ба вуҷуд омада, буҳрони зидди мамлакатҳо ба миён меояд. Яъне таблиғи некӣ, ки мо пештар ба он диққат медодем пропаганда муаррифӣ шуда, аз журналистика берун шуда истодааст.


Албатта таблиғи арзишҳо низ муҳим аст. Фарз кардем, вақте дар бораи маданияти аврупоӣ сухан равад, бояд бо ифтихор дар бораи маданияти тоҷикӣ низ сухан гуфт. Чаро мо бо ифтихор дар бораи маданияти Шарқ ё мусалмонӣ гап назанем? Гузаштагони мо дар ин масъала чӣ камбудӣ доштанд? Бинобар ин, масъалаи таблиғи анъана, рӯҳ ба мақсади миллӣ дар воситаи ахбор буданаш даркор аст. Мо бояд як чизро дарк кунем, ки ҷомеа агар талаботи худро ба воситаи ВАО қонеъ кунад, ин маънои онро дорад, ки ҷомеа ба ҳукумат ва давлатдорӣ наздик мешавад. Ҷомеа бояд аз матбуоти худӣ талаботашро қонеъ кунад ва агар ин гуна нашуд, аз матбуоти беруна талаботашро қонеъ мекунад. Дар ин ҳолат ҷомеа аз ҳукумати худаш ва халқи худаш дур мешавад.


Тоҷиконе, ки дар берун аз Ватан дар бораи Тоҷикистон менависанд, ҳеҷ гоҳ таҳлили аниқ надоранд. Онҳо одатан эҳсоси дар як лаҳза бавуҷуд омадаи худро менависанд. Албатта, дар байни онҳое, ки дар хориҷанд, беҳтарин журналистони тоҷик низ ҳастанд, ки ман дар бораи навиштаҳои таҳлилдори онҳо сухан гуфтанӣ нестам, сухан дар бораи аксарияти кулл меравад.


- Дар илми журналистика чӣ камбудиҳоро мушоҳида мекунед. Рисолаҳои номзадӣ чӣ арзише доранд?

- Бароям дарки ҳолати илми журналистика дардовар аст. Мутаассифона, аксарияти кулли онҳое, ки имрӯз рисолаи номзадӣ навишта истодаанд, ақаллан ду китобе бо забони русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, ҷопонӣ ва ё ғайра дар бораи илми журналистика нахондаанд ва илм не, тадқиқ не, балки кӯшиши истифодаи кадом як чизи дигаре дар навиштаи онҳо ҳис мешавад. Инро ман албатта илм гуфта наметавонам. Одитарин чиз ин даъвои жанри тадқиқоти журналистӣ аст. Агар журналистика аз хабараш сар карда, то охирин нуқтае, ки дорад, тадқиқ надошта бошад, ҳеҷ чизе нест. Яъне, журналистика худ пурра тадқиқ аст ва ҳоҷате ба ин жанр нест.

Гарчанде имрӯз рӯзномаи “Бухорои Шариф” ба Тоҷикистон оварда шуд, вале ҳоло панҷ мутахассисе надорем, ки ақаллан нисфи ин рӯзномаро хонда бошад. Мо дар бораи ин рӯзнома ба ғайр аз он суханҳое, ки устод Айнӣ гуфтаанд, сухани дигаре гуфта наметавонем. Таъкид мекунам, ман дар бораи журналистика гуфта истодаам, на дар бораи адабиёт, ки “Бухорои Шариф”-ро ҳамчун манбаъ истифода мекунанд.


Мутаассифона, имрӯз дар илми журналистика камбудиҳои зиёд ба чашм мехӯранд. Танҳо дар мавзӯи одоби журналистӣ 4-5 корҳои илмӣ анҷом дода шудааст. Яъне, як мавзӯе, ки ба мо писанд аст, дар атрофаш гап задан мехоҳем. Тасаввур кунед, ин мавзӯъ ба ин ҳад гапи зиёди гуфтанӣ дорад?

Чаро? Чунки иддаи зиёде аз онҳое, ки ба илм роҳбарӣ мекунанд, аз журналистика чизе намефаҳманд ва талош доранд, аз олимони журналистика ба манфиати худ, ҳамчун ёрдамчӣ, истифода кунанд, фикри худро бор карда бошанд. Дар натиҷа, илми журналистикаи мо ба ҷои пеш рафтан, оқиб меравад.

- Дар ҳамин ҳол, кӯмакҳои молии созмонҳои байналхалқӣ ва сафорату ташкилотҳои хориҷиро дар соҳаи журналистикаи кишвар чӣ гуна арзёбӣ мекунед ва дар ҳамин замина суд ё зиёнашро бозгӯ мекардед?

- Ҳеҷ кадом созмони байналхалқӣ, ки дар Тоҷикистон ба журналистика ёрирасон аст, ба масъалаи эҷодии журналистӣ алоқаманд ва пайваст нест. Пас, онҳо чиро меомӯзонанд? Чӣ гуна журналист ҳуқуқи худашро, рӯзномаашро аз ҳукумат муҳофизат карда тавонад, чӣ гуна ба мақомҳои ҳуқуқӣ истодагарӣ кунад ва ба ҳамин монанд. Ва ё онҳо чӣ гуна дар бораи ҷинояткорӣ навиштанро меомӯзонанд. Яъне, онҳо журналистро ба манфиати худ истофода бурдан мехоҳанд.


Бинобар ин, агар нигоҳ кунед, гӯё мавзӯи аз ҳама шавқовартарин дар ВАО мавзӯи мубориза ба муқобили ҷинояткорист. Дар ин ҳолат фикри журналист дар он мешавад, ки кай дар куҷое ҷинояте шавад, ки ӯ дар бораи он бинависад. Бояд грантдиҳандаҳо, агар воқеан мақсади ёрӣ расонидан дошта бошанд, дар масъалаи эҷод ба журналистон кӯмак кунанд. Онҳо зери қолабҳои “журналистикаи рақамӣ” ба журналистон тарзи хабарро чӣ гуна руст карда, паҳн намуданро меомӯзонанд. Ин ба журналист чӣ дахл дорад? Мо ба журналист ҷосусӣ намеомӯзем-ку. Дар шакли рақамӣ руст кардану дар шакли рақамӣ кушодани маълумот ба фаъолияти журналистӣ чӣ дахл дорад?

Агар ба меъёрҳои байналхалқии журналистӣ нигоҳ кунем, се амалро бояд асос гирем. Журналист ҳақ дорад, бидуни иҷозаи пешакӣ ба ҳар кишваре, ки хоста бошад, биравад, албатта бо ҳуҷҷати журналистиаш, маводи ҷамъкардаашро ҷамъ кунад ва он хабар ва ақидаро ба шакли хаттӣ, овозӣ ё наворӣ паҳн кунад. Ташкилотҳои кӯмакрасон бояд ин масъаларо ба назар бигиранд.

- Ин ҳолат журналистикаи моро ба куҷо мебарад?

- Имрӯз дар байни ҷанги иттилоотиву ҷанги воқеӣ журналистикаро на ҳамчун василаи озоди паҳнкунии ақидаҳо қабул доранд, балки ҳамчун ғуломи дастнигари ин ё он гурӯҳи сиёсӣ мепиндоранд ва аз амалкардҳои он истифода бурдан мехоҳанд. Яъне, журналистикаро ҳамчун силоҳ истифода бурдан мехоҳад ва озодии аслии журналистикаро талоши аз байн бурдан доранд. Агар журналист ба маънои фаъолияти сиёсӣ кор кунад, онро пропаганда мегӯянд ва пропаганда дар назари онҳо давлатдорӣ аст. Вале журналист мустақил набошад ва фикри худро баён карда натавонад, агар ба воситаи хабар ё мақола як идеяро таблиғ накунад, пас дигар чӣ вазифа дорад ва ба чӣ лозим аст?

Бинобар ин, тамоми кӯшишҳои паст бурдан ё поён андохтани мавқеи журналист, ё аз таваҷҷӯҳи эҷодӣ дур кашидани ӯ танҳо як мақсад дорад, ки онро ба сифати дастнигар истифода бурдан аст. Дар шароити имрӯзаи дунё Тоҷикистони мо ҳам, хоҳу нохоҳ ба ин ҳалқа гирифтор шудааст ва бинобар ин, кишвар бояд кадрҳои пурқуввати журналистӣ омода созад.

- Воқеаҳои марзӣ бо Қирғизистон дигарбора аз ҷанги иттилоотӣ дарак дод ва аҳамияти онро собит сохт. Вале аксари журналистон ва ҳатто коршиносон гуфтанд, ки Тоҷикистон ҷанги иттилоотӣ бо Қирғизистонро бохт. Устод, ба андешаи Шумо ҷанги иттилоотӣ бояд чӣ гуна бошад ва дар масъалаи болозикр оё Тоҷикистон бурду бохте дошт?

- Ман каме дар бораи ҷанги иттилоотӣ фикри дигар дорам. Пеш аз ҳама журналист журналист аст. Ду журналистро бо ҳамдигар ҷанг андохта, онро тамошо кардан бароям бад аст. Он ки ҳамчун журналист манфиати давлати худро бояд ҳимоя кунад, ин ҳатмӣ аст. Агар мо бе гуфтани набард, бе талоши иттилоотӣ гӯем, ки журналистони мо мутаассифона, вазъи имрӯзаи Тоҷикистонро дуруст таблиғ карда натавониста истодаанд, дарк мекунам, ки ин чӣ маъно дорад. Лекин мо агар гӯем, ки нисбат ба журналистони мо журналистони қирғиз зур баромада истодаанд, инро дуруст дарк карда наметавонам. Ё баръакс фарз кардем, ки мо журналистони қирғизро шикаст додем. Дар масъалаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон барои хонандаи миёна на қирғизҳо чизи сазоворе доданд ва на мо. Ман хонандаи миёна гуфта онҳоеро дар назар дорам, ки ба мавзӯи Тоҷикистону Қирғизистон таваҷҷӯҳ мекунанд ва хостори ҳалли ин масъала мебошанд. Яъне ҳадаф ғолиб омадан дар ҷанги иттилоотӣ нест, ҳадаф ҳал кардани масъала аст. Ҳалкунандаи масъала ин ҳукумат ва мақомҳои давлатӣ аст. Бинобар ин, мо бояд ба он талош кунем, ки масъаларо ба манфиати ҳақиқат, ба манфиати Тоҷикистон ҳал кунем ва дар ҳамин кор агар ВАО-и мо ба ҳукумат ёрдам карда тавонад, пас дар ин масъала рисолати хешро иҷро кардааст.


- Баъзе коршиносон мегӯянд, ки расонаҳои ҷаҳонӣ аз манбаъҳои қирғизӣ бештар истифода кардаанд ва аз ин рӯ, моро дар ҷанги иттилоотӣ мағлуб медонанд. Назари Шумо чист?

- Ҷаҳон дар ин масъала ягон сухани ҷиддие нагуфтааст, албатта барои ҳалли масъала. Ҷаҳон ҳавасманд аст, ки дар Қирғизистон ҳам, дар Тоҷикистон ҳам ва дар дигар кишварҳо низ иғво шавад. Онҳо мехоҳанд, ки Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳамдигар ҷанг кунанд. Муҳим мо бояд халқро бо ҳамдигар наздик биорем, на иғво андохта онҳоро бо ҳам ҷанг андозем. Журналистони боақли Қирғизистону Тоҷикистон ба мардум бо оромӣ ин масъаларо фаҳмонанд, ки бояд ин мушкилӣ бо роҳи ғайриҷангӣ ҳал шавад. Иғво кардан кори аз ҳама осон аст ва онҳое, ки иғво мекунанд, аслан блогерон ҳастанд.

Ягон блог ва блогерҳо ба манфиати ҳаёти дохилии мамлакати худ хизмат намекунанд, аз ҷумла блогерони қирғиз ҳам. Онҳо низ ба дастнишондодаҳои берунаи худ хизмат мекунанд ва барои онҳо инҷо як майдони тамошо бавуҷуд меоранд. Ҷанги иттилоотӣ ин васваса аст. Ҷанги иттилоотиро мамлакатҳое бофта бароварданд, ки худ зӯр ҳастанд ва дигарҳоро ба ҷанг андохта, аз он истифода мекунанд. Мо ин гуна қудрату ин гуна имкониятро надорем, моро ба ҷанг меандозанд ва аз ин рӯ, мо бояд худро аз ин ҳолат канор гирем.

- Дар охир барои миллати тоҷик ва журналистони миллии мо чӣ таҳният доред?

- Дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ, ҷашни хосаи матбуоти худ ҳамаи ҳамкасбонро, ки ба журналистика машғул мебошанд, ҳамаи онҳоеро, ки ба журналистика майл ва шавқ доранд, ба муносибати ин ҷашн самимона табрик мекунам. Ид муборак.



Ҳабиб Баҳриддинов кист ва бо стендапҳояш ба мардум чӣ гуфтан мехоҳад?


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед